Бори аввал аст, ки анҷумани «Фарма Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ» дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар ин ҷамъомади байналхалқӣ, ки ба саноати дорусозӣ бахшида шуд, намояндагони ширкату корхонаҳо аз даҳҳо мамлакатҳои хориҷӣ ҷамъ омаданд.
Саноати дорусозӣ, ки аз соҳаҳои нозук ва технологии баланд маҳсуб мегардад, дар айни ҳол бозори хеле васеъ дорад ва аз ин боис рӯ ба инкишоф аст.
Дар Ӯзбекистон низ соҳа аз пешқадамтарин ба шумор рафта, барои солҳои 2022-2026 106 лоиҳаи сармоявӣ ба миқдори 1,25 миллиард доллар пешбинӣ гаштааст.
– Танҳо соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон 34 лоиҳаи соҳа ба миқдори 80 миллион доллар муҳаррар гаштааст, ки ин яке аз саноатҳои пешқадамтарин дар Осиёи Марказӣ мебошад, – мегӯяд бунёдгузор ва директори генералии ташкилотчии асосии анҷуман – «Восток капитал» Оксана Федосеева. – Маҳз ба далели эътибори зиёд ба соҳаи мазкур аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон мо инҷоро чун маҳалли ҳамоиш интихоб намудем, – суҳбаташро идома медиҳад ин вакили соҳаи саноати дорусозии Русия.
Дар давоми се рӯз дастандаркорон ва мутахассисони соҳа дар бобати ҷанбаҳои гуногуни саноати дорусозӣ – аз дастгоҳу василаҳои истеҳсолии он то нигоҳдориву захира ва бозору фурӯши он суҳбат намуданд ва ин мулоқот барои ҳамдигар муфид буд, ки баъдан дар кори худ истифода намоянд.
Бо таҷриба ва дониши соҳа то чӣ андоза мусаллаҳ будан, хусусан вақтҳои карантину пандемия ба дард мехурад, ки дар чунин ҳолатҳо соҳа ва ҷамъият дар ғафлат намонад.
Чунин вазъият ва манзара дар вақти паҳн гардидани коронавирус бараъло маълум гардид, ки то ҳисоби корро ёфтан фаъолияти соҳаи марбут қариб дар тамоми ҷаҳон фалаҷ гардида буд.
Аз ин боис ҳикмати «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» ба ин соҳа низ дархур аст, ки танҳо ба ҳам дидани таҷриба ва дониш баъзан инсониятро аз вартаи буҳронҳои гуманитарӣ наҷот диҳад.
Т. МИРҲАЁЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.