ДОДРАС КУҶОСТ?

Рӯзҳои душворгузари айёми карантин паси сар шуданд.

Хонандагону омӯзгорон аз шамолу сардиҳои сари талу тепаҳои атрофи деҳа раҳоӣ ёфтанд. Зеро онҳо ҳар пагоҳирӯзӣ сари талу пушта ва доманаҳои кӯҳ баромада, тариқи телефонҳои мобилӣ аз омӯзгорони болои пуштаи дуртар аз мактаб супориш мегирифтанд ва ба ҳамин усул бегоҳирӯзӣ ҷавобҳои худро ба муаллим бармегардониданд. Ҳамин тариқ тестҳои онлайнро кор карда, чандин нафар ба гирифтани сертификат низ ноил гардидаанд.
Ба таъбири хонандаи синфи чоруми мактаб Йӯлдош Расулов:
Бар ҷойи синфхона,
Ҷойи мизу курсиҳо,
Сари талу теппа шуд, 
Синфхонаи бачаҳо...
Дар деҳаи Сойхурд бо чунин душвориҳо дар ҳавои сарди зимистон дарсҳои онлайн гузаронида мешуданд. Дар деҳа антеннаи телефонӣ набуда, аз Интернет ҳам дарак нест. Аз ин рӯ ҳама – ҳам шогирдону ҳам устодон сар-сари талу пушта ва доманаи кӯҳҳо мегарданд. Ҳатто барои як зангзании оддӣ ба фарзандони дар шаҳр буда ҳам, пиру ҷавон маҷбуранд аз он «синфхонаҳо» истифода баранд...
Вале ин ҳама дарди ба хайр аст. Мардуми мо ба истифодаи электр унс гирифтаанд. Он чароғҳои керосинӣ, ки аввали солҳои ҳафтодуми асри гузашта мавриди истифода буданд, ҳоло нестанд. Кас аз равшании шамъ дилгир мешавад. Мардум аз тамошои барномаҳои телевизион маҳрум. Ҳафтаҳо чароғи электрӣ дар намегирад. Аз нимаи дуюми моҳи январи соли равон  деҳоти тоҷикнишини ноҳияи Нурато ягон рӯз бо барқ пурра таъмин нашудаанд. Ин ҳолат солҳои охир зиёд такрор меёбад.
То бача нагиряд, модар шир намедиҳад,  мегӯянд дар урфият. Мардум хомӯш намондаанд. Борҳо ба ташкилоту муассисаҳои дахлдор муроҷиат кардаанд. Додрас нест. Ба собиқ ҳокими ноҳия Умар Халилов ҳам зимни қабулҳои сайёр муроҷиат карда будем. Ӯ ваъда дод, ки то соли нав антеннаи телефон мегузаронанд ва деҳот бо барқ таъмин мешаванд. Вале ибтидои соли нав ҳоким ба кори дигар гузашт. Ба таъбири Йӯлдош Расулов: 
Ҳоким ваъда дода буд,
То соли Нав меояд.
Соли Нав ҳам даррасид,
Ҳоким то Тошканд расид.
Додрас куҷост? Кӣ ба мардуми мо мадад мерасонад?

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: