Дар Тошканд 2 ноябр ҷамъомади навбатии Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба вуқӯъ пайваст.
Ин ҷамъомад, ки аз рӯи тартиб ҳаждаҳум ба шумор меравад, ба ғайр аз раисони ҳукуматҳои давлатҳои аъзо меҳмононро аз ташкилоту ниҳодҳои гуногуни минтақавӣ ва байналхалқӣ гирди ҳам овард. Аз ҷумла аз ЭКАТО-и СММ, ИДМ, АСЕАН, Машварати ҳамдастӣ ва чораҳои эътимод дар Осиё, КИА, ТОК СММ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ шахсони расмии олирутба ба далели таваҷҷуҳашон ба ин ҳамоиш ҳузур доштанд.
Дар ниҳояти он 14 ҳуҷҷат ба имзо расид ва ҳар яки он дорои аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ низ мебошад, ки дар ин даврони бесуботии сиёсӣ ва иқтисодӣ, гузашта аз он норавшании истиқболи муносибатҳои байни абарқудратҳо дар саҳнаи сиёсии ҷаҳон эътимод байни ҳамсоягон беш аз ҳарвақта фавқулодда муҳим аст.
Аз забони Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов гуфта шуд, ки ҷумҳурӣ дар созмон фаъолияти худро барои боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкорӣ идома медиҳад. Ба ёд мерасад, ки дар ҳамоишҳои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Остона (Қазоқистон), Синдао (Чин) ва Бишкеки Қирғизистон Президент Шавкат Мирзиёев дар заминаҳои таъмини бехатарӣ, ҳамдастӣ дар робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву таълимӣ ва маданиву гуманитарӣ пешниҳодот баён намуда буд. Аз ин боис шароити мавҷуда ва фазои начандон мусоид дар иқтисодиёти ҷаҳон водор месозад, ки дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, инфрасохтору нақлиёт ва агросаноатӣ фаъолтар бояд буд.
Бояд гуфт, ки барои татбиқ ва пиёдасозии чунин лоиҳаҳои иқтисодӣ ниҳодҳои дигари мисли Маркази дипломатияи халқии СҲШ дар Ӯзбекистон таъсис ёфтааст, нақши муҳим доранд. Ҷониби Чин низ созмон ёфтани чунин марказҳоро дастгирӣ менамояд ва дар ин замина ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаро муфид мешуморад. Махсусан майдони Донишгоҳи байналхалқии «Ипак йӯли»-и Самарқанд барои ҳамин гуна машварату мубодилаҳо хеле муносиб дониста шуд.
Саркотиби СҲШ Владимир Норов аз хусуси иҷрои барномаҳое гузориш дод, ки созмон дар ҳамоиши Бишкек дар назди ҳукуматҳо гузошта буд.
Табиист, ки ҷанбаи иқтисодӣ дар ҳамоиш аз мавзӯъҳои бартариноки он ба шумор мерафт. Дар ин асно ишора ба якҷоя пурзӯр сохтани кӯшиш барои ташаккули иқтисодиёти байналхалқии тарзи кушод беҳуда набуд.
Барои тараққиёт ва густурда сохтани иқтисодиёт дар фазои ҳудуди давлатҳои аъзои СҲШ бошад, инфрасохтор ва роҳу даҳлезҳо ногузиранд. Дар ҷамъомад таъкид гардидани пурзӯрсозии ҳамкории бисёрҷониба дар заминаи инкишофи даҳлезҳои нақлиёт ва тасдиқ гардидани Консепсияи ҳамдастии маъмуриятҳои роҳи оҳани давлатҳои аъзои СҲШ аз ин маншаъ мегирад.
Барои мо ҷолиб менамояд, ки робитаҳо байни ҳукуматҳо дар бобати хидматрасонии босифат барои аҳолии маҳалли иқоматаш дурдаст ва деҳот амиқ хоҳанд гардид. Дар баробари ба вуҷуд омадани аҳду паймон дар бораи минбаъд равнақ додани алоқаҳо дар заминаҳои илму маданият, таълиму варзиш ва техника, барои тарғиб намудани потенсиали ҷолибияти сайёҳии мамлакатҳо ба далели ғановати таърихиву меъморӣ ва мадании онҳо пешниҳодот иброз гардид. Масъалаи экологӣ низ аз назар дур намонд. Ғояи дастгирӣ намудани ташаббуси Ӯзбекистон доир ба ташкил намудани лоиҳаи «Ҳавзаи Арал – ҳудуди инноватсия ва технологияи экологӣ» ироа гардид.
Дар бобати бехатарии минтақа мавзӯи Афғонистони ҳамсоя ҳанӯз дар маркази диққати СҲШ боқӣ мемонад. Иштироки вакили мамлакати нозир, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло ва дар суханронӣ ба он нукта ишора намудани ӯ, ки Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳаёти Афғонистон нақши боризтар бояд дошта бошад, водор месозад, ки ин масъала дар маркази таваҷҷӯҳи давлатҳои аъзо минбаъд ҳам қарор дошта бошад.
Шоистаи зикр аст, ки ҳамоиши навбатии сарони ҳукуматҳои СҲШ бори аввал дар узви нави он – Ҳиндустон соли оянда барпо мегардад.
Тоҷибой ИКРОМОВ,
шореҳи сиёсии
«Овози тоҷик».