ДОНИШГОҲИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДӢ ТАЪСИС ЁФТ

Маълум аст, ки сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ҳанӯз 8-уми октябри соли 2019 Фармони «Дар бораи тасдиқ намудани консепсияи рушди низоми таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030»-ро ба имзо расонида буд.

Маълум аст, ки сарвари давлат Шавкат Мирзиёев  ҳанӯз 8-уми октябри соли 2019 Фармони «Дар бораи тасдиқ намудани консепсияи рушди низоми таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030»-ро ба имзо расонида буд. Бо мақсади таъмин намудани иҷрои Фармони мазкур лоиҳаи қарори Девони Вазирон «Дар бораи дар Ҷиззах таъсис додани Донишгоҳи иҷтимоӣ-иқтисодӣ» таҳия гардид. Ин кор дар вилояти Ҷиззах бо ҳамкорони хориҷӣ (Русия) амалӣ хоҳад шуд.
Ба наздикӣ дар Маркази инноватсионии ҷавонони шаҳри Ҷиззах брифинг баргузор гардид. Дар он муассисон, сарварони мактабҳои вилоят, кормандони идораву муассисаҳои гуногун ширкат варзиданд. Назар ба гуфти муовини ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои сиёсати ҷавонон, маънавият ва маърифат Фурқат Ҷӯрақулов ҳамин ки лоиҳаи қарор тасдиқ шуд, ҳама ба кор мепардозем ва ба бисёр масъалаҳо рӯшанӣ хоҳем андохт. Барои бахши бакалавриат аз рӯйи самтҳои психология, иқтисод, менеҷмент, сайёҳӣ, меҳмонхонадорӣ, ҳисоб, таълими томактабӣ, таълими ибтидоӣ, корҳои варзишӣ-тарбиявӣ довталабон қабул  карда мешаванд.
Ҳар сол даҳ фоизи шумораи умумии ба таҳсил қабулшудагонро фарзандони оилаҳои камбизоат ташкил хоҳад кард. Пули таҳсили онҳо аз ҳисоби буҷаи донишгоҳ пардохт мегардад.
– Ҳудуди Ҷиззах барои таъсис додани ин қабил муассисаи таълимӣ хеле қулай мебошад, – гуфт муассиси донишгоҳи нав Егор Воробёв, – мо бисту панҷ фоизи муаллимони дорои тоифаи олиро аз дигар донишгоҳҳои хориҷӣ ба кор ҷалб мекунем.
Таҳсил дар Донишгоҳи иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷиззах аз соли хониши 2021-22 оғоз меёбад. Ба хатмкунандагони он дипломе, ки дар ҳар ду кишвар (Русия ва Ӯзбекистон) аҳамият дорад, тақдим карда мешавад.
Алҳол бинои собиқ Омӯзишгоҳи ҳарбӣ-ҳавонавардии Ҷиззах  ба донишгоҳи мазкур пешбинӣ гардидааст. Аллакай хоҳишмандонро ба курсҳои тайёрӣ қабул менамоянд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: