ДОРУХОНАИ ИҶТИМОИИ ҚУЛАЙ ВА АРЗОН

Дар поликлиникаи оилавии деҳаи Зарафшон ва бунгоҳи тиббии деҳаи Лангари тобеи иттиҳоди тиббии ноҳияи Хатирчии вилояти Навоӣ дорухонаи иҷтимоӣ ташкил гардид.

Пештар аз сабаби норасоии доруву дармон ва ускунаҳои тиббӣ дар муассисаҳои тиббии мазкур муаммоҳои зиёд ба вуҷуд меомад.
Дорухонаҳои мазкур дар асоси иҷрои қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ оиди рушди босуръати соҳаи фармасевтика» аз 14 феврали соли 2018 ташкил шуда, дар асоси омӯхтани эҳтиёҷи аҳолӣ фаъолияти худро оғоз карданд.
Дар натиҷа шумораи дорухонаҳои иҷтимоии ноҳия ба 22-то расид ва 24 нафар ходими тиб бо кор таъмин гаштанд.
–Дар бунгоҳҳои тиббии деҳа 13-то, дар поликлиникаҳои оилавӣ 7-то, дар поликлиникаи марказии бисёрсоҳавӣ ва иттиҳоди тиббии ноҳия 1-тоӣ дорухонаи тиббӣ фаъолият дорад,–мегӯяд раиси шуъбаи ноҳияи Хатирчӣ бинобар дорухонаҳои иҷтимоии ҷамъияти саҳҳомии «Навоий дори-дармон» А. Ярашев. – Дар онҳо зиёда аз 152 навъи маҳсулоти фармасевтикӣ, ки талаб ба он зиёд аст, мавҷуданд. Дар маркази ноҳия ташкил гардидани дорухонаи сайёр ва ҷудо карда шудани нақлиёти махсус барои расонда додани доруву дармон ба онҳо ба аҳолӣ қулаиҳои зиёд фароҳам меорад.
Ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаҳои «Майдонсой» ва «Мирдош» аз маркази ноҳия 70 км дур ҷойгир шудаанд. Набудани дорухона дар ҳудуди мазкур ба оворагарии аҳолӣ сабаб мешуд. Дар назди бунгоҳҳои тиббии деҳот ташкил гардидани дорухонаҳои иҷтимоӣ айни муддаост. Мавҷудияти дастгоҳҳои терминал, нисбатан арзон будани нарх ва ба қоидаҳои санитариву гигиенӣ пурра  амал кардан ба аҳолӣ манзур мешавад.

Н. РАҲИМОВ, ухбири ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: