ДОНИШМАНДИ ЗАМОН БУД

Ба муносибати 90-солагии академик Шавкат Воҳидов

Номи Самарқанди бостониро нафақат боғу бӯстонҳои дилкушову обидаҳои таърихиаш, балки фарзандҳои фарзонае, ки дар рушди илму маърифат ва санъату фарҳанги ҷаҳонӣ ҳиссаи муносиб гузоштаанд, машҳуру маълумтар гардонд.
Яке аз онҳо Шавкат Аҳадович Воҳидов мебошад, ки дар рушди илмҳои физикаву математика ва соҳаи кайҳоннавардӣ хидматҳои назаррасро анҷом додааст.
Шавкат Воҳидов 11 октябри соли 1932 дар оилаи зиёиён ба дунё омадааст. Падари ӯ Аҳад Воҳидов аз зумраи аввалинҳое буд, ки солҳои 1925-1928 дар Боку маълумоти олӣ гирифтаанд. Ҳарчанд ӯ мутахассиси илмҳои кимиёву биология буд, таърихи адабиёти форсу тоҷик ва туркиро хуб аз бар намуда буд. Ин бесабаб набуд, чунки бобокалони онҳо Абдукарим Сипандии Самарқандӣ аз мударрисони мадрасаи Улуғбек буда, дар охирҳои асри XIX ва аввали асри XX бобаракат эҷод карда, дар рушди адабиёти форсу тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Бобокалони дигари онҳо Мулло Муҳаммад – Домло Мири Зарринқалам хаттоти номӣ – соҳиби хати зебо буд. Аз ин сабаб, ба хонаводаи Воҳидовҳо зиёиёни пешқадами давр – Тамҳиди Самарқандӣ, Вадуд Маҳмуд, Хилъат, Ҷомеъ, Воҳид Абдулло, Шариф Акрам, Исмоил Акрам ва намояндагони дигари каломи бадеъ ҷамъ омада, дар мавзӯъҳои гуногун сӯҳбатҳои дилнишин меоростанд, ки Шавкати ҷавон низ аз чунин анҷуманҳо баҳраманд мегашт.
Овони бачагии Ш. Воҳидов ба давраи вазнини солҳои табъид ва Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ рост омад. Шароити вазнини он давр, душвориҳои моддии зиндагӣ водор месохт, ки чӣ коре, ки пеш ояд, иҷро намояд.
Шавкат Воҳидов дар мактаби миёнаи рақами 22-юми шаҳри Самарқанд таҳсил гирифт ва соли 1950 онро бомуваффақият хатм намуд. Ӯ худи ҳамон сол ба факултаи физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии Самарқанд) дохил шуд. Азбаски ҳавасмандии ӯ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ баланд буд, баъд аз хатми донишгоҳ дар кафедраи оптика ба лавозими ассистент ӯро ба кор қабул карданд. 
Пас аз як сол Ш. Воҳидов барои таҳсил ба аспирантураи Донишгоҳи физикаву математикаи АУ Ӯзбекистон фиристода шуд. Оғози фаъолияти илмии ӯ ба даврае рост омад, ки дар Ӯзбекистон физикаи радиатсиониву ядровӣ ба якчанд самти илмӣ татбиқ мегардиданд. Шавкат Воҳидов дар ҷараёни таҳқиқотҳои такягоҳии соҳаи физикаи радиатсионӣ фаъол иштирок мекард ва чунин саъю кӯшиш ба пажуҳишгари ҷавон дари боз як имконоти дигар – ширкат намуданро дар корҳои илмиву таҳқиқотие, ки бо роҳбарии ноиб-президенти АУ Ӯзбекистон С.В.Стародубсев баргузор мешуд, кушод. Вохӯрӣ бо чунин сармутахассиси соҳа, таҳти роҳбарии ӯ таҳсил дар пажӯҳишгоҳ ва дертар фаъолияти меҳнатии якҷоя ба сифати олим, ташкилотчии илм ва педагог ташаккул ёфтани он нақши муҳим бозид.
Соли 1956 дар назди Академияи илмҳои Ӯзбекистон Донишкадаи физикаи ядровӣ ташкил ва дар Осиёи Миёна сохтмони нахустин реактори атомӣ оғоз шуд.  Солҳои 1956-1960 баробари сохтмони биноҳо ва дастгоҳҳои ядрову физикавии донишкада самтҳои асосии илмии он муайян ва пайваста бар ин мутахассисони чунин самтҳо низ омода мегардиданд.
Соли 1959 Шавкат Аҳадовичро қатори якчанд ҷавонони боиқтидор ба Донишкадаи физикаи ядровӣ ба кор даъват карданд. Ӯ дар аввал ҳамчун ходими хурд, дертар ба сифати ходими калони илмӣ корҳои илмиву таҳқиқотҳои худро идома дод ва ниҳоят соли 1962 номзади илмҳои физика-математика гардид. Соли 1964 дар дохили донишкада лабораторияи «Ҷараёнҳои радиатсионии моддаҳои диэлектронӣ»-ро ташкил кард ва дар давоми 30 сол онро сарварӣ намуд. Дар натиҷаи корҳои зиёди таҳқиқотии ин лаборатория мактабе ба вуҷуд омад, ки корҳои илмии он нафақат дар Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар байни ҷамоаи илмии ҷаҳон низ шӯҳратманд гардид.
Ғайр аз ин, Ш. Воҳидов дар корҳои ба истеҳсолот татбиқ намудани корҳои илмӣ низ пешқадам буд, ки ин дар ҷараёни фаъолияти роҳбарии ӯ дар давоми солҳои 1980-1999 ба Иттиҳодияи илмиву истеҳсолии «Коинот» бештар ба назар мерасад. 
Дар ин давра таҳти сарварии ӯ таҷҳизот бо номи КЛ-02, «Анализ», «Фирӯза», «Гавҳар», ки имконоти синтез намудани материалҳои нави кайҳониро дошт, офарида шуд. Чунин таҷҳизот аз тарафи кайҳоннавардони Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷ дар стансияҳои кайҳонии «Салют», «Мир» пурсамар истифода шуданд. 
Баробари ин Ш. Воҳидов дар соҳаи омӯзгорӣ низ фаъолият нишон додааст. Соли 1983 дар Донишгоҳи давлатии техникаи Тошканд кафедраи «Ускунасозии кайҳонӣ»-ро ташкил намуда, солҳои зиёд ба он сарварӣ кард.
Масъалаи мактаб ва таълими хонандагон, дар оянда чӣ касбу кор кардани онҳо низ аз эътибори ин шахси маърифатдӯст дур намонд. Дар корҳои бо биноҳои нав ва таҷҳизоти нави таълимӣ таъмин намудани мактабҳои рақами 19, 20, 21-уми ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд сару бар шуд.
Соли 1988 аввал дар байни вилоятҳои ҷумҳуриамон, баъдтар соли 1992 мактаби Аэрокосмикии байналхалқиро ташкил намуд, ки дар вақти таътили тобистона хонандагони боиқтидори мактабҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Украина, Покистон, Малайзия, Туркия, Полша, Озарбойҷон, Тоҷикистон омада, аз кайҳоннавард, конструктор ва олимони соҳа оиди фанҳои физика, математика, аэронавтика ва космонавтика маърӯзаҳои шавқовар мешуниданд, макетҳои самолёту ракетаҳоро омода менамуданд ва дар мусобиқаҳои байналхалқӣ иштирок мекарданд.  
Тавре ки дар боло қайд намудем, Шавкат Воҳидов дар муҳити адабӣ ба воя мерасад ва пас аз чандин сол чунин муҳити таълиму тарбия низ самараи худро медиҳад. Ӯ эҷодиёти бадеии Сипандии Самарқандӣ, Писандии Самарқандӣ ва Тамҳиди Самарқандиро меомӯзад, ғазал, мухаммас, рубоиҳои чунин шоиронро дарёфт намуда, дар шакли китоб нашр менамояд.
Дар натиҷаи корҳои таҳқиқотии ӯ оиди санъати хаттотӣ мардум бо якчанд тан хаттотони Осиёи Марказӣ, бахусус Самарқанд шинос мешаванд.
Шавкат Воҳидов муаллифи 6 монография, беш аз 280 кори илмӣ (50-тои он дар хориҷ рӯйи чопро дидааст), 64-то ихтироъ (як қисми он дар хориҷ патент гирифтааст) мебошад. Ихтироъҳои зиёди ӯ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатамон ҷорӣ гардидааст.
Маводи илмиву оммавии ӯ дар рӯзнома ва маҷаллаҳои «Овози тоҷик», «Совет Ӯзбекистони», «Правда Востока», «Садои Шарқ», «Фан ва турмуш», «Халқ сӯзи», «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати» чоп шудаанд.
Академики Академияи илмҳои Ӯзбекистон, узви Академияи байналхалқии муҳандисӣ ва кайҳоннавардии Русия, доктори илмҳои физика-математика, Ходими хидматнишондодаи фан ва техникаи Ӯзбекистон, донишманди соҳаҳои физика, бахусус, кайҳоншиносӣ Шавкат Воҳидов агар ҳаёт мебуд, имрӯз 90 сола мешуд. 
Тавре ки шоҳид шудем, саҳми ӯ дар рушди илмҳои физикаву кайҳоншиносӣ босазо аст. Таҳти роҳбарии ӯ 7 нафар доктор ва 26 нафар номзадҳои илм гардидаанд. Шогирдони бешумори устод номи ӯро бо некӣ ёд мекунанд.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: