ДОНИШ ШАВАД ЗИ ОЗМОИШ ФУЗУН

Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба муассисаҳои таълими олӣ анҷом ёфт

Бояд гуфт, ки сол то сол адади ҷавононе, ки хоҳиши идомаи таҳсилро дар муассисаҳои таълими олӣ доранд, меафзояд. Бино ба ҳолати 25-уми июл ба муассисаҳои таълими олии кишвар 1 071 455 нафар довталаб ҳуҷҷат супоридаанд. Дар радифи боргоҳҳои таълими олӣ, ки аз рӯйи қабули ҳуҷҷатҳои довталабон пешқадаманд, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов низ қарор дорад. Хуб, ҷараёни қабули ҳуҷҷатҳо ба ин донишгоҳ, ки яке аз мактабҳои олии бонуфузи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, чӣ гуна сурат гирифт? Мо бо чунин суол ба проректори донишгоҳ доир ба корҳои таълим, доктори фанҳои физика-математика Аҳмадҷон СОЛЕЕВ муроҷиат намудем.
– Мувофиқи фармоиши сарвари давлат аз 15-уми июни соли 2022 “Дар бораи параметрҳои фармоиши давлатӣ оиди қабул ба муассисаҳои давлатии таълими олӣ дар соли хониши 2022/2023” як қатор чорабиниҳо амалӣ гардид, – гуфт Аҳмадҷон Солеев. – Номзади фанҳои ҳуқуқшиносӣ Раҳматуллоҳ Мирзоев мудири шӯъбаи қабул таъин гардид. Ва аз 20-уми июн ба тариқи онлайн дар сайтҳои my.dtm.uz вa my.gov.uz ба рӯйхат гирифтани довталабон оғоз ёфт. Бояд гуфт, ки қабули онлайни ҳуҷҷатҳо барои на танҳо довталабон, балки барои волидони онҳо низ хуб шуд. Солҳои пеш ҷавонон ноилоҷ аз минтақаҳои дурдаст ба маркази шаҳр меомаданд. Соатҳо навбат меистоданд. Дар натиҷа ҳам асаби волидайну наздикони онҳо вайрон мегардиду ҳам харҷи барзиёд мешуд. Инак ҳоло ин ҳама барҳам хӯрд ва довталабон метавонанд аз гӯшаи дилхоҳ ҳуҷҷатҳои худро ба панҷ самти писандидаи хеш супоранд. Боз як навигарӣ он аст, ки имсол ҳангоми санҷишҳои тест ба довталабон ҷадвали формулаҳои асосӣ дода мешавад. Ғайр аз ин, онҳо аз ҷадвали даврии элементҳои кимёвии Д.Менделеев, ҷадвали катакҳои физикаи доимӣ ва аломатҳои шартӣ истифода намуданашон мумкин аст. 
– Дар қабул ба муассисаҳои таълими олӣ киҳо имтиёз доранд?
– Хатмкунандагоне, ки дар олимпиада, мусобиқа ва озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ғолиб гардидаанд. Ҷоизадорони мукофотҳои ба номи Зулфия, «Ниҳол», «Ҳамшира», «Мард ӯғлон», бачагони ятиме, ки комилан зери парастории давлат ҳастанд, фарзандони хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин боз якчанд имтиёз, ки дар матбуот эълон шудааст.
– Аҷиб, имсол санҷишҳои тест дар куҷо гузаронида мешавад?
– Имтиҳонҳои қабул дар панҷ майдони кушоди вилоят: дар варзишгоҳи «Нурафшон»-и шаҳраки Кимёгарон, варзишгоҳи ҷавонон ва наврасони шаҳраки Саратепа, варзишгоҳи Рустамқишлоқи ноҳияи Самарқанд, варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷомбой, варзишгоҳи шаҳраки Даҳбеди Самарқанд дар ду баст хоҳад гузашт. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки пас аз эълон шудани рӯзи имтиҳонҳо ба рақами телефоне, ки довталабон тавассути онлайн сабти ном кардаанд, дар бораи ҷойи имтиҳон дар шакли «смс» маълумот ирсол мегардад.
– Оиди қабул ба гурӯҳҳои тоҷикии донишгоҳ чанд сухан мегуфтед.
– Дар соли таҳсили 2022-2023 ба гурӯҳи тоҷикии филология ва бозомӯзии забонҳои донишгоҳ ҷамъ 30 нафар қабул карда мешаванд, ки аз он 10 нафар бо гранти давлатӣ ва 20 нафар дар асоси шартнома. Инчунин, дар ҳамин факултет шакли таҳсилоти ғоибона ва шабона роҳандозӣ гардидааст. Ба шуъбаи ғоибона 25 нафар ва ба шуъбаи шабона ҳам 25 нафар донишҷӯ, ҷамъ 50 нафар дар асоси шартнома қабул карда мешавад.
Ғайр аз ин, дар Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистон – Финландияи тобеи Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ як қатор гурӯҳҳои тоҷикӣ амал мекунанд. Дар соли таҳсили 2022-2023 ба гурӯҳҳои тоҷикии таълими томактабӣ ва таълими ибтидоӣ 25 нафарӣ донишҷӯ (7 нафарӣ дар асоси грант ва 18 нафарӣ дар асоси контракт), ба гурӯҳи математика 20 нафар (8 нафар буҷет ва 12 нафар контракт), физика, кимиё ва биология 16 нафарӣ донишҷӯён (4 нафарӣ бо гранти давлатӣ ва 12 нафарӣ дар асоси шартнома) қабул карда мешаванд.
Илова бар ин, ба гурӯҳи тоҷикии таълими технологии донишкада 20 нафар — 5 нафар дар асоси буҷет ва 15 нафар дар асоси контракт қабул карда мешаванд.
– Шумо ҳамчун устоди собиқадор ба довталабон чӣ таманно доред?
– Бо ғамхории сарвари давлатамон бо мақсади минбаъд васеъ гардондани фарогирии ҷавонон ба таълими олӣ, пурзӯр гардондани рақобати солим байни ташкилотҳои таълими олӣ, инчунин, соҳиби илму дониши замонавӣ шудани насли наврас ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил чорабиниҳои зарурӣ андешида мешавад.
Дар соли таҳсили 2022-2023 ба донишгоҳ қабули беш аз 2500 нафар донишҷӯ дар назар аст, ки аз онҳо 765 нафар дар асоси гранти давлатӣ қабул хоҳанд шуд. Бояд таъкид намуд, ки асоси ҳама гуна пешравӣ, тараққиёт маҳз илму дониш аст. 
Аз бузургон пурсидаанд, ки умрро ба кадом шуғл сарф бояд кард? – Гуфтаанд, ки ба таҳсили илм. Бояд бидонем, ки барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест.

Суҳбатнигорон 
Муродулло ТИЛЛОЕВ, 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: