Борҳо аз куҳансолон шунидаем, ки ҳар кас бояд ҳафт пушти худро донад.
Ва вақте ки ба шуморидани онҳо мепардозем, аз падар, бобо ва номи бобои калон он тарафашро намедонем.
Ҳар гоҳе ки ба зодгоҳам меравам, апаву бародару додар дар хонаи падарамон ҷамъ мешавем. Дидорбинӣ бо холаю амма, тағою амак, ки бо гузашти солҳо барои ман боз азизтару ғаниматтар мегарданд, сабаби хушнудиву хушҳолиям мешавад.
Дар яке аз чунин ҷамъомадҳо дар бораи арӯси яке аз хешовандонамон, ки барои беҳтар кардани сиҳатии ду писари ногироаш даву този зиёд карда, дар натиҷа саломатии худаш низ бад шудааст, сухан рафт.
Ман он арӯсро аз наздик мешиносам, солҳои мактабхонӣ дар мусобиқаҳои варзишие, ки дар миқёси ноҳияву вилоят баргузор мешуд, фаъол иштирок карда, ҷоизадор мегашт. Ҳоло ӯ модари ду писари қадрас, аммо маҷрӯҳ...
Вақте ки оиди ин бачаҳои ногиро шунидам, солҳои бачагӣ ба ёдам омад. Солҳои 80-уми асри гузашта буд. Дар тамоми деҳае, ки яке аз деҳаи калони ноҳияамон ба шумор мерафт, ду ё се нафар ногироҳо буданд. Бо гузашти вақт аҳолии деҳа зиёд шуд ва он мақоми шаҳракро гирифт, баробари ҳамин шумори ногироҳо низ зиёд гардид.
Сабаби бештар шудани ногироён шояд аз никоҳи хешутаборӣ бошад. Албатта, ман мутахассиси соҳа нестам. Аммо мутолиа оиди саломатӣ ва асарҳо доир ба дини мубинамон маро ба чунин хулоса овард. Таассуфовар аст, ки баъзан солхӯрдагон ба чунин никоҳ роҳ медиҳанд, яъне бо ҳамин гӯё риштаҳои хешутабориро мустаҳкам месозанд.
Дар аввали мақола бесабаб гуфтаи куҳансолон оиди донистани аҷдод – шаҷараро наовардем. Ин аз ду сабаб зарур аст: аввал роҳ надодан ба никоҳи хешутаборӣ ва дуюм, нигоҳ доштани силаи раҳм мебошад.
Ба шаҷара фарзанд, набера, абера, чабера ва ғайра дохил мешавад. Пайғамбарамон Муҳаммад (а) никоҳи насли ҳафтумро, ки бегона шуморида мешавад, тарафдорӣ кардаанд. Таъкиди он чиз боз лозим аст, ки ширхораҳо ҳам дар ҳукми хешу таборанд. Ширхорӣ аз кадом фарзанд оғоз ёфта бошад, фарзандони баъди ӯ бадунёомада бародару додар, апаву хоҳар шуморида мешаванд. Ҳукми мазкур ба бачаҳое, ки ҳамчун фарзанд қабул шудаанд, (агар ӯ фарзанди хешовандон набошад), тааллуқ надорад.
Фанни генетика – ирсиятшиносӣ низ ба никоҳи хешовандон, аз сабаби як хел будани аломатҳои наслии падару модар, ки боиси носолим ба дунё омадани кӯдак мегардад, рухсат намедиҳад. Дар Мусҳафи мубин оиди ин «кашфиёт» ҳанӯз дар асри VI ишора рафтааст (сураи Нисо, оятҳои 23-24).
Агар тавзеҳи истилоҳи «силаи раҳм»-ро хуб медонистем, ҳоҷат ба чунин никоҳҳо намемонд.
«Силаи раҳм» – ҳамеша барқарор нигоҳ доштани муносибатҳои хешутаборӣ, дар рӯзи неку бад бохабар будан аз аҳволи хешовандон, ҳамеша такягоҳи ҳамдигар будан мебошад. Чи хеле ки дар ҳадисҳо ишора меравад, ба касе, ки силаи раҳмро устувор нигоҳ медорад, ҷаннат ваъда карда шудааст.
Аз таҷрибаи ҳаёт бармеояд, ё тавре ки равоншиносон таъкид кардаанд, фарзанде, ки дар оғӯши падару модар, дар муҳити солими хешовандӣ ба воя мерасад, ҳамчун шахси дилсӯзу меҳрубон камол меёбад.
Хулоса ҳамин, ки ба нишондодҳои диниву илми имрӯза доир ба насли солим бефарқ набошем. То ки аз мо баробари номи нек фарзандони солиму боақл боқӣ монад.
Набия НОДИРОВА,
«Овози тоҷик».