ДОНИШГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД

Дар арафаи ҷашни Рӯзи муаллимон ва мураббиён дар ноҳияи Қибрай Донишгоҳи байналхалқии хоҷагии қишлоқи шоҳигарии Британияи Кабир барои донишомӯзон дарҳои худро боз намуд.

Дар маросими кушодашавии донишгоҳ мушовири вазири хоҷагии қишлоқ Алишер Шукуров, директори Маркази миллии дониш ва инноватсияи хоҷагии қишлоқ Алишер Тӯраев, проректори Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи шоҳигарӣ Питер МакКаффери, директори Шӯрои Британия дар Ӯзбекистон Дениз Уоддингхэм таъкид намуданд, ки дар байни Ӯзбекистон ва Британияи Кабир дар ҳамаи соҳаҳо сол аз сол ҳамкориҳои самарабахш вусъат меёбад.
– Муассисаамон дар доираи иҷрои қарори Президент Шавкат Мирзиёев «Дар бораи ташкил намудани Донишгоҳи байналхалқии хоҷагии қишлоқ» аз 7 майи соли 2022 кушода шуд, – гуфт ректори донишгоҳ  Мунира  Аминова. – Ҳоло мо ба курси якум беш аз 160 нафар духтарону писаронро қабул кардем. Донишҷӯён аз рӯйи ҳафт самт: агрономия, агроиқтисодиёт, агрологистика, биотехнология, хоҷагии қишлоқи боақл, чорводорӣ, маҳсулоти хӯроквории бехатар таълим мегиранд. Дар донишгоҳ барои ба амал татбиқ намудани дониши андӯхта ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳоло ба нақша гирифтаем, ки дар замини назди донишгоҳ ҷиҳати селексия ва муҳандисии он таҷрибаҳо гузаронем.
Бояд таъкид намуд, ки Донишгоҳи байналхалқии хоҷагии қишлоқи шоҳигарӣ яке аз муассисаҳои таълимии бонуфузи Британия буда, таърихи 150 сола дорад. Хатмкунандагони донишгоҳ натанҳо илму таҷрибаи зиёд меомӯзанд, балки соҳиби дипломи донишгоҳи Британия низ мешаванд. Ҷараёни таълим дар марказ ва муассисаҳои хоҷагии қишлоқи Аврупо низ сурат мегирад.
– Аз сафи донишҷӯёни чунин донишгоҳи бонуфуз ҷой гирифтанам мамнунам, – гуфт донишҷӯйи курси аввал Азиза Озодбекова. – Дар ин ҷо таълим ба забони англисӣ бурда мешавад. Ҳоло барои мо имконияти пайвастан ва ҳамкорӣ намудан бо кластер ва марказҳои агросаноатии ҳудудӣ, ки дар оянда моро бо кор таъмин менамоянд, мавҷуд аст. Кишоварзӣ аз соҳаҳое мебошад, ки бо суръати баланд рушд меёбад. Фикр мекунам, ки бо донишу таҷрибаи андӯхтаамон дар рушду нумӯи соҳаи кишоварзии мамлакатамон ҳиссаи арзанда мегузорем.

Н. НОДИРОВА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: