«ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ»

Солҳои донишҷӯӣ дар Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд борҳо аз суҳбати устоди равоншодам, доктори илмҳои филология Абдуманнон Насриддинов баҳра бурдаам ва аз ин суҳбатҳо ғизои маънавӣ ҳосил кардаам.

Солҳои донишҷӯӣ дар Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд  борҳо аз суҳбати устоди равоншодам, доктори илмҳои филология  Абдуманнон Насриддинов баҳра бурдаам ва аз ин суҳбатҳо ғизои маънавӣ ҳосил кардаам. Он кас аз маъруфтарин устодони мо маҳсуб меёфтанд, ки ҳар як дарсашон пурмуҳтаво ва диққатҷалбкунанда буд. 
Дар ҷараёни яке аз дарсҳо таъкид намуданд, ки ҳар як омӯзгори адабиёт бояд ба як нуктаи муҳим таваҷҷӯҳ зоҳир намояд. Ҳамин нуктаи муҳим инъикоси мавзӯи панду ахлоқ дар ашъори соҳибқирони шеъри ноби форсӣ Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммади  Рӯдакӣ мебошад. Баъд Насриддинов пораҳо аз шеърҳои панду ахлоқии Одамушшуароро ба таври ба худ хос мехонданду мағзу маънояшро ба мо равшану возеҳ шарҳ медоданд.
Вақте ки солҳои донишҷӯӣ паси сар шуд, барои кор ба мактаби деҳа омадам, то ки дониши андӯхтаамро ба амал татбиқ намоям. Аз  рӯзҳои аввал сар карда бо  масъулият ба кори омӯзгорӣ пардохтам. Хусусан, зимни дарси адабиёт ҳамон таъкиди устод Насриддинов ҳамеша дар як гӯшаи хаёлам ҷилва мекунад. 
Ҳоло низ дар ҳар соати дарсу машғулият кӯшиш мекунам, ки ба шогирдон маънову муҳтавои осори адибони гузаштаву муосирро хеле хуб фаҳмонам, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои саҳеҳу равшан диҳам. Маҳз дар ин гузориш хостам мавзӯи панду ахлоқ дар эҷодиёти Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро дар меҳвари асосӣ қарор диҳам. 
Албатта, тибқи дарсҳои маъмулӣ ба шогирдон қабл аз он, ки роҷеъ ба мавзӯи мадди назар маълумот диҳам, мухтасар дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сардафтари адабиёти классикӣ Устод Рӯдакӣ таваққуф менамоям. Бештар маълумотеро ироа мекунам, ки берун аз китоби дарсӣ гирдоварӣ кардаам.  
Баъд аз он ки ин нукот ба таври мухтасар баён гардид, ба баёни асли мавзӯъ мепардозам. Ба шогирдон мегӯям, ки аз устод Рӯдакӣ то замони мо шеърҳои пароканда ба мерос боқӣ мондаанд, вале ана ҳамин ашъори пароканда ӯро дар адабиёти мо ҳамчун шахсияти бузург ва оламшумул муаррифӣ кардаанд. Рӯдакӣ омӯзгори бузург ва талқингари панду ахлоқи ҳамида мебошад. Дар шеърҳои зиёди ӯ ахлоқи пок, одаму одамгарӣ, инсонпарварӣ, ақлу хирад, илму дониш ва мардонагӣ хеле хубу нишонрас талқин шудаанд. 
Дар идома ба шогирдон шарҳ медиҳам, ки ҳатто як байти устод Рӯдакӣ маънову муҳтавои як китобро соҳиб мебошад. Барои тасдиқи фикри худ ин байти ӯро барои онҳо   мехонам:
Замона гуфт маро: 
«Хашми хеш дор нигоҳ, 
Киро забон на бар банд 
аст, пой дар банд аст».
Шарҳ медиҳам, ки одам ҳангоми ба хашм омадан ҳарчи ба забонаш ояд, бидуни истиҳолаву андеша баён мекунад, дилҳоро меранҷонад, аз захми забони ӯ чанд қалб маҷрӯҳ мешавад. Аммо баъд пушаймонӣ мешавад, ки сари ҷаҳл натавонист забони худро нигаҳ дорад. 
Аз назари Рӯдакӣ ин ҷаҳон дарёеро мемонад, ки кас танҳо бо киштии  накӯкорӣ ба он тарафи  соҳил худро мерасонад. Ин чаҳор мисраъ шеър аз байтҳои маъруфи Устод Рӯдакӣ мебошанд. Аз ин байтҳо устодон, калонсолон дар нишасту маҳфилҳо истифода мекунанд:
Ин ҷаҳонро нигар ба 
чашми хирад, 
Не бад-он чашм, к-андар 
ӯ нигарӣ. 
Ҳамчу дарёст в-аз 
накукорӣ
Киштие соз, то бад-он 
гузарӣ!
Мушкил нест ба атроф бо чашми хирад ва ақлу заковат назар куниву бубинӣ, ки ҳар гуна одамро некӣ ба манзили мурод мерасонад. Ҳеч кас аз бадӣ ба натиҷае нарасидааст. Одам бояд ба дигарон некӣ кунаду савоб гирад.
Баъд аз худи бачаҳо мепурсам, ки оё ба ҳамин монанд ягон ҳодисаро ба ёд оварда метавонанд. Ба ин васила муайян карданӣ мешавам, ки шогирдон моҳияти мавзӯъро то чӣ андоза дуруст сарфаҳм рафтаанд ва оё метавонанд дар вокуниш ба он ягон мисоли ҳаётӣ оваранд.
Дар бораи он ки ҳаёт барои ҳар як фард бузургтарин омӯзгор аст, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аллакай дар замони худ муносибаташро ба воситаи як байти машҳури худ дар ин робита иброз доштааст. Ин байт низ дар нишасту маҳфилҳои гуногун батакрор вирди забони умум мегардад:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти 
рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеч 
омӯзгор.
Ба шогирдон мефаҳмонам, ки чаро барои одаме, ки аз дарси ҳаёт таҷриба ҳосил накарда ва хулосаи дуруст набаровардааст, ягон маслиҳату машварати дигар барои ӯ таъсири мусбат расонида наметавонад. Дар ин байт Одамушшуаро маҳз ба ҳамин нукта ишора кардааст, ки барои чунин афрод роҳ нишон додан талоши беҳуда мебошад. 
Барои он ки соати дарсӣ шавқовар гузарад, ду нафарро ба мусобиқа даъват мекунам. Ҳарду аввал дар алоҳидагӣ ба овози баланд ин байтро қироат мекунанд, пас ба ташреҳи мундариҷаи он мепардозанд. 
Дарвоқеъ, баъзан шогирдон зимни шарҳ шояд ҳарфҳое ба забон оваранд, ки ҳатто омӯзгор дар ҳайрату шигифт монад. Баъди шарҳи шогирдон мавзӯъро мухтасар хулоса мекунам ва саёҳати худро дар гулистони шеърҳои панду ахлоқии устод Рӯдакӣ идома мебахшам. 
Дар як байт Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чунин мефармояд:
Чун теғ ба даст орӣ,
мардум натавон кушт. 
Наздики Худованд бадӣ 
нест фаромушт.
Аввал аз шогирдон мепурсам, ки онҳо аз ин байт чӣ маънӣ дарёфтаанд ва оё кадоме аз онҳо метавонад фикрашро баён созад. Агар зеҳни шогирдон дар тафсири ин байт кундӣ кунад, дар он сурат ба маънидод кардани он худам мепардозам: 
Дар байти мазкур он маънӣ ниҳон аст, ки агар рӯзе ба дасти касе ногаҳон теғе афтад, вай талош мекунад, ки бо ин теғ ба ҷони чанд одам зарар расонад. Аммо Худованд асло барои чунин кори бад бандаашро намебахшад. 
 Мардуми мо меҳмонро хеле азизу мукаррам медоранд. Ҳар як хонавода кӯшиш мекунад, ки иззати ӯро ба ҷо оварад ва ҳар чӣ дорад рӯйи дастурхон гузорад. Аммо меҳмонӣ набояд дер пояд. Беҳтар аст гӯянд, ки чаро дер боз ба хонаи мо наомадӣ. Ин маънӣ дар як байти устод Рӯдакӣ қазоват шудааст:
Чунон ки хубии 
меҳмону дӯст буд азиз, 
Бишуд,ки бознаёмад,
 азиз меҳмон буд.
Яъне ҳамон дӯст ё меҳмон азиз аст, ки агар зуд-зуд ба хонаат наояд, дар акси ҳол обрӯяш назди ту коста мегардад ва аз азизии ӯ ному нишон боқӣ намемонад.
Дар ҷойи дигар устод Рӯдакӣ дар тарғиби донишу хирад байте фармудааст. Ба ақидаи ӯ барои ҳар як фард аз омӯхтани илму фарҳанг чизи қиматтаре нест:
Ҳеч ганҷе нест аз 
фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯй бар ин 
ганҷ неҳ.
Иштибоҳ хоҳем кард, агар шеъри машҳури устод Рӯдакиро дар бораи омӯзиши илму дониш ба шогирдон нахонему тафсир накунем. Ростӣ, ин шеър чандон ба шарҳу тафсир эҳтиёҷ надорад. 
То ҷаҳон буд аз сари 
одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш 
бениёз...
Дониш андар дил чароғи 
равшан аст 
В-аз ҳама бад бар тани 
ту ҷавшан аст.
Дар охир ба шогирдон вазифа месупорам, ки дар баробари азёд кардани пораҳои шеърие, ки дар китоби дарсӣ дода шудаанд, баъзе байтҳои дар дарси имрӯза ёдоваришударо низ аз ёд кунанд, ки ба мақсад  мувофиқ аст. 

Зарифҷон БОТИРОВ,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики
мактаби таҳсилоти умумии рақами 
14 ноҳияи Сӯх.    

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: