Дар арафаи таҷлили ҷашни аз ҳама азизи умумихалқӣ – 29-умин солгарди истиқлолияти Ватани мо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Фармон «Дар бораи омурзиши гурӯҳи шахсоне, ки ҷазоро дар шакли аз озодӣ маҳрум кардан мегузаронанду барои кирдорашон пушаймон шуда, қатъиян ба роҳи дуруст даромадаанд» имзо гардид.

Мувофиқи Фармон ва бинобар боби 23-юми моддаи 93-юми Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон 113 нафар шаҳрвандоне, ки ҷазоро барои содир кардани ҷиноят мегузаронанд ва аз кирдори худ сидқан пушаймон шуда, қатъиян ба роҳи дуруст даромадаанд, омурзида шуданд.
Аз ҷумлаи омурзидашудагон 5 нафар аз ҷойи ҷазои асосӣ куллан озод карда шуданд, 53 нафар аз гузаронидани ҷазо пеш аз муҳлат шартан озод гардиданд, ҷазое, ки нисбати 15 нафар таъин гардида буд, хеле сабуктар карда шуд. Ғайр аз ин нисбати 40 нафар аз озодӣ маҳрумшудагон муҳлати ҷазо кӯтоҳтар карда шуд.
Дар байни омурзидашудагон 1 нафар марди аз синни 60 боло, 2 шаҳрванди давлатҳои хориҷӣ, 105 нафари дар фаъолияти созмонҳои манъшуда иштироккарда ҳастанд.
Дар доираи татбиқ кардани Фармон ба вазорату идораҳои масъул бобати ба оила ва назди хешовандони худ баргаштани шахсони омурзидашуда, кӯмакрасонӣ барои обсозиши иҷтимоиашон, ҷалб кардан ба меҳнати фоиданок, пеш гирифтани тарзи солими ҳаёт ва ҷойи сазовори худро дар ҷомеа дарёфтани онҳо супоришҳо дода шуданд.
ӮзА.