ДОИР БА ТАРАҚҚИЁТИ САНОАТ ДАР ВИЛОЯТИ ТОШКАНД СУПОРИШҲО ДОДА ШУДАНД

Президент Шавкат Мирзиёев 10 август доир ба масъалаҳои тараққиёти саноат дар вилояти Тошканд ҷамъомад баргузор намуд.

Президент Шавкат Мирзиёев 10 август доир ба масъалаҳои тараққиёти саноат дар вилояти Тошканд ҷамъомад баргузор намуд.
Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки 3 августи соли ҷорӣ бахшида ба таҳлили натиҷаҳои иқтисодиёти нимсолаи аввал баргузор гардид, Президент дар вилояти Тошканд вуҷуд доштани шароити муносибро барои рушди саноат таъкид кард ва ба ногузирии қадамҳои қатъӣ дар ин самт ишора намуд. Бинобар ин нақшаи чорабиниҳои иловагӣ таҳия гардида буд.
Дар нимсолаи якум дар вилоят маҳсулот ба миқдори қариб 7,7 триллион сӯм истеҳсол гардида, афзоиш 4,6 фоизро ташкил намуд. Аммо ин аз ҳисоби миёнаи мамлакат паст аст. Бо назардошти ин то охири сол истеҳсол намудани маҳсулот ба миқдори 198 триллион сӯм ва ба инкишофи 8,5 фоизи солона муваффақ гардидан чун мақсад гузошта шуд.
Шарти асосии даст ёфтан ба ин нишондод  инкишофи саноати минтақа аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои нав, дастгирии корхонаҳои камиқтидор ва ё таваққуфнамуда, босамар истифода намудани биноҳои холӣ муайян карда шуданд. Нақлиёт ва логистика, соҳаи хидматрасонӣ, хоҷагии қишлоқ ва сохтмон инчунин самтҳои бартаринок ба шумор мераванд.
Дар ҷамъомад тақдимоти лоиҳаҳои истиқболнок дар соҳаҳои мазкур баргузор гардид.
Барои мисол, дар ноҳияи Зангиато 1494 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ онҳо маҳсулотро ба миқдори қариб 600 миллион сӯм истеҳсол намуданд. Соли ҷорӣ 15 лоиҳа бо ба вуҷуд овардани иқтидорҳо барои истеҳсоли маҳсулот ба қимати 51 миллиард сӯм ба амал татбиқ мегардад.
Эътибори алоҳида ба лоиҳаи ба вуҷуд овардани маркази саноатии «Зангиато» нигаронда шуд. Дар ин минтақаи саноатӣ дар майдони 116 гектар ҷойгир намудани 165 лоиҳа дар назар дошта шудааст. Ба вуҷуд овардани 12 ҳазор ҷойи кор, содироти маҳсулот ба миқдори 48 миллион доллар ва сарпур кардани воридот ба миқдори 9 миллион доллар пешбинӣ мегардад.
Миқдори корхонаҳо дар шаҳри Ангрен нисбатан кам аст – 577-то, аммо онҳо потенсиали зиёдро соҳибанд. Саҳми шаҳр дар саноати вилояти Тошканд 28 фоизро ташкил менамояд. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар ин ҷо маҳсулот ба миқдори беш аз 2 триллион сӯм истеҳсол гардид. Дар нимаи дуюми сол боз 15 лоиҳа ба кор андохта мешавад. 
Ғайр аз ин, 124 лоиҳа ба миқдори умумии 560 миллион доллар ташаккул ёфтааст. Дар натиҷа ба вуҷуд овардани 39 ҳазор ҷойи кор ва иқтидорҳо бинобар истеҳсоли маҳсулот ба миқдори 3 триллион сӯм ба нақша гирифта шудааст.
Татбиқи 32 лоиҳа ба миқдори 335 миллиард сӯм дар ноҳияи Тошканд ва 20 лоиҳа ба қимати 422 миллиард сӯм дар шаҳри Чирчиқ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷамъомад ҳамчунин имконоти тамоми ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилоят баррасӣ гардиданд.
Президент таъкид кард, ки имконоти вилояти Тошканд ба таври пурра истифода намегардад, татбиқи ҳарчи бештари лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои саноат зарур мебошад, роҳандозии истеҳсоли маҳсулот бо нархи изофа муҳим аст. Вазифаи афзудани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар минтақа то охири сол ба миқдори 40 фоиз  гузошта шуд.
Дар заминаи васеъ намудани фаъолияти заводҳо, ташкили корхонаҳо дар ноҳияҳо бо дараҷаи пасти индустриализатсия, рушди хидматрасонии сарироҳӣ супоришҳо дода шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: