ДОНИШСАРОИ АРТУЧ

Файзхоҷа МАҲМУД

Файзхоҷа МАҲМУД

ДОНИШСАРОИ АРТУЧ

Бар Чоч хуш чамон аст, атри ҳавои  Артуч,                         
Дилро сафорасон аст, арзу самои Артуч.

Гар деҳи Рӯдакӣ дил гаштаст тоҷиконро, 
Шарён-ш  мезанад ҷӯш, аз чашмаҳои Артуч.

Сад дард мезудояд, сад шодӣ мефизояд, 
Як ҷуръа гар бинӯшӣ, з-“Оби шифо”- и Артуч.

То чанд  меситоӣ “Ризвони хулд”-у боғаш?
Боғи Ирам” чӣ бошад, дар пеши пойи Артуч!

Шабҳо чароғи ҷон аст, Бадруддуҷои Артуч 
Рӯзона қути хон аст,  Шамсуззуҳои Артуч.

Ҳар ду Саро пашизанд, беқадру ҳеч чизанд,
Сесад саро наарзад, бар як Сарои Артуч.

Тафсири номи Артуч–бодому пиставу хуч,
Себу анору ҳулбӯч* – аз сад давои Артуч.

Ҳавзе зи оби Кавсар, ҷонро кунад муаттар,
Ҷаннат шавад муяссар, дар қуллаҳои Артуч.

Эй Файз, чанд гардӣ? То чанд раҳнавардӣ?...
Боре, агар ту мардӣ,  ҷон кун фидои Артуч.

УСТОДИ ТОШКАНДӢ

(Эҳдо ба профессор Шодмон Воҳидов)

Шодону Шодмон аст,  устоди Тошкандӣ, 
Ганҷури тоҷикон аст, устоди Тошкандӣ.

Аз Фитрату Бухоро, Суғду  таворихи  Чоч,
Моро ҳикояхон аст, устоди Тошкандӣ.

Дар кор ҳасту заҳмат, бисту чаҳор соат,                                             
Тоҷи муаррихон аст, устоди Тошкандӣ.

Туркони порсигӯ,  шогирдҳои ӯянд,
Фарри  суханварон аст, устоди Тошкандӣ.

Умре фидо кунад ҷон, дар роҳи илму ирфон,
Дурру  гуҳарфишон аст, устоди Тошкандӣ.

Ӯзбеку  тоҷиконро пири  мусаллам аст ӯ,
Аз  Наршахӣ  нишон аст, устоди Тошкандӣ.

Бишкуфт Панҷакат аз  иқдоми  файзбораш,
“Донишсаро”- и  он  аст,  устоди Тошкандӣ.

Модар чу  зод  ӯро  дар  рустои  Рӯдак,
Бо Рӯдакӣ  равон  аст, устоди Тошкандӣ.

Толиб, бигӯям аз ҷон,  чун шуд фидои ирфон,
Боқист, ҷовидон аст, устоди Тошкандӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: