«ДОНАНДАИ САРҚОНУН»

Чунин ном дошт озмуне, ки бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон миёни муҳассилини панҷ мактаби таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Фориш баргузор гардид.

Чунин ном дошт озмуне, ки бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи қабули  Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон миёни муҳассилини панҷ мактаби таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Фориш баргузор гардид.
Ин озмун бо ташаббуси омӯзгорони фанҳои ҳуқуқу таърихи мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 46-уми ноҳия Икром Баротов ва Қаҳрамон Бекмуродовҳо айнан дар ҳамин мактаб созмон дода шуд. Ҷамоаҳои «Адолат»-и мактаби мизбон (46), «Қомус»-и мактаби рақами 49 (омӯзгораш Арслон Мақсадов, тарғиботчӣ Пардабой Деҳқонов), «Парламент» аз мактаби рақами 14 (омӯзгори фанни ҳуқуқу таърих Охунҷон Баротов), «Ҳуқуқшинос»-и мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 31(маҳаллаи Отақӯрғон) ва боз як «Адолат» аз мактаби миёнаи рақами 13-и деҳаи Порашт таҳти сарварии омӯзгор Нурҷон Ярашев  шаш нафарӣ аз рӯи чаҳор шарт (шиносоӣ, маълумоти мухтасар дар бораи Сарқонун, саволу ҷавоб оид ба моддаҳои Қомуси Асосӣ, намоиши саҳначае, ки дар маҳаки худ ягон моддаи Қонуни Асосиро ифода мекард) дониши худро санҷиданд. Дар ҷараёни баҳсу мунозираҳо аён гардид, ки хонандагони мактаби рақами 31 таҳти роҳбарии устоди худ, омӯзгори фанни ҳуқуқ Фарҳод Хӯҷамиёров ба ин тадбир хуб омодагӣ гирифтаанд. Онҳо ҷойи аввалро ба даст оварданд. Ҷойи дуюм ба гурӯҳҳои «Адолат» ва «Қомус»-и мактабҳои 46-у 49-ум насиб гардид. Ҷойҳои сеюму чаҳорумро «Парламент»-у «Адолат»-и мансуб ба мактабҳои рақами 14 ва 13 ба ҳам диданд. Озмун собит сохт, ки хонандагон пайи аз бар намудани боб ва моддаҳои Сарқонун кӯшиш кардаанд. Бояд гуфт, ки дар чаҳор мактаби номбурда таълим пурра ба забони тоҷикист. Фақат дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 31-уми маҳаллаи Отақӯрғон таълим ба забони давлатӣ ҷараён дорад. Месазад, ки марказҳои таълими ҷумҳурӣ барои ба забони тоҷикӣ бештар баргардондани китобчаи Конститутсия азм намоянд. Зеро дар сурати бо забони тоҷикӣ дастрас гардидани он хонандагон мафҳум ва вожаҳои ҳуқуқиро бо забони модарии худ хонда, аз бар менамоянд. 
Ба ҷамоаҳо тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳо пешкаш карда шуд. Аз иштирокчиён, толибаи мактаби рақами 31 Рухшона Чинибекова, аз мактаби рақами 46 Рамзия Дӯнабоева ва аз мактаби рақами 13 Дилноза Тӯймуродова, Шабнам Мӯъминбоеваҳо фаъолнокӣ зоҳир намуданд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: