ДИЁРИ БОНУВОНАШ ФАЪОЛ – ОЯНДАДОР

Дар таҷрибаи давлатдории мо масъалаҳои бонувон, оила ва бача аз масъалаҳои аввалдараҷа буда, хусусан, баҳри ҳимояи манфиатҳои занону духтарон аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ базаи мустаҳками қонунгузорие офарида шудааст, ки ба стандарт ва талаботи байналхалқӣ хос мебошад.

Дар таҷрибаи давлатдории мо масъалаҳои бонувон, оила ва бача аз масъалаҳои аввалдараҷа буда, хусусан, баҳри ҳимояи манфиатҳои занону духтарон аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ базаи мустаҳками қонунгузорие офарида шудааст, ки ба стандарт ва талаботи байналхалқӣ хос мебошад. Дар се-чаҳор соли охир, дар шароити ислоҳоти нави демократӣ баробари базаи ҳуқуқӣ базаи институтсионалӣ низ ташаккул ёфт. Дар ин самт қонунҳое қабул гардиданд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамоҳанганд. «Дар бораи кафолатҳои ҳуқуқ ва имкониятҳои барои мардон ва занон баробар», «Дар бораи ҳифзи бонувон аз тазйиқ ва зӯроварӣ» барин қонунҳо ба ин мисоли равшан шуда метавонанд. Дар ин ҳуҷҷатҳо аз рӯйи такмили сохтори ноил шудан ба баробарии гендерӣ як қатор чораҳои амалӣ муайян карда шудаанд.
Дар вазъияте, ки Ӯзбекистони нав ба зинаҳои баланди тараққиёт қадамҳои қатъӣ мегузорад, эътибор ба масъалаҳои занону духтарон ва тарбияи авлоди ҷавон ба давраи нав ворид гашт. Баробари он ки муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ баҳри пешбурди мамлакат ва шукуфоии он шиддат меёбанд, бонувони мо нафақат дар оила, ҳамчунин дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ, пойдорсозии асосҳои иқтисодии кишвар ҳарҷониба худро нишон медиҳанд.
Фармони Президент «Дар бораи чораҳои дастгирии занону духтарон ва куллан такмил додани фаъолияти институти оила» ва дар доираи он қабул шудани як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим, айни замон, зуҳуроти тоза дар таҳкими базаҳои ҳуқуқӣ дар соҳа буда, дар онҳо нисбати ҳуқуқи бонувон дар соҳаҳои меҳнат ва пенсия, таъмини баробарии гендер ва масъалаҳои дигари ба манфиатҳои ҷинси латиф ҳамоҳанг кафолатҳои тамоман нав муайян карда шудаанд.
Масъалаҳои долузарби ташкил кардани бизнеси бонувон, кӯмак ба онҳо дар пешбурди ғояҳои тиҷоратӣ, дастгирии ҳарҷонибаи занҳое, ки муддатҳои тӯлонӣ ба тарбияи кӯдак банд шуда, аз нигоҳи иқтисодӣ ночоранд, ташкили касбомӯзӣ ва ба шуғл фаро гирифтани онҳо батадриҷ ҳаллу фасл мегарданд. Занону духтарон, ки ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ, ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ пуштбон доранд, ҳарҷиҳата фаъол гашта, дар ҷамъият мавқеи худро мустаҳкам менамоянд. Миқдори бонувоне, ки ба соҳибкорӣ ҷалб шудаанд, торафт меафзояд. Ду сол қабл шумораи фермерзанҳоямон 8105 нафарро ташкил карда бошад, бинобар офарида шудани шароитҳои қулай дар соҳа ва пуштбонӣ ёфтани бонувон ин рақам дар рӯзҳои мо болотар меравад. Дар ташкили корҳои боғдорӣ, токпарварӣ, пахтакорӣ, сабзавотпарварӣ ва парвариши чорво фермерзанҳоямон чун боғбон, деҳқон, чӯпонҳои соҳибтаҷриба худро нишон дода, ба комёбиҳо ноил мегарданд.
Масъалаи дастгирии бонувон ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шуда, онҳо мавриди ғамхориҳои доимианд. Дар дараҷаи парлумонӣ мавриди муҳокима қарор гирифтани масъалаҳои бонувон ва оила, айни замон, воқеаҳои муҳиманд. Дар Сенат кумитаи алоҳида, дар Палатаи қонунгузорӣ бошад, фаъолияти комиссияи алоҳида ба роҳ гузошта шудааст. Дар масъалаи баробарии гендер бошад, комиссияи ҷумҳуриявӣ фаъолияти худро ба роҳ гузоштааст. Занону духтарони мо дар симои Вазорати маҳалла ва дастгири оила, ки солҳои охир ташкил ёфт, низ пуштбони худро мебинанд.
Таҳаммул, андеша, ҳаё ва ибо аз фазилатҳои азалии халқи мо, хусусан, занҳои боимони мост. Айни замон ба бонувонамон ҷасорат ва мардонагӣ хос буда, онҳо дар рӯзҳои мо аз тариқи минбарҳои баланди ҳокимият ва идоракунии давлатӣ сухан ронда, мақсад ва муддаои худро баён карда метавонанд. Алъон наздик 25 фоизи аъзои Сенат, 32 фоизи депутатҳои Палатаи қонунгузориро занону духтарон ташкил менамоянд. Ин аз фаъолнокии ҷинси латиф, тағйирёбии стериотипҳои мавҷуда дарак медиҳад. Навъе дар боло ишора карда гузаштем, дар мамлакатамон ҷиҳати идоракунии корҳои давлатию ҷамъиятӣ, ҷараёнҳои интихоботӣ, дар соҳаҳои нигоҳдории тандурустӣ, таълим, илму фан, маданият, меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ва соҳаҳои дигари ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ баробар иштироккунии мардҳо ва занон бо асосҳои ҳуқуқӣ кафолатнок гардонда шудааст.
Дар ташкил ва пешбурди корҳои маънавию маърифатӣ ва илмӣ низ нақши бонувон торафт эҳсосшаванда мегардад. Беҳуда намегӯянд, модар – аввалин устод, зан – тарбиятгари миллат. Фаъолзанҳои ҷамъияти мо, аз ҷумла, заноне, ки ба илм машғуланд, муносиб рағбатонида мешаванд. Муҳаққиқзанонро иттиҳодияҳои ҷамоатӣ низ ҳамеша такягоҳ. Аз ҷумла, дар сарҷамъсозӣ ва ҳимояи манфиатҳои олимзанҳо ва ҷӯяндагони илм аз зумраи занону духтарони Иттиҳодияи «Олима», Маркази бонувони ихтироъкори Ӯзбекистон, Иттиҳодияи «Бонувони соҳаи аграрӣ» ва амсоли онҳо нақши муҳим мебозанд.
Барои боз ҳам ривоҷ бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ миёни бонувон, хусусан, рағбатноксозии пажӯҳишгарон бо иштироки занону духтарони иқтидорнок ва илмдӯст ҷонноксозии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамоатӣ аҳамияти махсус касб менамояд. Дар ин самт ҷорӣ гардидани сохтори ҷудосозии вомҳо низ падидаи муҳим. Зани илмнок ва оқила такягоҳ ва чароғбони оила, айни замон чун иштирокгари фаъоли идоракунии корҳои ҳокимияти давлатӣ пешбар ва пуштбони ҷамъият ҳисоб меёбад. 
Давраи басо мураккаберо аз сар мегузаронем. Ҷаҳонишавӣ, тараққиёти шиддатнок ба рӯйи арзишҳои маънавию миллиамон соя меафканад. Баробари ҷиҳатҳои хуб тарафҳои зиёди интернет, ки ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти мо қарор гирифтааст, ба касе сир нест. Аз он сӯиистифода карда, шахсони сиёҳфикр ва маънавиёташон хароб маводи ношоистаро тарғиб менамоянд. Гоҳо бинобар норасоиҳои иқтисодӣ, гоҳо аз сабаби муҳити носолим, нигоҳи бемасъулиятонаи баъзе арӯсу домодҳо ба оила, ҳал карда шудани тақдири ҷавонон аз ҷониби волидони каммаърифат, дур аз падару модар бавоярасии фарзандҳо оилаҳо вайрон, муҳити хонадон носолим мегардад, ки ин бисёр ташвишангез. Яке аз сабабҳои асосии ин ҳолати номатлуб – сустии корҳои маънавию маърифатӣ, руҷӯъ ба боигарию сарват ва бемеҳр шуда рафтани аъзои хонадон, дастболоии моддиёт аз болои маънавиёт.
Дигар аз масъалаҳои долузарб, омодасозии ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ. Баробари мардҳо, балки бештар аз онҳо бояд бонувон фикр кунанд сари ин масъала. Чӣ гуна роҳи ҳалкунанда бозидани онҳо дар муҳити оила – рӯз барин равшан. Дар муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ низ ададашон аз мардҳо зиёд. Чи дар муҳити оила ва чи ҳамаи давраҳои таълимӣ занҳои ҳушманд бояд фикри солими худро гузаронанд. Ба ҷавонон чӣ қадар муқаддас будани оиларо фаҳмонанд. Саъй созанд фарзандҳо ба дараҷае ба камол расанд, ки умре ба тақдири оила ва оянда масъул будани худро ҳис кунанд, ба фардо аз ҳоло тайёр шаванд.
Баробари таъмини мустаҳкамии оила дар таҳкими заминаҳои тараққиёти барқарор, тавре ки таъкид гашт, нақши бонувони зиндагисоз беқиёс.
Зан – депутат, зан – сенатор, зан – яке аз пешвоҳои аҳзоби сиёсӣ – иштирокдори фаъоли идоракунии давлатӣ. Дар маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи президентии пешистода қатори чаҳор номзади дигар аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон ба президентии мамлакат тавсия ва тасдиқшавии номзадии зани фаъол Мақсуда Ворисова низ ифодаи боварӣ ба зан. Иродаи сиёсии худро ифодакунон зан корҳоеро, ки мард қодир аст, ӯҳда карданаш мумкин.
Умуман, занҳои ҳушманд, закӣ, ташкилотчиву ӯҳдабаро, пок ва соҳибимон дар иҷрои ҳар кор худро намуна нишон дода метавонанд. Дар диёре, ки бонувонаш ҳарҷиҳата намунавианд, авлоди ватанпарвар, фидоиву садоқатманд ба воя мерасад. Ва ин гуна диёр, албатта, оянда дорад.

М.ШОДИЕВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: