ДОИР БА ВАСЕЪ ТАҶЛИЛ КАРДАНИ СИСОЛАГИИ ҚАБУЛ ШУДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН «ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ»

Забони ӯзбекӣ ҳамчун яке аз забонҳои бостонӣ ва ғановатманди ҷаҳон рамзи худшиносии миллӣ ва давлатдории мустақили халқи мо, сарвати бебаҳои маънавӣ ва ҳуввияти бузург ба шумор рафта, дар рушди ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиву маърифатии мамлакат аҳамияти бағоят беназир дорад.

21 октябри соли 2019 ба рӯзи қабули Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ» сӣ сол пур мешавад. Дар пояи ин ҳуҷҷати таърихӣ тӯли солҳои гузашта забони модарии мо пойгоҳи мустаҳками ҳуқуқӣ ва мақоми баланд пайдо кард.
Алҳол забони ӯзбекӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мо – идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, муносибатҳои байнидавлатӣ, илм, таълим ва тарбия, тиб, маданият ва санъат васеъ истифода мешавад, аз минбарҳои байналхалқӣ баланд садо медиҳад.
Бо назардошти талаботи даврони нави кунунии Ӯзбекистон – даврони рушди миллӣ, бобати баланд бардоштани нақш ва нуфузи забони модарии мо дар ҷамъият корҳои васеъмиқёс татбиқ мегарданд.
Аз ҷумла, солҳои охир таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбек ба номи Алишери Навоӣ дар Тошканд доираи омӯзиши амиқи решаҳои таърихии забони модарии мо, пешрафти ҳамаҷонибаи онро дар пояи илмӣ ва соҳаҳои истифода вай хеле вусъат дод, фаъолияти оид ба тайёр кардани кадрҳои филологиро ба сатҳи нав бардошт.
Дар минтақаҳо ташкил гардидани мактабҳои эҷодӣ, ки ба номи олимон ва адибони машҳури мо гузошта шудаанд, боз як қадами муҳим дар самти мазкур гардид.
Бо назардошти моҳияти рӯзафзуни забони ӯзбекӣ дар таҳкими асосҳои маънавии истиқлолияти Ватани мо, тарбияи халқ, пеш аз ҳама насли ҷавон дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба суннатҳои миллӣ, ҳамчунин ба мақсади таҷлили сазовори сисолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ»:
1. Таклифи Вазорати фарҳанг, Вазорати таълими халқ, Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат, Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва намояндагони ҷомеаи васеъ бобати дар кишвари мо моҳи октябри соли равон васеъ ҷашн гирифтани сисолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ» маъқул дониста шавад.
2. Ҳайати Кумитаи ташкилӣ бино бар тайёрӣ ва баргузории сисолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ» мувофиқи замимаи №1;
Барномаи чорабиниҳои оммавии маънавиву маърифатӣ ба муносибати сисолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ» (минбаъд – Барнома) мувофиқи замимаи №2 тасдиқ карда шавад.
3. Ба Кумитаи ташкилӣ (А.Арипов) супурда шавад, ки:
якҷо бо Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва ҳокимияти  шаҳри Тошканд, ҳамчунин вазорату идораҳои масъул чорабиниҳоеро, ки дар Барнома бино бар тайёрии ҷиддӣ пешбинӣ шудаанд, дар сатҳи баланд гузаронад;
дар тамоми шаҳр ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд тадбирҳои ҷашнӣ ташкил кунад;
дар байни толибилмони мактабҳои таълими ҳамагонӣ озмуни иншоҳоро дар мавзӯи забони ӯзбекӣ баргузор кунад;
дар театрҳо ва кинотеатрҳо, қасрҳои мадании кишвар намоиш додани спектаклҳо, филмҳои бадеӣ ва мустанадро дар бораи олимони бузурги мо таъмин намояд;
дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди забони ӯзбекӣ ва ҳамкории байналхалқӣ» конфронси байналхалқии илмиву амалӣ ва дар мавзӯи «Масъалаҳои рӯзмарраи забоншиосии ӯзбек» конфронси ҷумҳуриявиро баргузор кунад;
маросими ба пояи ҳайкали асосгузори забони адабии ӯзбек, шоир ва мутафаккири бузурги мо Алишери Навоӣ, ки дар Боғи миллии шаҳри Тошканд, ҳамчунин дар вилоятҳо ва шаҳрҳо гузошта шудаанд, гулгузориро ташкил намояд;
бахшида ба забони ӯзбекӣ чорабиниҳои ҷашнӣ гузаронад ва клубҳои «Дӯстони забони ӯзбекӣ»-ро дар сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои дипломатии кишвари мо дар хориҷа ташкил кунад;
бахшида ба забони модарӣ дар мактабҳои навтаъсису дарамали кишвари мо ба номҳои Муҳаммад Ризо Огаҳӣ, Исҳоқхон Ибрат, Абдулло Қодирӣ, Ҳамид Олимҷон ва Зулфия, Иброҳим Юсупов, Эркин Воҳидов, Абдулло Орипов, Ҳалима Худойбердиева, Муҳаммад Юсуф чорабиниҳои маънавиву маърифатӣ баргузор намояд;
дар минтақаҳо шабнишиниҳои бадеиву маърифатӣ ва рӯнамоии китобҳои навро бахшида ба ҷашни забон ташкил кунад;
21 октябр дар қасрҳои санъати Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд баргузор намудани чорабиниҳои мутантани идона бахшида ба сисолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ»-ро ба роҳ монад.
4. Муқаррар карда шавад, ки хароҷоти вобаста ба тайёрӣ ва баргузории таҷлили сисолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ» аз қисми барзиёд иҷрошудаи даромадҳои буҷаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, буҷаҳои маҳаллии вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ҳамчунин аз ҳисоби хайрияҳо сарпӯш карда мешаванд.
5. Ба Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, дигар расонаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки чорабиниҳои бахшида ба таҷлили сисолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ»-ро  васеъ равшан намоянд.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Ш.Низомиддинов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
4 октябри соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: