ДОИР БА МАСЪАЛАИ НОМГУЗОРИИ МАҚОМҲОИ «ШАШМАҚОМ»: БУЗРУК Ё БУЗУРГ?

Вақте сарчашмаҳои қарни 19, аз ҷумла «Баёзҳои «Шашмақом» ва дарсҳои танбӯри хоразмиро доир ба «Шашмақом» мавриди омӯзиш қарор медиҳем, мебинем, ки номи мақомҳо ҳама яксонанд: Рост, Бузург, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ.

 Вале дертар — дар оғози садаи ХХ дар номи мақомҳо як андак дигаргунӣ рӯй дод. Дар ин хусус бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ ва китобҳои чопшуда доир ба «Шашмақом» метавон натиҷагирӣ кард.
Бад-ин тариқ, муҳаққиқи шинохтаи рус, оҳангсоз В. Успенский  соли 1924 бори нахуст дар таърихи мусиқии мақом мақомҳоро ба нота дароварда зери таҳрири  А.Фитрат ва Н.Миронов  бо номи «Шашмақом» ба дасти чоп дод. Ду ҷиҳати муҳими ин корро бояд ёдрас намуд: 1). Мусиқии «Шашмақом», ки бино ба анъанаҳои эҷодиёти шифоҳӣ ривоҷ меёфт, бори нахуст сабт гардида ва ба адвор (нота) дароварда шуд. 2). Дар ин китоб варианти «Шашмақом»-е оварда шудааст, ки аз нахустин мақомхонҳо, мисли устодони соҳа Ота Ҷалолиддин Назиров ва Ота Ғиёс Абдуғаниев — онҳое, ки дар зинаи аввали ташаккулёбии «Шашмақом» қарор доштаанд, навишта гирифта шудааст. Аз ин дидгоҳ, ба «Шашмақом»-и В.Успенский метавон чун ба нахустин сарчашма муносибат кард.
Дар баробари ин, наметавон аз ду мушкили ҷиддӣ чашм пӯшид: 1). Таассуфовар аст, ки маҳз ба сабаби тоҷикӣ-форсӣ буданашон ба ин китоб матнҳои шеърӣ оварда нашудаанд. 2). Аз чӣ сабаб бошад, ки китоб на бо хати анъанавии «Шашмақом», ки дар Бухоро форсӣ буд, балки  бо хати арабиасоси уйғурӣ ба чоп омода карда шудааст. Ин мушкилот то ҷое қимати китобро паст карда, ба тағйир ёфтани номи мақомҳо замина гузоштааст.
Хати арабиасоси уйғурӣ ба нодуруст навиштан, хондан ва густариш ёфтани номи чанде аз мақомҳо оварда расонд. Дар натиҷа, аз оғози нашри ин китоб номи баъзе мақомҳо тағйир ёфт ва онҳо аз асолаташон дур шуданд. Аз ҷумла, Бузург ба Бузрук, Наво ба Ново, Сегоҳ ба Сигоҳ, Ироқ ба Ийроқ табдил ёфт. Барилова, дар алифбои кириллӣ низ номи баъзе мақомҳо тағйир ёфтанд. Мисол, Бузрук (ба забони уйғурӣ), Ирак (ба забони русӣ), Ду-го, Се-го тибқи талаффузи уйғурӣ ё дигар забонҳо омадаанд. Ин эродҳо дар назари аввал хурдагирӣ менамоянд, вале далел далел аст, дар ин китоб мақомҳо бад-ин тарз номгузорӣ шудаанд.
Табиист, ки В.Успенский номи мақомҳоро бино ба талаффузи устодони «Шашмақом» овардааст. Ин маънои онро дорад, ки ӯ номи мақомҳоро тавре ки дар он давр талаффуз карда мешуданд, ба қайд гирифтааст. Дар ин давр мақом дар марҳилаи нави рушд қарор дошт. Тавре ки мебинем, дар ин марҳилаи рушд дар «Шашмақом» тағйироти зиёде рӯй додааст. Дар навбати аввал, муносибат ба забони форсии тоҷикӣ дигар шуд, яъне  ба аз даст додани мақомаш шурӯъ кард. Аз ин рӯ, китоби В.Успенский бо алифбои арабиасоси уйғурӣ ороиш ёфт. Сониян, матнҳои шеърии «Шашмақом», ки ба форсии тоҷикӣ буданд, умуман, ба китоб роҳ дода нашудаанд. Сеюм, номи мақомҳо бино ба алифбои чиғатоӣ ба тарзи дигар хондаву талаффуз карда шуданд. Вале то ин давр дар баёзҳои «Шашмақом» ва нотаҳои танбӯри хоразмӣ ин мақомҳо тибқи забони форсӣ як хел навишта мешуданд, яъне бад-ин тарз: Рост, Наво, Бузург, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ.
Пайдост, ки нотаи танбӯри хоразмӣ ба забони ӯзбекӣ бошад ҳам, он тибқи забони форсӣ ба расмият дароварда шуда буд. Дар онҳо номи мақомҳо ва истилоҳҳо, аз қабили Бузург, Наво, Сегоҳ, ҳамчунин, қисмҳои композитсионӣ, мисли бозгӯй, оҳанг, хона... дақиқ ҳифз шудаанд.
Сухан кӯтоҳ, нодуруст хондан ва талаффуз кардани номи мақомҳо аз оғози садаи ХХ, тавре ки дар китоби В.Успенский — «Шашмақом» ба қайд гирифта шудааст, ба мушоҳада мерасад.
Ҳамчунин, бояд илова кард, ки китоби Мулло Бекҷон — «Хоразм мусиқий таърихчаси» («Таърихи мухтасари мусиқии Хоразм») низ дар ҳамин давр (соли 1925) рӯйи чопро дидааст. Дар он низ истилоҳи Бузрук дар шакли Бузруг омадааст, ки фарқ дар як ҳарфи охирин аст. Шояд такя ба ин китоб мусаннифони китоби «Ӯзбек нотаси» («Нотаи ӯзбек») ин мақомро дар шакли Бузруг   хонда қабул кардаанд. Ба фикри мо, вожаи Бузург дар ҳар ду ҳолат аз забони форсӣ нодуруст хонда шудааст. Сарфи назар аз он ки ин вожаро дар забони форсӣ Бузруг низ метавон хонд, дар ин шакл хондану талаффуз кардани он саҳеҳ нест. Ин вожа агар дар байн бо «вов» ояд, онро метавон Бузруг хонд, вале Бузург ба форсӣ бе «вов» навишта мешавад.
Олими машҳури тоҷик Садриддин Айнӣ — яке аз намояндагони зиёи он давр (охири садаи XIX ва ибтидои асри XX), ки бо анъанаҳои санъати мақом ошноии хуб дошт ва бевосита дар бисёр чорабиниҳои мақом иштирок мекард, доир ба «Шашмақом» тадқиқоти зиёд анҷом додааст. Дар як мақолаи ӯ сухан аз мақомҳо меравад, ки дар навбати аввал Рост ба забон гирифта шудааст. Ӯ дар ин навиштааш вожаи «Бузург»-ро дар шакли дуруст пешниҳод намудааст. Ин аз он далолат медиҳад, ки то давраи нашри китоби В.Успенский мақомҳо дар «Шашмақом» тартиби дигар дошта, аз мақоми Рост оғоз ёфтаанд ва Бузург  ба Бузруг табдил наёфта будааст.
Тавре ки маълум аст, солҳои 1950-1967 дар Тоҷикистон аз ҷониби устодони «Шашмақом» Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов ва Шоҳназар Соҳибовҳо китоби «Шашмақом» иборат аз панҷ ҷилд, зери таҳрири профессор В.Беляев ва солҳои 1966-1975 дар Ӯзбекистон аз ҷониби академик Юнус Раҷабӣ шашҷилдаи «Шашмақом» зери таҳрири Ф. Кароматов рӯйи чопро дид. Дар ин нашрҳо номи ҳама мақомҳо, ба ҷуз Бузург, дуруст қайд гардидаанд. Аз он ки номи мақоми Бузург дар китоби В.Успенский бино ба талаффузи уйғурӣ оварда шуда буд, дар шакли Бузрук боқӣ монд, ки бо тарзи навишт ва талаффузи забони форсӣ мутобиқат намекунад. Вожаи Бузург дар забони уйғурӣ дар шакли Бюзрюк талаффуз ва бо алифбои кириллӣ дар шакли Бузрук навишта мешавад.
Шояд ба сабаби он, ки В.Успенский, ҳангоми таълифи китоб, мақомҳоро тавре ки устодони «Шашмақом» талаффуз намудаанд, навишта гирифтааст, устодони мо вақти ба нашр омода кардани китоби «Шашмақом»-и нав пайи ислоҳи номи мақомҳо саъю кӯшиш ба харҷ надодаанд. Ин аст, ки номи яке аз мақомҳо то ҳол, бо шеваи уйғурӣ, дар шакли Бузрук навишта ва талаффуз карда мешавад. Бо назардошти ин ҳама, пешниҳод ин аст, ки номи ин мақомро мо бояд дуруст, дар шакли Бузург нависем ва талаффуз намоем.

Абдувалӣ АБДУРАШИДОВ,
санъатшинос.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: