ДИЁРЕ, КИ СОЛХӮРДАГОНРО ЭЪЗОЗ МЕНАМОЯД

Ба як гурӯҳ собиқадорони Театри драмаи академии миллии пойтахт нишони сарисинагии «Меҳнат фахрийси», ки бо ташаббуси Президент таъсис гаштааст, супурда шуд.

Ин маросим ба таври тантанавӣ баргузор гардида, собиқадорон, аъзои роҳбарият ва шӯрои шафоати сандуқи «Нуроний», сенаторон, депутатҳо, намояндагони вазорат ва идораҳо, ташкилотҳои эҷодӣ ва ҷамъиятӣ, пиронсолон, ҷавонони фаъол иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Шӯрои шафоати хазинаи «Нуроний» А.Абдуҳакимов, раиси идораи хазинаи «Нуроний» Ш.Ҷалилов таъкид карданд, ки дар диёрамон ба солхӯрдагон эҳтиром ба ҷо оварда, ҳамеша аз онҳо дилбардорӣ намудан дар маркази диққати доимӣ аст.
Фармони Президент аз 28 декабри соли 2016 «Дар бораи чорабиниҳои боз ҳам такмил додани фаъолияти хазинаи дастгирии  иҷтимоии собиқадорони Ӯзбекистон «Нуроний» дар ҳаёти пирони мамлакат давраи навро оғоз намуд. Аз моҳи феврали соли 2017 бо пули нақд додани нафақа қатъиян роҳандозӣ гардид. Аз моҳи январи соли ҷорӣ бошад, ба нафақагирони бо меҳнат машғул аз нафақапулии худ низ пурра баҳраманд гардиданд. Ба солхӯрдагон нафақаро ҳангоми ҳисоб намудан на аз 8 баробари ҳадди ақалли маоши пешин, балки дар асоси 10 баробари ҳадди ақалли музди меҳнат пардохт намудан қарор гардид.
Барои пиронсолон дар ҳудудҳои мамлакат «Маскани нурониён» бунёд мегардад. То имрӯз аз 200 маскане, ки мадди назар буд, 130-тоаш сохта, ба фаъолият шурӯъ намуд.
Дар асоси қарори дахлдори Президент онҳое, ки дар истеҳсолот, хоҷагии қишлоқ, таълим, илм, санъат, тиббиёт, ҳуқуқшиносӣ ва дигар ҷанбаҳо солҳои зиёд меҳнат кардаанд, инчунин онҳое, ки дар корхона ва ташкилотҳо кор накарда, барои таъмин намудани мустаҳкам гардондани оила, аз ҳар ҷиҳат баркамол тарбия намудани фарзандон ва ба воя расондани онҳо хидмат карда, дар ҳаёти маҳалла ҳиссаи муносиб гузоштаанд – гурӯҳе аз ин гуна ҳамдиёронамон солҳои 2017-2018 бо нишони сарисинагии дараҷаҳои I, II ва III «Меҳнат фахрийси» қадр карда шуданд. Ба онҳо мукофотпулӣ ва савғот тақдим гардид.
Имсол низ ин анъанаи нек давом дода шуда, бисёр ҳамватанонамон ба нишони сарисинагии «Меҳнат фахрийси» муносиб дониста шуданд. Дар ҷамъомад ин нишони сарисинагӣ, мукофотпулӣ ва ҳадяҳо ба таври тантанавӣ ба соҳибонаш супурда шуданд.
Дар сафи тақдиргардидагон мушовири вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, генерал-полковник  Зокирҷон Алматов низ ҳаст, ки ба хотири оромии диёр аз ҳаловати худ гузаштааст.
– Меҳнати собиқадорон, ҷонфидоии онҳо чунин эъзоз мегардад, ки ман аз ин хеле хушҳолам, – гуфт З.Алматов. – Дар диёре, ки пирони худро эҳтиром менамояд, баракаву файз ҳамеша мавҷуд  аст. Барои боло бурдани маънавияти ҷавонон, аз поймолсозии ҳуқуқ, ҳар гуна ҳолатҳои нохуш ҳимоя намудани онҳо имрӯз ҳама масъул аст.
Қаҳрамони Ӯзбекистон Исохон Баҳромов роҳбари хоҷагии фермерии «Сайидносирхон»-и ноҳияи Ангори вилояти Сурхондарё аст. Умри ӯ бо деҳқонӣ гузашта, аз замин чӣ гуна ҳосили зиёд гирифтанро хуб медонад. Бино бар гуфтаҳои Исохонота, бо чунин нишони сарисинагӣ мушарраф гардидани намояндагони соҳаҳои гуногун аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Президентамон нисбати солхӯрдагон эътибори беҳад зиёд медиҳад.
Алмосхон Аҳмадова, ки солҳои зиёд мероси эҷодии шоири маҳбуби халқ Ғафур Ғуломро мисли гавҳараки чашм ҳифз намуда, баҳри дар байни ҷавонон тарғиб намудани он ҳиссаи зиёд мегузорад.
– Ман хеле бахтиёрам, дар диёре зиндагӣ мекунам, ки дар он маданият ва санъат хеле равнақ ёфта, ба ҷавонон ғамхорӣ ва ба солхӯрдагон меҳр зиёд аст, – мегӯяд Алмосхон Аҳмадова. – Дар диёрамон меҳнати ҳалол мояи фахр гардида, қадр меёбад, ки ин насли калонсолро хеле мамнун месозад.
Мусиқии шӯх садо медиҳад. Модарони чун фариштаамон ба рақс медароянд ва ин ба толор гӯё файзи бештар мебахшад. Дар поёни ҳамоиш дар иҷрои устодони санъат барномаи мусиқӣ намоиш дода шуд, ки манзури ҳозирон гардид.

Назокат УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: