Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 июн дар мулоқоти дуюми пешвоёни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки дар шаҳри Чӯлпонота баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар чорабинӣ, ки зери раисии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров баргузор шуд, инчунин Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини раиси Девони Вазирони Туркманистон Нурмуҳаммед Аманнепесов иштирок намуданд.
Бинобар рӯзномаи маҷлис масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории муфиди ҷонибҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо, инчунин мушкилоти боаҳамияти байналхалқӣ ва минтақавӣ муҳокима гардиданд.
Роҳбари Ӯзбекистон дар суханронии худ таъкид кард, ки дар муддати кутоҳ пас аз мулоқоти якуми пешвоён дар Остона корҳои вусъатнок доир ба инкишофи гуфтугӯи муфиди сиёсӣ ва шарикии бисёрҷанба анҷом дода шуд.
Аз он ҷумла, Анҷумани дараҷаи олӣ оид ба равобити ҳамдигарии байниминтақавӣ баргузор гардид, ки дар он ба пешбурди лоиҳаҳо дар соҳаҳои рақамисозӣ, коммуникатсияи нақлиётӣ, энергетика ва идораи захираҳои об, аз он ҷумла дар доираи стратегияи аврупоии «Дарвозаи ҷаҳонӣ» эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Ба кор андохтани лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ дар соҳаи таълими касбӣ ва низоми босуботи энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ба амал татбиқ гардид.
Форуми ҷамъияти шаҳрвандӣ, Форуми дуюми иқтисодӣ ва ҷамъомади ҳарсолаи Шӯрои мудирони Бонки таҷдид ва рушди Аврупо босамар ба вуқӯъ пайвастанд.
– Ин чорабиниҳо тағйироти мусбат ва сифатноки мулоқотро бо шарикони аврупоиамон бори дигар нишон дод, – таъкид кард Президент.
Таъкид шуд, ки ҳоло Осиёи Марказӣ маркази кашиш ва фазои имконоти нави иқтисодӣ барои ширкат ва бонкҳои пешвои аврупоӣ ба шумор меравад.
– Ҳоло аллакай сухан дар бораи шарикии васеи сармоягузорӣ ва технологӣ меравад, ки ба таъсиси иқтидорҳои замонавии саноатӣ, татбиқи энергетикаи «сабз», рушди хоҷагии қишлоқи «оқил», ташаккули инфрасохтори тавсеаёфтаи нақлиётиву логистикӣ нигаронда шудааст, – таъкид кард роҳбари давлат.
Бинобар ҳамкории Ӯзбекистон бо мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо сухан ронда, Президенти мамлакат ба фаъолнокии назарраси робитаҳо дар тамоми ҷанбаҳо ишора намуд. Аз он ҷумла, мулоқотҳо бо пешвоёни Фаронса, Олмон, Венгрия ва Чехия ба вуқӯъ пайвастанд. Сафоратхонаҳо дар Будапешт ва Стокголм кушода шуданд. Вақтҳои наздик ташрифи расмӣ ба Италия баргузор мегардад.
Табодули амвол бо мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо бинобар режими «GSP+» аз аввали сол қариб 70 фоиз афзуд. Пакети лоиҳаҳои истиқболноки таъсиси истеҳсолоти баландтехнологӣ ва ҷойҳои нави кор бо ширкат ва бонкҳои пешқадами аврупоӣ аз 20 миллиард евро зиёд гардид.
Дар соҳаи гуманитарӣ ду лоиҳаи нодир якҷоя бо Лувр ва Музейи нави Берлин ба вуқӯъ пайваст, ки бори аввал мероси ғании маданиву таърихии минтақаамон васеъ намоиш дода шуд.
Тавре ки Президенти Ӯзбекистон таъкид намуд, сарфи назар аз вазъияти мураккаби геосиёсӣ ва тамоилҳои манфӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ, мамлакатҳои Осиёи Марказӣ инкишофи босубот намоиш медиҳанд.
Бинобар ин аҳамияти дастгирии минбаъдаи барномаҳои миллии рушд ва стратегияи ислоҳоти бебозгашт аз ҷониби шарикони аврупоӣ таъкид гардид.
Бо назардошти рӯзномаи маҷлиси ҳамоиш, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самтҳои бартариноки ҳамкории мутақобилан судмандро муайян намуд.
Бо мақсади куллан вусъат додани муносибати тиҷоратӣ бо Иттиҳоди Аврупо роҳбари Ӯзбекистон манфиатдориро аз фароҳам овардани занҷирҳои босуботи тиҷоративу логистикӣ ва механизмҳои босамари дастгирии боргузориҳои ҷонибҳо, тамдиди муддатҳои эътибори режими савдои «GSP+»-ро бо татбиқи низоми мазкур ба мамлакатҳои минтақа таъкид кард.
Ҳамзамон ба вуҷуд надоштани пешрафти назаррас бинобар чандин масъала ишора гардид, ки барои ҳалли онҳо таҳияи Барномаи маҷмӯии дастгирии корхонаҳои содиркунанда ва воридкунандаи мамлакатҳои минтақа пешниҳод гардид.
Таъкид шуд, ки ба ин инчунин ҳарчи зудтар анҷом додани ҷараёни қабули Шартнома оид ба шарикии васеъ ва ҳамкории байни Ӯзбекистон ва ИА мусоидат хоҳад кард.
Омили муҳими рушди иқтисодии босубот ташаккул додани даҳлезҳои босамари нақлиётӣ ба шумор меравад.
Бинобар ин кӯшишҳоро оид ба рушди робитаҳои ҷонибҳо дар ҷиҳати нақлиёту коммуникатсияи Осиёи Марказӣ ва Аврупо муттаҳид намудан муҳим мебошад, зеро пеш аз ҳама бо роҳи ташаккул додани, ба истилоҳ, Хати миёна – даҳлези транзити Фарокаспий муҳим мебошад.
– Мутаассифона то ҳанӯз бархурди ҳамоҳангшуда дар масъалаҳои баланд бардоштани рақобатбардории шоҳроҳи мазкур вуҷуд надорад. Ҳоло тарифҳое заруранд, ки барои тиҷорат, ки ҳаҷми асосии молро таҳрик медиҳад, муҳим мебошад, – таъкид кард роҳбари давлат.
Инчунин вусъат додани инфрасохтори нақлиётиву логистикӣ ва бандарҳо, беҳсозии ҳолати техникии роҳҳо, инчунин ба вуҷуд овардани механизми фаъоли истифодаи потенсиали даҳлези Фарокаспий аз тариқи мулоқотҳои мунтазами намояндагони ваколатдори идораҳои нақлиётӣ муҳим мебошанд.
Дар соҳаи шарикии сармоягузорӣ ва технологӣ Президенти Ӯзбекистон баррасии масъаларо дар бораи ҳарсола баргузор намудани намоишгоҳҳои саноативу технологӣ дар доираи Форуми иқтисодии «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» пешниҳод намуд.
Бо назардошти воқеияти имрӯз инчунин пешниҳод шуд, ки якҷоя бо Бонки сармоягузории Аврупо фишангҳои махсуси дастгирии молиявии ба вуҷуд овардани иқтидорҳои истеҳсолии ширкатҳои пешсафи аврупоӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба кор андохта шавад.
Дар соҳаи равобити рақамӣ ташаббус оид ба бо ҷалби механизми «Ҷамоаи Аврупо» таҳия намудани «Барномаи рақамӣ барои Осиёи Марказӣ» пешниҳод карда шуд.
Роҳбари давлат дар бобати муқовимат ба тағйироти иқлим ва баланд намудани суботнокии экосистема аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки минтақавӣ бо корбурди дониш ва технологияи пешқадами Аврупо алоҳида таваққуф намуд.
– Бо назардошти рӯзмаррагии мушкилот Иттиҳоди Аврупоро даъват менамоем, ки чун ҳаммуаллифи ташкили Форуми якуми байналхалқии иқлим баромад намояд, ки он тирамоҳи соли ҷорӣ дар доираи Ташаббуси ҳамбастагии Самарқанд ба хотири бехатарии умумӣ ва шукуфоӣ баргузор мегардад, – пешниҳод намуд Президент.
Инчунин манфиатдорӣ дар иштироки фаъоли шарикон дар лоиҳаи таъсиси Донишгоҳи Осиёи Марказии омӯзиши муҳити зист ва тағйири иқлим изҳор гардид.
Бо мақсади фаъолона истифода намудани потенсиали сайёҳии Осиёи Марказӣ роҳбари давлатамон ташаббусро дар бораи таҳияи якҷояи Барномаи ҳамкории рушди сайёҳии собит барои минтақа ва пешниҳод намудани он ба ҷамъомади ҷашнии Сарассамблеяи Ташкилоти ҷаҳонии сайёҳӣ пешниҳод намуд, ки он моҳи октябри соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон баргузор мегардад. Бо назардошти аҳамияти сармоягузорӣ ба таълими ҷавонон Президент роҳандозии шарикиро бо муассисаҳои пешқадами таълими олии мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимиро пешниҳод намуд.
Роҳбари мамлакатамон инчунин таклиф кард, ки мулоқотҳои мунтазами вазирони маориф ва ректорони донишгоҳҳо, вусъати дастгирии лоиҳаҳои илмиву тадқиқотӣ ва таълимӣ барои минтақаи Осиёи Марказӣ дар доираи Барномаи «Уфуқи Аврупо» барқарор карда шавад.
Тавре ки Президент таъкид намуд, самти муҳими ҳамкорӣ мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди таҳдид ва ситезаҳои нави бехатарӣ, таҳияи барномаҳои шарикӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ифрот ва тундравӣ, савдои одам, ҷиноёти муташаккил ва кибер, инчунин муҳофизати сарҳад ба шумор меравад.
– Бо ин мақсадҳо пешниҳод менамоем, ки анҷумани экспертҳои «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо: мавзӯи нави ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарӣ» баргузор гардад, – изҳор намуд роҳбари давлат.
Эътибори алоҳида ба зуд хароб гардидани вазъияти гуманитарӣ дар Афғонистон нигаронда шуд, ки бинобар он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шариконро ба коҳиш надодани ҳаҷми мадади гуманитарӣ ба халқи Афғонистон даъват кард ва изҳори омодагӣ намуд, ки барои ин мақсадҳо имконоти инфрасохтори логистикии хабро дар Тирмиз пешкаш менамояд.
Инчунин идома додани машварати мунтазами вакилони махсус оид ба Афғонистон барои таҳияи бархурдҳои муштарак барои ҳалли масъалаҳои муҳими бартарафсозии вазъият ва рушди сулҳомези ин мамлакат пешниҳод гардид.
Дар поёни нутқи худ роҳбари давлат мувофиқи мақсад будани таҳия ва қабули «нақшаи роҳ»-и алоҳидаро бинобар ҷамъбасти мулоқот таъкид кард.
Президенти Ӯзбекистон инчунин барои дастгирии ташаббус дар бораи баргузор намудани ҳамоиши якум дар формати пурраи «Осиёи Марказӣ – ИА» дар Ӯзбекистон соли оянда изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар поёни мулоқоти роҳбарони давлатҳо Пресс-коммюникеи муштарак қабул гардид.
***
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар чаҳорчӯби ҳамоиш бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел мулоқот кард.
Маҷмӯи васеи масъалаҳои амиқсозии минбаъдаи муносибатҳои серсоҳаи Ӯзбекистону Аврупо ва рушди ҳамкориҳои амалӣ дар формати минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел Сарвари давлатамонро бо натиҷаҳои раъйпурсии конститутсионии кишвар самимона табрик гуфта, ба барномаи амалишавандаи дигаргуниҳои бебозгашти демократӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ дар Ӯзбекистони Нав ҷонибдории ҳамаҷониба изҳор намуда, ҳамчунин ба баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсии дар пешистода муваффақият орзу намуд.
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ қайд карданд, ки суръати баланди муколама ва табодули дуҷониба тибқи тавофуқоти дар мулоқоти сатҳи олӣ дар шаҳри Тошканд моҳи октябри соли 2022 ҳосилшуда мушоҳида мешавад.
Дар ин давра дар Ӯзбекистон аввалин Конфронси робитаҳои минтақавӣ, Форуми навбатии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷаласаи солонаи Шӯрои идоракунандагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пурсамар баргузор гардид.
Мубодилоти молии Ӯзбекистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз аввали соли ҷорӣ 70 дарсад афзоиш ёфтааст. Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо иштироки ширкатҳои пешрафтаи аврупоӣ дар соҳаҳои баландтехнологии иқтисодиёти кишвари мо аз 20 миллиард евро гузашт.
Раҳбарони Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо дар масъалаҳои вусъат додани ҳаҷм ва диверсификатсияи тиҷорати дуҷониба, дароз кардани низоми имтиёзноки савдои “GSP+”, рушди масирҳои самарабахши нақлиётӣ, пеш аз ҳама долони транзити Транс-Каспий, татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои давлатӣ дар соҳаи энергетикаи «сабз», инноватсия ва технологияҳои баланд, рақамикунонӣ, экология, маориф, туризм ва дигар самтҳо алоҳида истода гузаштанд.
Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт. Аҳамияти идомаи машваратҳо ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон таъкид гардид.
Бо ҳамин сафари кории Президенти Ӯзбекистон ба Қирғизистон анҷом ёфт.
ӮзА.