ДОИРАИ ХИДМАТҲО ВАСЕЪ МЕГАРДАД

Дар Маркази матбуоти миллии Ӯзбекистон бахшида ба натиҷаҳои дастрасгардида ва вазифаҳои устуворе, ки Бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Микрокредитбанк» дар Соли соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технология татбиқ менамояд, нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Баъд аз қабул гардидани қарори Президент аз 12 сентябри соли 2017 «Дар бораи чорабиниҳо оид ба рушди минбаъда ва вусъат додани барқарории низоми бонки ҷумҳурӣ» дар тамоми бонкҳои кишварамон, аз ҷумла, дар Бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Микрокредитбанк» баҳри ислоҳсозии соҳаи бонк хидматҳои гуногуни бонкӣ ба роҳ монда мешаванд.
Айни ҳол 86 филиал ва 75 мини-бонки «Микрокредитбанк» дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба зиёда аз 1,2 миллион аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ хидмат мерасонанд. 
– Ҳоло дар мамлакатамон бо сарварии роҳбари давлат ба беҳтар гардондани аҳволи моддии оилаҳои камтаъмин ва аҳолии ба кӯмаки иҷтимоӣ муҳтоҷ эътибори алоҳида нигаронида мешавад, – гуфт дар баромади худ муовини раиси бонки мазкур Азиз Низомов. – «Микрокредитбанк» барои бо шуғли доимӣ таъмин намудан ба 7 572 шаҳрванд ҷамъ 82,7 млрд. сӯм вом ҷудо кард. То имрӯз барои дастгирии занони соҳибкор 85,2 млрд. сӯм, ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб кардани хатмкунандагони коллеҷҳои касбу ҳунар 9,8 млрд. сӯм ё ки дастгирии соҳибкории оилавӣ 12,3 млрд. сӯм вом ҷудо карда шуд.
«Микрокредитбанк» ба омӯхтани таҷрибаи кории бонкҳои хориҷ ва кӯмаки молиявӣ расондан ба соҳибкорӣ аз тариқи вомҳои хориҷӣ эътибори алоҳида медиҳад. Масалан, бо мақсади ҷорӣ кардани таҷрибаи пешқадами Туркия дар низоми бонк бо департаменти рушд ва дастгирии соҳибкории миёна ва хурд (КОСГЕБ) меморандум имзо гардид.
Моҳи апрели соли ҷорӣ як гурӯҳ ходимони бонк дар «Ярмаркаи байналхалқии зоотехника ва хоҷагии қишлоқ», ки дар шаҳри Фоджиаи Итолиё баргузор шуд, иштирок карданд. Дар он масъалаи парвариши харгӯшҳои зотдор, коркард ва ба ҳолати маҳсулоти тайёр овардани гӯшт, пӯст ва мӯйинаи он мавриди муҳокима қарор гирифт.
Бо мақсади ҷорӣ кардан ва омӯхтани таҷрибаи соҳаи мазкур 2 августи соли ҷорӣ бо иштироки ассотсиатсияи харгӯшпарварони Итолиё ва мутахассисони соҳаи генетикаи Донишгоҳи Пяченса дар шаҳри Бухоро доир ба рушди харгӯшпарварӣ семинар ташкил карда мешавад.
Дар чорабинӣ ходимони бонк ба саволҳои намояндагони ВАО доир ба афзалиятҳои вом, гузаронидани маблағ аз карточка ба карточка ва ҳифзи он ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: