Долларфурӯш дастгир шуд

Таҳти ҳамкории департаменти шӯъбаи ноҳияи Шаҳрихони назди Сарпрокуратура ва шӯъбаи корҳои дохилӣ чорабинии оперативӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ шаҳрванд А.Қ., ки бо мубодилаи асъор машғул буд, ба шаҳрванд А.Г. ҳангоми фурӯхтани ҷамъ 3400 доллари амрикоӣ ба маблағи 43,2 миллион сӯм дастгир шуда, аз ҷайби ӯ 6500 рубли русӣ, 67 миллион сӯм ва 5 евро ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.

Аз рӯи ин ҳолат бар асоси моддаи 177-и Кодекси ҷиноӣ (ғайриқонунӣ ба даст овардан ё додани арзишҳои асъорӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: