«ДОР-УЛ-ҲАДИЯ» – МАРКАЗИ ҲАДИСШИНОСӢ

Ин марказ дар шаҳри Қум, ки маркази руҳонии Ҷумҳурии исломии Эрон шинохта шудааст, ҷойгир мебошад.

Дар марказ беш аз 50 ҳазор ҷилд китоб ҷамъоварӣ шудааст, ки аз ду се қисми он ба забони арабӣ ва боқимонда форсиву лотинӣ аст. Аз ҷумла чанд ҷилд аз осори Ал-Бухорӣ ба забонҳои урду, арабӣ ва англисӣ дар ин хазина нигоҳдорӣ мешавад.
Азбаски марказ соҳиби хазинаи бебаҳои осори хаттӣ мебошад, ҳадисшиносон ва дигар муҳаққиқони улуми илоҳӣ аз он истифода мекунанд ва ҳар кадоме барои кишвари худ ва алоқамандони улуми илоҳӣ аз ганҷинаи маонии он махзан пешкаш менамоянд. 

Матн ва сурати 
Тоҷибой ИКРОМОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: