ДОНИШМАНДЕ, КИ ЧУН «АВВАЛИН» МОНД

Панҷоҳ сол қабл аз ин олим ва арбоби намоёни ҷамоатию давлатӣ Тошмуҳаммад Қорӣ-Ниёзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид.

Панҷоҳ сол қабл аз ин олим ва арбоби намоёни ҷамоатию давлатӣ Тошмуҳаммад Қорӣ-Ниёзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид.
Вале азбаски фарзанд ва шогирдони сазовор аз худ гузошт, умри маънавиаш ҳанӯз бардавом. Манзиле, ки дар Тошканд ба сар бурд, дурдонаҳое, ки дар китобхонаи шахсиаш маҳфуз дошта мешуданд, ба ихтиёри алоқамандони  илм ва фан вогузор шуданд. 
Бо табассуми маънидор мегуфтанд, чун Қорӣ-Ниёзӣ падари серфарзанд набудагист: вай солҳои дароз дар масканҳои таълими олӣ маърӯза хонд ва ба ҳар донишҷӯ чун ба фарзанди худаш муомила ва муносибат менамуд. Чаҳор-панҷ дақиқаи дарси худро ҳатман ба «панду насиҳати фарзандон» мебахшид падар ва устоди бузургвор. Аз Ибни Синою Форобӣ, Рӯдакию Саъдӣ иқтибосҳо меовард, фикр ва фармудаҳои хирадмандонаи онҳоро таҳлил карда медод. Гӯё нафақат математик, балки филолог низ  мешуданд шогирдонаш. Аз байни  онҳое, ки ӯ сабақ додааст, олимони намоёне чун Муҳаммад Ӯрозбоев, Халил Раҳматуллин, Саъдӣ Сироҷиддинов, Сергей Стародубсев, Восил Қобулов, Содиқ Азимов ва ҳоказо баромаданд, ки мутааллиқ ба миллатҳои гуногун мебошанд. 
Худи ӯ аз кӣ таълим гирифт?
Падар буд нахустустоди ӯ, мактабдори «мактаби кӯҳна» ҳамчунин, ки бо кӯмаки онҳо алифбои арабиасосро омӯхт, аз адабиёти классикиамон бархурдор гашт. 
Аз хурдсолӣ ба мутолиаи адабиётҳое шурӯъ сохт, ки бо форсӣ-тоҷикӣ ва туркӣ навишта шуда буданд. Русиро низ мукаммал аз бар намуд. Бо шарофати сабақҳое, ки аз донишманди рус В. Романовский бардошт, аз мӯъҷизоти олами риёзиёт бархурдор гашт. Мегуфтанд риёзӣ бо ифодае раёзат, яъне ранҷу азоб аст. Вале Қорӣ-Ниёзӣ аз мушкилоти ин фан наҳаросид. Аз байни олимони маҳаллӣ нахустин шуда оиди математика китобҳои дарсӣ таълиф намуд. Тавре устодаш В. Романовский қайд карда: «Ба математикаи ӯзбек Қорӣ-Ниёзӣ оғоз бахшид. Баробари офаридани  китобу дастурамалҳо барои мактабҳои миёна ва олӣ, яъне таълифи аввалин адабиёт доири математика забони математикаи ӯзбекиро низ бунёд намуд».
Бо вуҷуди дар вазифаҳои гуногун кор кардан ва чун роҳбар адои вазифа намудан ба корҳои илмӣ ва таълифу тасниф вақт меёфт. Бештар аз сесад асарҳои илмӣ, монография ва мақолаҳояш бо ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ ба табъ расидаанд. Асарҳои молик ба характери методологияш қобили таваҷҷӯҳ ва ҳоло ҳам онҳо аҳамияти худро гум накардаанд. Тадқиқоти математикию астрономиаш дар равнақи ин фанҳо дар Осиёи Марказӣ саҳм гузоштанд. Ӯ мероси бузурги  риёзидонҳои классикиро низ амиқ омӯхт, хусусан, «Зичи Курагонӣ»-и Мирзо Улуғбекро дақиқ баррасӣ сохт, дастхати Маҳмуд Чағминӣ доир ба ин асарро таҳқиқ кард ва монографияе офарид бо унвони «Мактаби астрономии Улуғбек». Барои ин асараш ба гирифтани Мукофоти давлатӣ сазовор гашт. 
Мегӯянд, аввалин номзади фан, ки дар Ӯзбекистон аз байни мардуми маҳаллӣ баромад, Қорӣ-Ниёзист. Нахустин доктор, профессор, академик, ректори донишгоҳ, президенти АУ Ӯзбекистон низ маҳз ҳамин донишманди номвар мебошад.
Ӯ, айни замон, аввалин Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ аз байни олимони Ӯзбекистон ба шумор мерафт.
Олим ва педагоги  барҷаста, арбоби намоёни ҷамоатию давлатӣ Қорӣ-Ниёзӣ дар ҳаёти шахсию оилавӣ низ ба ҳама ибрат буд. Ҳамсари бовафояш Оишахон, айни замон, фидоии фан, яке аз аввалин паҳнкунандагони нури ирфон дар Фарғона аст. 
Охири соли 1917. Бинои мактаби русӣ-туземӣ ба ихтиёри дабистони маҳаллии давраи нав супурда шуд. Нахустин устоди таълимгоҳе, ки бо ташаббуси Қорӣ-Ниёзӣ дар Фарғона кушода шуд, Оишахон Ӯразаева ҳисоб меёфт.
Тошмуҳаммаду Оишахон барои ба тартиб андохтан, яъне омодасозии бинои мактаб ҷон коҳонданд. Бинобар нарасидани шиша лозим омад, ки ба тирезаҳо коғаз ва картон часпонанд.
Ҳарду нақшаи таълимӣ кашиданд, аммо китоби дарсӣ нест. Оишахон аз китобҳои дарсие, ки бо русӣ навишта шудаанд, истифода мебурд, конспект менавишт. Тошмуҳаммад ба вай кӯмак мекард.
Дар моҳи аввал наздик 40 нафар ба мактаб ҷалб шуд. 
Ҳ. Ҳакимзода аз Қӯқанд омада меистод, ба бачаҳо дарс медод. Охири сол Додомуҳаммад ном шахси зиёӣ низ ба сафи устодон ҳамроҳ гашт. Кори О. Ӯразаева ва Т. Қорӣ-Ниёзӣ як андоза сабук шуд. 
Зодгоҳи О. Ӯразаева деҳаи Аввал аст, ки дар назди шаҳри Фарғона ҷойгир шуда, аз қадим дар он тоҷикону ӯзбекон ба сар мебаранд. Падари Оишахон бошад, аз қазоқҳои дар Аввал ӯзбекшуда ҳисоб меёфт ва дар ин ҷо духтари ӯзбекро ба занӣ гирифт. Панҷ фарзанд ёфт. Оишахонро хононд. Афсӯс, ҳаётро бармаҳал тарк гуфт ва таъминоти оила ба гардани Оишахон бор гашт. Хондагӣ бошад ҳам Оишахон дар Фарғона кори дилхоҳ наёфт. Ба ҷустуҷӯи кор ба Андиҷон рафт, дар мактаби русӣ-туземӣ чун муаллима  фаъолият намуд.
Он вақтҳо бефаранҷӣ гаштани духтари маҳаллӣ ба замми ин дарс додан аз забони русӣ ҷасорати калонро талаб месохт. Рӯзномаи «Андижанские ведомости» аз ҷумла ин тавр қайд карда буд: «Дар имтиҳони мактаби Андиҷон аввалин шуда Оишахон Ӯразаева иштирок кард. Вай либоси оддии аврупоӣ ба бар дошт. Вақте бо русӣ сухан меронд ва ҳамқабилаҳояшро аз имтиҳон мегузаронд, ҳама лаб аз гуфтор мебастанд».
Оишахон баъдтар ба Фарғона баргашт. Бо Т. Қорӣ-Ниёзӣ, ки он асно ҷавоне буд оташқалб, паҳлӯ ба паҳлӯ кор кард. Фурсате фаро расида буд, ки ду муаллими ҷавон барои худ рафиқи ҳаётӣ ёбанд. 
Т. Қорӣ-Ниёзӣ дар «Мактаби ҳаёт» ном китоби хотироташ навиштааст: «Рафиқи муносиби ҳаётӣ ёфта гирифтани писар ва духтар дар давраи балоғат яке аз масъалаҳои мураккаби ҳаётист».
Тошмуҳаммаду Оишахон чун рафиқи муносиб ва мувофиқи ҳаётӣ якдигарро интихоб намуданд.
Вақти изҳори ишқ байти машҳури Хоҷа Ҳофиз:
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
ба Тошмуҳаммад ҷасорат бахшид ва онро ифоданок хонд. 
... Баъди чанд моҳ тӯйи арӯсиашон баргузор гардид. 
Дар бораи оила ва муҳаббат Қорӣ-Ниёзӣ мулоҳизоти дақиқ дошт.  
Муҳаббат эҳсоси пок аст, ақида дошт Қорӣ-Ниёзӣ, ишқ ин покизагист. Муҳаббат, аз ин нигоҳ, бояд ҳақиқӣ, олиҷаноб ва бо маънои васеъ бошад. Хушсуратӣ дар он кифоя нест, инсон дар навбати аввал бояд ба хушсиратӣ эътибор диҳад, қайд карда буд Қорӣ-Ниёзӣ дар «Мактаби ҳаёт».
Номи нек ва хотираи бузургворе, ки дар роҳи равнақи илму таълим хидмати босазо кард ва тухми накӯкорӣ пошид, аз лавҳи ёди халқ ҳеҷ вақт зудуда намешавад. 

М. ШОДИЕВ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: