ДОРУЛМУАЛЛИМИНИ ТОҶИКИИ ТОШКАНД

Дар бораи Институти маорифи тоҷик дар Тошканд (Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд низ гӯянд) пештар низ маводе чоп карда будем.

Дар бораи Институти маорифи тоҷик дар Тошканд (Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд низ гӯянд) пештар низ маводе чоп карда будем. Муаллифи ин сатрҳо дар ин байн, саъй намуд мукаммалтар материал ғун дошта муайян низ кунад, ин боргоҳи маърифат, ки бо омодасозии кадрҳои сазовор дар рушди илм ва таълими тоҷик саҳми муносиб гузошт, дар куҷои Тошканд ҷой гирифта буд. Оиди дар маркази шаҳр, начандон дуртар аз Хиёбони Амир Темур ва аз «корпуси рӯзномаҳо» («Хонаи матбуот»), ки «Овози тоҷик» низ он ҷост, мавқеъ доштани институти зикршуда маълумотҳо ба даст омаданд. Дар сурате, ки тақрибан 90 сол муқаддам гирифта шуда, корпуси академии дорулмуаллимин акс ёфтааст. Дар пештоқи бино бо забони русӣ «Институти маорифи тоҷик ба номи рафиқ Зеленский» сабт гардидааст.
Назар ба маълумоти сарчашмаҳо, Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд соли 1927 кушода шудааст. Овозаҳо дар бораи ташкил ёфтани аввалин институти тоҷикӣ дар Осиёи Миёна (дар баъзе манбаъҳо он «техникуми педагогӣ» низ қайд ёфтааст) дар мавзеъҳои тоҷикнишин паҳн ва қалби ҷавонони ташнаи илмро ба тапиш андохт. Онҳо аз ҳар гӯшаю канори ҷумҳурии мо ба Тошканд роҳ пеш гирифтанд, ҳамчунин аз Тоҷикистони бародарӣ, ки он вақт чун ҷумҳурии автономӣ дар таркиби Ӯзбекистон қарор дошт. Институт ҳамагӣ чанд сол фаъолият бурду халос, вале дар таърихи таълим ва маорифи халқи тоҷик тавре ишора рафт, нақши носутурданӣ гузошт. Аксарияти хатмкардагони бо асосҳои дониш мусаллаҳ, кадрҳои ҳарҷониба муносиб дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шуданд, ҳатто шахсиятҳои номдор дар ду ҷумҳурӣ қарор гирифтанд. Бигирем, шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзодаро. Агар шумо филми «Ҳасани аробакаш»-ро дида бошед, яке аз персонажҳо (прототипи он Мирзо Турсунзода, нақшро Маҳмудҷон Воҳидов бозидааст) аз Душанбе то Тирмиз бо аробаи Ҳасан меояд, аз он ҷо ба Тошканд тавассути поезд раҳсипор мегардад. Манзараҳои Ӯзбекистон басо табиӣ ва муассир тасвир ёфтаанд дар «Ҳасани аробакаш». Тошканд Мирзои он вақт ҷавонро ба бар гирифт, дорулмуаллимини тоҷикӣ дари худ боз кард.
М.Турсунзода, тавре аз тарҷумаи ҳолаш пайдост, қабл аз ба Тошканд омадан аз Ҳисор рӯ ҷониби Душанбе оварда, дар мактаб-интернат таҳсил гирифта буд. Дар ин маскан асосан онҳое мехонданд, ки аз волидони худ ҷудо шуда ё бепарастор монда, азоби нодориву бекасӣ мекашанд. Онҳо бо тамоми ҳастӣ мехонданд, бо шавқу рағбати бепоён аз асрори илму фан воқиф мегаштанд, қариб ҳамаи тарбиятгирандагон аълохон буданд. 
Зодаи Самарқанд Мулло Эркаев (таърихнигори номӣ) низ дастпарвари ҳамин мактаб-интернат, ки бо Турсунзода ҳамроҳ мехонд. Шарикдарсони онҳо Аваз Юсуфов, Усмон Қурбонов, Салоҳ Муҳаббатов, Сафар Салимов, Нурхон Сафаров, айни замон, бо  аълохонӣ ҷудо шуда меистоданд. Бо даъвату илқои устодони мушфиқ қариб ҳамаи аълохонҳои интернат (онро сағирхона низ меномиданд) аз Душанбе ба Тошканд рафтанд, бо нияти таҳсил дар дорулмуаллимини тоҷикӣ. Сағирхона дар Душанбе биное буд кӯҳна ва бомаш қамишпӯш. Вале дорулмуаллимин дар Тошканд бинои хиштии замонавии бисёрошёна. Равшан ва барҳаво. Барои таҳсил  шароит фароҳам. Тоҷикбачагонро ин рӯҳ мебахшид. Водор месохт аз пештара ҳам хубтар хонанд. Ба онҳо устодон, ки намояндагони миллатҳои гуногун буданду педагогҳои ҳушманд, дарси маънӣ меомӯхтанд.
Академики Академияи илмҳои собиқ иттиҳод, Ходими хидматнишондодаи илми Тоҷикистон Мулло Эркаев, ки номаш дар боло зикр гашт, дар хотираҳои худ қайд кардааст: «Соли 1927 дар Тошканд кушода шудани Институти маорифи тоҷикон дар таърихи маданиятамон саҳифаи тоза буд. Ман ҳам дар қатори як гурӯҳ мактаббачагони сағирхонаи Душанбе ба ин институт дохил шудам».
Мулло Эркаев (1910-1996) зодаи деҳаи Сайроби ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёст. Вай соли 1929 баъди хатми Дорулмуаллимини Тошканд ба Душанбе роҳхат гирифт, чанд муддат муаллимӣ ва соли 1939 факултаи таърихи ДДОД-ро низ ба итмом расонд. Доктори илмҳои таърих, профессор М.Эркаев дар рушди илм ва фани Тоҷикистон хидмати сазовор кард.
Дар сафи таҳсилкардагони Дорулмуаллимини Тошканд ба номи Абдураҳмон Бухоризода, айни замон, дучор меоем, ки зода ва парвардаи Самарқанд аст. Доктори илмҳои филологӣ А.Бухоризода (1910-1987) курси дусолаи муаллимтайёркунӣ дар Самарқандро фаро гирифта буд. Баъдтар ба Тошканд рафт, аз қатори аввалин донишҷӯён дар Дорулмуаллимини тоҷикӣ ҷой гирифт, соли 1928 ин даргоҳи маърифатро хатм намуд ва ба Душанбе рафт. Солҳои дароз дар Институти забон ва адабиёти АФТ, кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Душанбе чун муҳаққиқ ва омӯзгор фаъолият намуд. «Саргузашти калима»-ҳо ном асари тадқиқотиаш ҳанӯз китоби рӯимизӣ барои онҳоест, ки таваҷҷӯҳ ба филологияи тоҷик доранд. Зимнан, Абдураҳмон Бухоризода дар тадвину таҳрири дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ», айни замон, хидмати калон кардааст.
Аввалин генерали тоҷик Мастибек Тошмуҳамедов (1908-1988) низ аз хатмкардагони Дорулмуаллимини зикршуда мебошад. Вай баъди гирифтани дипломи ин даргоҳ ба Кӯлоб роҳхат гирифт, солҳои 1932-1934 чун котиби аввали кумитаи ҷумҳуриявии комсомол фаъолият бурд. Чун шахси алоқадор ба Шириншо Шотемур, ки ба табъид дучор гашт, як муддат таъқиб гашт, вале рӯҳафтода нашуд. Баъди сафед шудан, ба соҳаи артиш ҷалб ва соли 1987 Комиссари ҳарбии Тоҷикистон таъин гардид. Шахси ҳарбӣ бошад ҳам ба адабиёт ва эҷод, ки аз хурдсолӣ шавқ дошт, робитаро канда накард. Ходими хидматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, ҳамзамон узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон (СССР) буд.
Нависандаи маъруфи тоҷик, аъзо-корреспонденти АУ Тоҷикистон Сотим Улуғзодаро низ Дорулмуаллимини Тошканд тарбият кардааст. Вай ин даргоҳро соли 1929 хатм карда, ба Тоҷикистон рафтааст. Баробари наср ва драматургия устод С.Улуғзода дар тараққии журналистика, адабиётшиносӣ ва филмографияи тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Дар қиссаи ёддоштиаш «Субҳи ҷавонии мо» воқеаи хонданравиаш ба Тошканд низ тасвир ёфта ва вай бо чӣ азоб аз Намангон ба шаҳри азим омадан, дар ин ҷо ба таҳсил фаро гирифта шуданашро таъсирбахш нақл кардааст. Повест ба ӯзбекӣ тарҷума ва мавриди таваҷҷӯҳи Ӯткир Ҳошимов ҳам мегардад, ки он вақт хеле ҷавон буд. Адиби ӯзбек дар хотироташ нигошта: «Сонитар дарак ёбам, ман ба давраи ҷавонии пур аз ошӯбу такопуӣ адиби барҷастаи тоҷик Сотим Улуғзода шинос шуда будаам».
Дастпарварони боргоҳи шарофатманди зикршуда академик Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, чеҳраҳои намоёни илм Набиҷон Почоҷонов, Неъмат Эркаев низ ба шумор мерафтанд, ки номашон дар Тоҷикистон маълум ва машҳур. Донишҷӯён баробари ҷиддан хондан дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамуданд. Фориғ аз таҳсил дар ғунучини пахтаю меваҷот ба деҳқонон кӯмак мекарданд. Дар корҳои тарбияи сиёсӣ ва маърифатӣ ба ташкилотҳои маҳаллӣ такягоҳ буданд.
Давраи басо мушкилу мураккаб будани он солҳо аз таърих маълум. Чун дар тамоми мамлакат зиндагӣ ва маишати донишҷӯёни тоҷик бисёр сахт буд. Аммо онҳо душвориҳоро бо иродаи қавӣ рафъ месохтанд. Рӯзона хонда, шабона мардикорӣ менамуданд. То ин ки 400 грамм нони иловагӣ гиранд, баъзеҳо шом то субҳ дар заводи пахтаи Тошканд меҳнат мекарданд.
Он вақтҳо Тошканд якчанд маҳалҳои тоҷикнишин дошт. Сокинон асосан кӯҳистониёне, ки бо сабаби душвории зиндагӣ замонҳое ба Тошканд кӯч баста буданд. Донишҷӯён зуд-зуд назди ҳамзабонон рафта, аз солимиашон ҷӯё мешуданд.
Дар институт беҳтарин омӯзгорони он давр дарс медоданд. Қисми зиёди муаллимони фанҳои физика, химия ва математика русҳо буданд. Аз адабиёти тоҷик як муддат Шарифҷон Ҳусейнзода лексия хондааст. Вақте устодони адабиёти тоҷик Айниву Лоҳутӣ ба Тошканд омаданд, ҳатман ба институт ташриф оварда ва дар чорабиниҳои маърифатӣ ширкат меҷустанд. Солҳои 1929-1930, вақте дар Душанбе курсҳои яксолаи муаллимтайёркунӣ ташкил ёфтанд, донишҷӯёни курсҳои болоии Институти маорифи тоҷики Тошканд ба пойтахти ҷавони тоҷикон сафарбар гардиданд.
Бинои Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд дар кадом кӯча ҷой гирифта буд?
Дар собиқа Пролетарский мегуфтаанд он кӯчаро. Баъдтар Энгелс ном гирифт. Ҳоло кӯчаи Ислом Каримов аст. Замонҳое дар муқобили корпуси академии институти зикршуда заводи «Фотон» ҷой гирифта буд. Баъдтар маъмурияти заводи электротехникии «Фотон» ба он кӯчид. Кӯчаҳои Мовароуннаҳр ва Амир Темур низ ба «Фотон», ба корхонае, ки як вақтҳо дар ҷойи он Дорулмуаллимини тоҷикии Тошканд қарор дошт, пайвастаанд.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: