ДОНИШМАНДЕ, КИ БУХОРОРО «ҚУББАТ-УЛ-ИСЛОМ» КАРД

Дар рӯзҳои аввали моҳи сентябр дар шаҳри Тошканд ҷамъомади навбатии Шӯрои сарварони Бонки рушди исломӣ баргузор шуд.

Дар рӯзҳои аввали моҳи сентябр дар шаҳри Тошканд ҷамъомади навбатии Шӯрои сарварони Бонки рушди исломӣ баргузор шуд.  Дар он намояндагони вазорат ва шахсони расмӣ аз 57 мамлакати узви шӯро, масъулини вазорату идораҳои гуногуни кишвар иштирок карданд. Сарвари давлатамон дар рӯзи дуюми ҷамъомад иштирок ва баромад кард ва аз ҷумла гуфт:
– Маълум, ки Ӯзбекистон 18 сол пеш аз ин узви Бонки рушди исломӣ гардида буд. Дар айни ҳол таърихи робитаҳои кишвари мо бо олами ислом зиёда аз ҳазор солро ташкил медиҳад. Ӯзбекистон дар тӯли асрҳо яке аз марказҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, илму фан, фарҳанги нодир ва бузурги исломӣ маҳсуб меёфт. Дар Мовароуннаҳр донишмандоне ба воя расидаанд, ки ба рушди тамаддуни башарӣ ва фарҳанги волои дунёи ислом саҳми босазо гузоштаанд. Донишманди бузурги бухороӣ – Имом Аҳмад ибни Ҳафси Кабири Бухорӣ ва шогирдони ӯ – Имом ал-Бухорӣ ва Имом ат-Тирмизӣ асосҳои илмиву назарии фалсафаи исломро ба вуҷуд оварданд. Аз ин рӯ, Бухорои Шариф дар олами ислом бо номи «Қуббат-ул-ислом», яъне «Гунбади дини ислом» машҳур гардид.
Имрӯз мо хостем, аз хидматҳое, ки Имом Абуҳафси Кабир дар роҳи рушди дини мубинамон анҷом додааст, ёд кунем.
Абуҳафс Кабири Бухорӣ яке аз фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ буда, дар манбаъҳои таърихӣ бо номи «Шайхи Мовароуннаҳр», «Фақеҳи машриқ», «Фақеҳи донишманд» қайд гардидааст. Устоди аввалини ӯ Исмоил ибни Иброҳим (падари муҳаддиси бузург – Имом ал-Бухорӣ) буд. Абуҳафс дар ҳафтсолагӣ Қуръони каримро пурра азхуд карда буд.
Дертар ба Бағдод, ки он замон пойтахти илму фарҳанги ислом маҳсуб меёфт, рафта, аз Имом Муҳаммад ибни Ҳасан аш-Шайбонӣ, ки устоди ӯ  асосгузори мазҳаби ҳанафӣ Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит – Имоми Аъзам (699-767) буд, илми фиқҳро омӯхт.
Муаррихи асри Х Муҳаммади Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» овардааст, ки Имом Ҳафси Кабир ва писари ӯ Имом Ҳафси Сағир  аз асосгузорони таълимоти Ҳанафия дар Мовароуннаҳр буданд.
Бино бар он, ки дар мазҳаби ҳанафӣ урфу одат ва анъанаҳои миллии мардум бештар ба эътибор гирифта мешавад ва қонунҳои динӣ дар он нисбатан муътадил аст, дар олами ислом бештар паҳн гардидааст. Ҳоло қариб нисфи мусалмонони дунё ба ин мазҳаб эътиқод доранд.
Абуҳафси Кабир дар Бухорои Шариф мадраса ва масҷидҳои зиёд бунёд намуд, ба шогирдон илми фиқҳ, ҳадис, тасаввуф ва ақидаро омӯхт. Тавре ки Наршахӣ ишора кардааст, Абуҳафс дар замони худ шуҳратманд гардида буд, ҳатто олимони араб агар дар масъалае душворӣ мекашиданд, барои ҳаллу фасли он нафареро ба назди ӯ мефиристоданд.
Дар яке аз ривоятҳо оварда шудааст, ки чашмони Имом Бухорӣ дар овони бачагӣ нобино шуда буд. Модар фарзандашро барои дуо ба назди Абуҳафси Кабир меорад. Абуҳафс ба назди модар шарте мегузорад: «Ман писаратро дуо мекунам, ба шарте, ки баъди рӯшан гаштани чашмони ӯ худат ӯро «ман писарамро ба роҳи Худо ҳадя мекунам» гӯён дуо мекунӣ». Модар розӣ шуд ва дуои Абуҳафс иҷобат гардид. Абуҳафси Кабир ба муҳаддиси оянда мударрисӣ низ кардааст.
Яке аз устодони Абуҳафс  – Абулҳасани Нурӣ ва дертар худи ӯ бо ҷамъоварии ҳадисҳои саҳеҳ машғул шудаанд. Аз он ки дар он замон дар байни мазҳабҳои динӣ талошҳо кам нубуданд, ба илми фиқҳ талаб зиёд буд. Абуҳафс бо илми фиқҳ машғул шуд ва Муҳаммад ибни Исмоилро ба ҷамъоварии ҳадисҳои саҳеҳ даъват кард...  Инак, даъват ва хидматҳои Абуҳафси Кабир буд, ки Муҳаммад ибни Исмоил суханони ҳикматомези пайғомбарамон Муҳаммад (с.а.в) – ҳадисҳоро ҷамъ овард ва ба муҳаддиси бузург – Имом ал-Бухорӣ, ки тамоми мусулмонони дунё эътироф мекунанд, табдил ёфт.
Абуҳафси Кабир соли 832 (217-уми ҳиҷрӣ) дар шаҳри Бухоро вафот кардааст. Ӯро дар қабристони Дарвозаи Нав, ки ҳоло бо номи Ҳазрати Имом машҳур аст, дафн кардаанд. Хокҷойи ӯ имрӯз ба яке аз зиёратгоҳҳо табдил ёфтааст.

Комилҷон РАҲИМОВ,
докторанти Донишкадаи шарқшиносии АУ Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: