Имрӯз ба ҳама соҳа нигарем, мебинем, ки бе тарбия намудани кадрҳои баркамоли ҳозиразамон ягон натиҷа ба даст овардан мумкин нест.
Сабаб дар он аст, ки ба самаранокии ҳар як ҳадафу ислоҳот тавассути илм ноил шудан мумкин аст.
Аз ин рӯ, дар панҷ-шаш соли охир дар мамлакатамон барои ба қуллаҳои баланди дониш расидан, ақлу заковат, имкониятҳои эҷодӣ ва қувваи худро нишон додани ҷавонон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар солҳои минбаъда дар натиҷаи ислоҳоти пай дар пай амалӣ гардонидашуда, садҳо мактабҳои нав, барои 500 ҳазор хонанда ҷойҳои иловагӣ, зиёда аз 7 ҳазор синфхонаи замонавии компутерӣ бунёд гардиданд.
Ба қарибӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Муроҷиатномаи худ оид ба ислоҳот дар соҳаи маориф дар Маркази байналмилалии конгрессҳо ба ҳамин масъала дахл карда, таъкид намуд, ки ҳаракатҳо барои ҷорӣ кардани ташаббусҳо дар Ӯзбекистони Нав, бахусус ислоҳоти соҳаи маориф дар ноҳияҳои дурдаст идома доранд.
Зимни мулоқот бо масъулони маориф ва омӯзгорон дар бораи мактаббачагон ва меҳнати маҷбурӣ сухан ронда, қайд кард, ки қабул кардани қарор дар хусуси манъи ҷалби мактаббачагон ба меҳнати маҷбурӣ осон набуд. Камбудиҳои соҳаи таълим аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил гардида, роҳҳои бартараф намудани онҳо нишон дода шуданд. Афзалиятҳои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани малака ва нуфузи омӯзгорон дар ҷомеа, баланд бардоштани маънавиёти насли наврас муайян карда шуданд.
Сарвари давлат дар бораи он ки ҳар як инсон фарзандон, ояндаи худро ба муаллим бовар карда месупорад, сухан ронда, таъкид кард, ки солҳои охир кайфият ва дарсдиҳии омӯзгорон тағйир ёфтааст.
Ҳамаи ин натиҷаи он аст, ки дар Ӯзбекистон солҳои охир дар ин бобат қадамҳои хеле муҳим гузошта шуда, пеш аз ҳама ба такмили сохтори маориф ва тарбияи ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ ва маънавияти баланд диққати махсус дода мешавад.
Як вақтҳо омӯзгорон аз вазифаи асосӣ дар канор монда, ба корҳое ҷалб карда мешуданд, ки ба фаъолияташон тамоман алоқаманд нестанд. Ба ҷойи он ки ба бачаҳо таълим диханд, тамоми тирамоҳро дар пахтазор мегузаронданд. Донишҷӯён низ ба ҷойи таҳсил ба пахтазор рафта, пахта мечиданд. Ин ба сифати таълим таъсири манфӣ расонд.
Ба туфайли ислоҳоти соҳаи маориф таҳти роҳбарии Президентамон дар мамлакат дигаргуниҳои бузург ба амал омад. Ин навгониҳо на танҳо дар мамлакати мо дигаргуниҳои бузурги мусбат ба амал оварданд, балки обрӯйи мамлакати моро дар арсаи байналхалқӣ ба марҳилаи нав бароварданд.
Чуноне ки маърифатпарвари маъруф Абдулло Авлонӣ гуфтааст: “тарбия барои мо ё ҳаёт, ё мамот, ё наҷот, ё ҳалокат, ё саодат, ё фалокат аст”. Вазифаҳое, ки Сарвари давлат дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис ва зимни муаррифии китобҳои дарсии замонавӣ ба миён гузоштааст, аз он ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ аст, ки онҳо барои баланд бардоштани сифати таълим ва таъмини рушди илм дар кишвари мо хидмат мекунанд.
Ғайрат АБДИЕВ,
узви Кумитаи масъалаҳои фан, таълим, маданият ва варзиши Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.