Президент Шавкат Мирзиёев 10 август ба бинои нави Донишкадаи меъмориву сохтмони Тошканд ташриф овард.
Сарвари давлат дар моҳи октябри соли 2020 зимни боздид аз донишгоҳ дастур дода буд, ки дар заминаи он кластери сохтмонӣ таъсис дода шавад. Лоиҳаи реконструксияи донишкада васеъ гардонда ва такмил дода шуд.
Дар навбати аввал барои Донишкадаи меъморию сохтмон ду бинои таълимии 5-ошёна ва бинои 8-ошёнаи маъмурӣ сохта шуд. Аз он маркази илмию тадқиқотии масолеҳи бинокорӣ, лабораторияҳо, маҷмӯи варзишӣ, хобгох ҷой гирифтанд.
Зимни сафари имрӯза Сарвари давлатамон бо корҳои бунёдкорона ва фаъолияти донишкада шинос шуд. Дар донишкада 4 факултет ва 23 кафедра фаъолият дорад. Дар 22 риштаи бакалаврӣ ва 25 магистратура мутахассисон тайёр карда мешаванд. Дар асоси талаботи замон ба барномаи таълим чунин самтҳо, аз қабили тарҳрезии инфраструктураи хонаҳо ва шаҳрҳои «оқил», ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, устувории сейсмикии иншоот дохил карда шудаанд.
Баробари ба истифода додани биноҳои нав миқёёс ва сифати раванди таълиму тарбия меафзояд. Дар соли таҳсили 2022/2023 беш аз 1,6 ҳазор квота ҷудо карда шудааст. Бо онҳо шумораи умумии донишҷӯён аз 7,5 ҳазор нафар зиёд мешавад.
Дар ин ҷо Сарвари давлатамон бо донишҷӯён, докторантҳо ва ҳайати профессорию омӯзгорӣ суҳбат намуд.
— Мо ба ислоҳи кадом соха шурӯъ накунем, онро аз ташкил кардани мактаб ва тарбияи кадрҳо шурӯъ мекунем. Донишкадаи мазкур барои корҳои ояндаи бунёдкорона пойгоҳ хоҳад гардид, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Аз ин рӯ, таъкид шуд, ки барномаҳои таълимӣ бояд ҳамқадами замон бошад.
— Имрўз соҳаи сохтмон яке аз драйверҳои пешбарандаи иқтисодиёти кишвари ба ҳисоб меравад. Дар ҳама ҷо сохтмон давом дорад, масолеҳи гуногун истеҳсол карда мешавад. Аммо баъд аз панҷ сол дониши имрӯза намерасад. Аз ин рӯ, шумо бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошед, ба худ сармоягузорӣ кунед. Ин чӣ гуна сармоягузорӣ аст? Касбро мукаммал азхуд кардан, забон омӯхтан, кор кардан, таҷриба андӯхтан, — гуфт Президент.
Дар рафти мулоқот донишҷӯён аз шароитҳои дар донишкада фароҳам овардашуда сухан ронда, дар бораи нақшаҳои худ нақл карданд.
Сарвари давлат пешниҳодҳои онҳоро дастгирӣ намуда, ба масъулин супоришот дод. Зарурияти дар донишкадаҳои лоиҳакашӣ ва ташкилотҳои бинокорӣ ташкил намудани таҷрибаи донишҷӯён, ташаккул додани фармоишҳо ба корҳои илмии онҳо қайд карда шуд.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба шаҳрсозӣ, ки 6 июли соли ҷорӣ баргузор шуд, Президент ба масъалаи тайёр кардани кадрҳо махсусан дахл карда, таъкид дошт, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тағйир додан, ба онҳо мустақилияти академӣ ва молиявӣ додан зарур аст. Мувофиқи ҳамин ислоҳоти низоми ташкилию идоракунии донишкада оғоз ёфт. Ба нақша гирифта шудааст, ки мактаби олӣ ба тайёркунии кадрҳо дар соҳаи мошинсозӣ, меъморӣ, технологияи сохтмон ва масолеҳи бинокорӣ, сохтмони рақамӣ ихтисосонида шавад. Имсол дар назар аст, ки низоми “Донишгоҳи рақамӣ” ҷорӣ карда шуда, аз соли хониши оянда имтиҳонҳои дохилшавӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ дар як сол ду маротиба гузаронида мешаванд.
Президент инчунин бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ суҳбат кард.