ДОИР БА ТАШРИФИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ БА ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

18 октябри соли ҷорӣ бино бар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо боздиди давлатӣ ба мамлакати мо ташриф меорад.

Роҳбарони давлатҳо ба сифати давоми мулоқоти сиёсӣ, ки мунтазамӣ касб менамояд, бино бар ҳолати муносибатҳои серҷонибаи Ӯзбекистону Русия мубодилаи афкор намуда, пешомади минбаъд мустаҳкам намудани шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ, васеъ гардондани ҳамкории ба ҳамдигар муфид, татбиқи амалии лоиҳаҳои нави муштарак ва барномаҳоро дар соҳаҳои гуногун муҳокима менамоянд.
Аз рӯзномаи ташриф масъалаҳои муҳими байналхалқӣ, аз ҷумла таъмин кардани устувориву бехатарии минтақа, кӯмак расондан ба ҷараёни барқарор намудани осоиштагии Афғонистон ҷой гирифтаанд.
Дар доираи ташрифи давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори аввал Форуми муштараки таълим ва Анҷумани ҳамкории байниминтақавии «Ӯзбекистон – Русия» гузаронда шуда, инчунин бахшида ба оғоз ёфтани сохтмони нерӯгоҳи электрикии атомӣ дар мамлакатамон маросим ба амал меояд.
Бино бар натиҷаҳои музокироти олидараҷа қабул намудани Изҳороти муштараки роҳбарони давлатҳо, ба имзо расондани Барномаи ҳамкории иқтисодӣ дар солҳои 2019-2024, Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маданиву инсонпарварӣ дар солҳои 2019-2021, созишнома дар бораи ташкил кардан ва фаъолияти филиалҳои муассисаҳои таълими олии бонуфузи Русия дар Ӯзбекистон, «Харитаи роҳ» оид ба ташкил кардани Расадхонаи байналхалқии радиоастрономии «Суффа» ва як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими дигари дуҷониба ба назар гирифта шудааст.
Дар аснои ташриф, инчунин ба имзо расондани шартномаҳои бузургҳаҷми сармоягузорӣ ва савдои байни доираҳои корчаллони ҳудудҳои Ӯзбекистон ва Русия пешбинӣ шудааст.

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: