ДОМОДИ АМРИКОӢ

Ҳикояи воқеӣ

Ин воқеа гӯё дирӯзакак рух дода буд, вале аз он айём наздики бист сол гузаштааст. Ман он солҳо ҷавони сисолаи боғайрат будам. Қариб ҳар рӯз бо «Нексия»-и худам мусофиронро аз Самарқанд сӯйи Тошканд мебурдам ва меовардам.
Аслан омӯзгорам. Баъди хатми Донишкадаи забонҳои хориҷӣ шаш сол дар мактаби шаҳр аз фанни забони англисӣ дарс додам. Аз кори мактаб дилгир шудам. Барилова он солҳо маоши омӯзгорон кам буд. Аз ин рӯ, муваққатан ронандагиро пеша кардам.
Як рӯзи баҳор аз истгоҳи «Расадхонаи Улуғбек» чор мусофирро гирифта, ба роҳ баромадам. Ҳаво табъи дил буд: на гарм, на сард. Баъди борони дирӯза кӯчаву хиёбонҳо, боғу пайроҳаҳо, ҳатто мошинҳо тозаву озода менамуданд. Аз тамошои манзараҳои атроф, хусусан, деҳаҳои пур аз долу дарахт чашм сер намешуд. Ба гуфтаи Хоҷа Ҳофиз:
Ба ду дида кай тавонам, ки рухи ту сер бинам,
Ду ҳазор дида бошад, ки туро кунам наззора.
Баъди соате аз ноҳияи Булунғур, яъне Баландкӯҳ мегузаштем, ки ногоҳ садои занги телефонам баланд шуд. Тугмачаи телефонро пахш карда «ало» гуфтанамро медонам, аз он сӯйи уқёнуси Атлантика ба гӯшам садои писари тағоям – Рустам расид, ки саросемавор мегуфт:
– Ҷавоҳир, ҷӯраҷони азиз, туӣ? Саломатии худат, падару модар, хоҳару додар, келин ва бачаҳоят хуб аст? Аз ту як илтимос. Баъди як ҳафта, 28-ум, соати 6-и субҳ ба фурудгоҳи шаҳри Тошканд баромада, як нафар дӯсти амрикоии маро бояд пешвоз бигирӣ. Агар имкон дорӣ, дар телефонат навишта мон. Самолёти «Ню-Йорк – Тошканд», рейси 217.
Гумон кардам, ки меҳмони амрикоӣ мисли дигар сайёҳон барои тамошо меояд. Аммо...
Пешинӣ ба шаҳри Тошканд расида, дар қаҳвахонае таом мехӯрдам, ки писартағоям боз занг зад.
– Дар роҳ буданатро фаҳмида гапро кӯтоҳ кардам, – гуфт ӯ. – Акнун давомашро шунав. Худат, ҷӯраҷон, нағз медонӣ, ки ман дар Амрико чор сол боз танҳоям. Дар Самарқанд янгаат ҳам бе ман зиқ шудааст. Ҳар бор, ки занг мезанам, «маро ҳам ба наздатон баред» гӯён гиря мекунад Сарвиноз. Азбаски ин ҷо ғайриқонунӣ кору зиндагӣ дорам, наметавонам, ки ба янгаат ва писарчаам даъватнома фиристам.
Як адвокати амрикоӣ, албатта ба ивази пул, ба ман маслиҳати хуб дод. Бо роҳнамоии ӯ як бевамарди сиву шашсолаи амрикоӣ бо номи Ҷеймс ба Самарқанд меравад ва бо Сарвиноз аз қайди никоҳ мегузарад. Баъди тақрибан як моҳ онҳо барои гирифтани виза аз сафоратхонаи Амрико ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон парвоз мекунанд. Дар ин сафар ту ҳам бояд бо онҳо ҳамроҳ бошӣ. Тамоми сарфу хароҷот аз ҳисоби ман, ҷӯра. Чӣ кор кунам, ғайри ту дӯсти кордону англисидон надорам. Насиб бошад, дар суннаттӯйи писарчаҳоят тӯёнаи хуб мефиристам.
Сарвиноз – келини ҳам дар ҳусн, ҳам дар кордонӣ беҳамтои мо омад-омади «домод»-и амрикоиро шунида, гул-гул мешукуфт. Ӯ ҳанӯз меҳмон наомада, бо як дугонааш ба Хонаи ақди никоҳи ноҳия рафт ва дар як рӯз никоҳи худу  шавҳарашро бекор карда омад.
– Баъзе одамҳо барои ҷудо шудан як солу ду сол сарсон мешаванд. Ман ба шумо қоил, – гуфтам ба Сарвинозкелин. – Чӣ тавр тавонистед?
– Пул бошад, дар чангол шӯрбо, – ҷавоб дод ӯ.
Рӯзи муайяншуда дар даст гулдаста соати 6-и субҳ дар назди фурудгоҳи Тошканд ҳозиру нозир шудам. Барои он ки меҳмон маро зуд пайдо намояд, номамро дар компутер бо ҳарфҳои калони лотинӣ чоп карда, бо риштае ба гарданам овехтам.
Самолёти «Ню-Йорк – Тошканд» ҳамон рӯз ду соати расо дер монда омад. Баъди хеле интизорӣ ниҳоят мусофирон бо ҷомадонҳои калон аз бинои фурудгоҳ берун мешуданд. Марди хушлибос ва ситорагармеро дида, хурсанд шудам. Пиндоштам, ки домоди амрикоӣ ҳамин аст. Наздиктар рафта гуфтам:
– Ҳелоу, гуд монинг. Май нейм из Ҷавоҳир. Уот из йо нейм?
Аммо марди ситорагарм хандида, бо забони русӣ ба ман фаҳмонд, ки аз Тошканд аст.
Чашм аз дари фурудгоҳ намекандам. Аҷиб, ки аз он зану мард, пиру ҷавони бисёри ӯзбекистонӣ  мебаромаданд. Нигоҳам ба марди 35-40 солаи қоматбаланд афтод, ки дар чашм айнаки сиёҳ дошт. Ана ҳамин «домод»-и мо гуфтаму сӯяш давидам. Баъди салом бо забони англисӣ пурсидам, ки номи вай Ҷеймс аст?
(Давом дорад).
Маҳбуба НЕЪМАТЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: