ДОЛОНИ НАВИ НАҚЛИЁТИИ ӮЗБЕКИСТОНУ ЧИН ВА ТОҶИКИСТОН

Корвони аввали озмоишии иборат аз шаш автомошин бо ин долон аллакай аз Ӯзбекистон ба сафар баромад, хабар медиҳад «Азия-Плюс».

Ӯзбекистон ба истифодаи роҳҳои мошингарди Тоҷикистон барои интиқоли бор ба Чин оғоз кард.
Долони нави нақлиётӣ шаҳри Тирмизи Ӯзбекистонро бо шаҳри Қошғари Чин мепайвандад. Автомошинҳои боркаш тариқи Душанбе мегузаранд.
Корвони аввали озмоишии иборат аз шаш автомошин аллакай аз Ӯзбекистон ба сафар баромад. Он 1422 километр масофаро тай мекунад.
– Роҳандозии ин долон барои рушди ҳамкории минтақавӣ байни кишварҳо ва дастрасии мо ба бандарҳои Чин имконоти нав муҳайё месозад, – гуфтааст дар маросими тантанавии ифтитоҳи роҳ муовини раиси Ассотсиатсияи боркашонҳои автомобилии байналмилалии Тоҷикистон Боймурод Эшонов.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: