«ДОНИШҶӮ, КОМСОМОЛ, ВАРЗИШГАР ВА БА ЗАММИ ИН СОҲИБҶАМОЛ»

Бо шунидани ин ибораи машҳур дар пеши назари аксарият, ки ба олами сеҳромези кино бетаваҷҷӯҳ не, бешубҳа, қаҳрамони асосии «Асираи Қавқоз» Нина (Наталя Варлей) падидор мегардад.

Бо шунидани ин ибораи машҳур дар пеши назари аксарият, ки ба олами сеҳромези кино бетаваҷҷӯҳ не, бешубҳа, қаҳрамони асосии «Асираи Қавқоз» Нина (Наталя Варлей) падидор мегардад.
Мегӯянд, ҳунарваре, ки мавриди таваҷҷӯҳи коргардони номӣ Леонид Гайдай қарор гирифт, машҳур хоҳад гашт. Вале пеш аз картинае, ки зикр шуд, ситораҳои синамо Наталя Фатеева, Анастасия Вертинская, Лариса Голубкина, Валентина Малявина дар филмҳои Гайдай нақш бозида хеле шуҳратманд гардида буданд. Бо вуҷуди ҳамин машҳурии аз ҳама бештар ба Наталя Варлей даст дод.
Даъвогарон, ки ба «киносанҷиш» даъват ва аз имтиҳон гузаронда шуда буданд, аз 500 нафар зиёд буданд. Вале омад танҳо ба як нафар – Наталя лабханд намуд.
Дар бораи он ки Гайдай чаро маҳз Наталяро муносиб донист, ҳар хел фикр меронанд. Н.Варлей дар сирк ҳунарварӣ мекард, ӯро ёрдамчиаш ба майдончаи навор овард. Ба назари Гайдай духтарак маҳзун ва рӯҳафтода тофт, хаёл кард вай ба Нинаи шаддоду шӯх умуман мувофиқ не. Бо вуҷуди ҳамин аз санҷиш гузаронд, ҷасорат ва гапдароиаш бисёр маъқул омад. Чунончи, дар дубли санҷишӣ вақте гуфт, либос кашад – лозим аст бо «купалник» худро ба рӯд афканад, духтарак амрро дарҳол иҷро кард, шарм ва фикр карда нанишаст. Шиновариаш дар оби сард низ Гайдайро қонеъ сохт.
Дар вақти ба сурат бардошта шудани «Асираи Қавқоз» зодрӯзи Александр Демяненко (Шурик)-ро қайд карданд. Дастархоноро – Наталя. Ба хонае, ки ӯ менишаст, Гайдай ворид шуд. Дар вуҷудаш эҳсосе пайдо ва...
Духтарак монеъ ва коргардонро тела дода берун баровард. Дар ин асно завҷаи коргардон Нина Гребешко пайдо шуду ҳамаашро фаҳмид, ғазабид...
Гайдай ба «айб»-и худ иқрор ва аз Наталяву Нина (ҳамсараш) бахшиш пурсид. Узрашро, хушбахтона, қабул карданд. Бо вуҷуди ҳамин Нина Гребешенко то андозе «рашкнок» гашт, то охири умр саъй намуд Леонидро аз актриса ва мухлисаҳои сершумор, ки гирди ӯ парвона буданд, «муҳофизат» намояд.
«Донишҷӯ, комсомол ва варзишгар» Наталя Варлей, ки соҳибҷамол ҳам буд, киро шавҳар ихтиёр кард? Дар ҳаёти оилавӣ хушбахт шуд ё нашуд? Талабгорҳо зиёд буданд. Ҳамон рӯзҳое, ки «Асираи Қавқоз» экранҳои мамлакат ва берун аз онро забт менамуд (соли 1967), ӯ муҳаббати Николай ном ҷавонро пазируфт, тӯйи арӯсӣ ҳамон сол баргузор, вале зиндагии оилавӣ байни Н.Варлей ва Н.Бурляев дер давом накард. Ба романи онҳо чӣ тавр «нуқта» афтод ва ҷудо шуданд, одамҳо нафаҳмиданд.
Шавҳари дуюми Наталя – Владимир Тихонов (писари актёрҳои маъруф Нонна Мордюкова ва Вячеслав Тихонов). Дар омӯзишгоҳи Шушинск Наталяву Владимир ҳамроҳ хонда ва ҳамдигарро аз наздик мешинохтанд, эҳтиром менамуданд. Аммо баъди тӯй се моҳ якҷо буданду халос. Ними дувуми соли 1971 хонадор ва «хонавайрон» шуданд, дар вазъе, ки Наталя ҳомила буд. Соли 1972 писарак таваллуд кард, Василий ном гузошт. В.Тихонов алимент мепардохт, вале Василийро тан намегирифт ва мегуфт «аз ман нест». Гумон мекард бача аз Константин Райкин аст, ки ба ҳам наздик буданд. Василий ба Райкин бисёр монанд буд.
13 январи соли 1985 Наталя Варлей писари дувуми худ Александрро ба дунё овард. Падари Александр кист, одамҳо бехабар. Наталя аз ин хусус ба саволҳо ҷавоб намедод. Чанд муддат вай дур аз Маскав, аниқтараш дар Ӯзбекистон зиндагӣ ва эҷод кард. Бо коргардон Шуҳрат Аббосов, ки сериали «Роҳҳои пуроташ»-ро ба сурат мебардошт, ҳамкорӣ дошт. Овозаҳо паҳн шуданд, ки байни Н.Варлей ва Ӯлмас Алихоҷаев, ки нақши қаҳрамони марказӣ – Ҳ.Ҳакимзодаро мебозид, «муносибат» мавҷуд.
Ӯ.Алихоҷаев оиладор буд. Н.Варлей нахост ҳаёти осудаи хонадони ӯ халал ёбад. Ба писараш Александр фамилияи духтариашро дод.
А.Варлей чун модар роҳи санъатро пеш гирифт, режиссёр шуд, филмҳо ба сурат бардошт.
Писари калонӣ – Василий, ки дар ҳаёт мавқеъ дарёфт, соли 1995 фарзанддор гашт. 
Шавҳари қонунии сеюмаш низ Владимир ном дошт. Тоҷир буд. Никоҳашон дар маъбад тантанавӣ хонда ва ҳама умедвор, ки ин дафъа шояд дуову ниятҳо дар «даргоҳи муқаддас» мустаҷоб мешаванд. 
Н.Варлей 22 июни соли 1947 дар Руминия таваллуд ёфт. Падараш баъди ҷанг дар хидмати ҳарбӣ монд. Владимир Викторович Варлей ҷуз Наталя боз як духтар дошт – Ирина. Духтари хурдӣ низ ба кино ва театр робита дошт, вале чун хоҳарбузург шуҳрат наёфт.
Дар ҷониби падарии Н.Варлей хуни немисӣ, ҷониби модариаш хуни фаронсавӣ мавҷуд, аммо ӯ русдухтар меҳисобад худро.
Вай аз тифлӣ ба эҷод шавқ дошт, расм мекашид, месуруд, мерақсид, ба адабиёту шеърият шавқи калон дошт. Вақте оилаашон ба Маскав кӯч баст, чашми духтарак дар назди бинои сирк ногоҳ ба эълоне афтод. Рустӣ аз падару модар худро ба студияи акробатҳо нависонд. Баъди хатми синфи VIII ба Омӯзишгоҳи давлатии сирк ва санъати эстрадӣ дохил шуд. Майдонҳое, ки алоқамандони синамо ба сурат меафтоданд, эътиборашро кашиданд. Қабл аз «Асираи Қавқоз» дар ду филм нақшҳои эпизодӣ бозид. «Ниночка»-и «донишҷӯ, комсомол, варзишгар ва хуллас соҳибҷамол», ки Н.Варлей бозид, инак «хит» дар ҳамаи давраҳост.
Баъдан дар наздик 30 филми бадеӣ нақшҳои гуногун офарид, вале ягон картинаи ба ӯ алоқадор ба «Асираи Қавқоз» ҳатто наздик нашуд. Оиди  ба филмофарони Ӯзбекистон низ ҳамкорӣ карданаш ишора кардем. Дар қисматҳои 13-17-уми «Роҳҳои пуроташ» вай нақши актриса аз театри Ҳамза – Мария Кузнетсоваро бозидааст. Сериали мазкур солҳои 1977-1984 ба сурат бардошта шуда буд. Чӣ дар майдончаҳои сабти навор ва чӣ ҷойҳои дигар гурӯҳи эҷодӣ ба муносибатҳои хуб миёни Ӯлмас ва Наталя гувоҳ мегашт. Баъди бозгашт ба Маскав, тавре гуфта гузаштем, Наталя писар таваллуд кард. Вале ошкор нагуфт, ки тифл аз Ӯлмас...
Аввалин муҳаббати давраи мактабхониаш бо артисти ҷавони сирк Анатолий Егоров, айни замон, чанд муддат умр дида буду халос.
Аммо муҳаббати тамошобинони сершумор ба «Асираи Қавқоз» – Нинаи «донишҷӯ, комсомол, варзишгар» ҳамон бардавом. Наталя Варлейи имрӯз 74-сола – ҳанӯз дар филме, ки Гайдай офарида, соҳибҷамол мебошад.

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: