Доир ба гиромидошти Ватан

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,

Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
***

Далерӣ зи ҳушёр будан бувад,
Диловар сазои ситудан бувад.
***

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
***

Мадоред бе дидбон марзи хеш,
Падид оваред андар ин арзи хеш.
Мадоред бозор бе посбон,
Ки ронад ҳаме номи мо бар забон.
***

Ба мардиву ганҷ ин ҷаҳонро бидор,
Назояд зи модар касе шаҳриёр.

Абулқосим ФИРДАВСӢ

Саъдиё, ҳубби Ватан гарчи ҳадисест саҳеҳ,
Натавон мурд ба хорӣ, ки ман ин ҷо зодам.
САЪДӢ

Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчӣ дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту...
***

Агарчӣ борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчӣ дӯстон машҳур.
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр,
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

Мирзо ТУРСУНЗОДА
***

Ватан ҷои нахустоғози умр аст,
Ватан таҳкурсии парвози умр аст.
Муқаддас дошт бояд ин Ватанро,
Ватан – як дояи мумтози умр аст.

Лоиқ ШЕРАЛӢ 

Мусофир ҳар куҷо бошад Ватанро дӯст медорад,
Ки булбул дар қафас бошад, чаманро дӯст медорад.
ХАЛҚӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: