Мавриди омӯзиш қарор додани вижагиҳои мардумшиносӣ, муайян сохтани топонимҳои алоҳида, эҳё ва дарёфти таронаҳои мардумӣ, мушаххас кардани вижагиҳои гӯишии ин ё он минтақа дар ошкор кардани таърихи гузашта ва марҳилаҳои тайкардаи айни як мавзеъ басо муҳим ва қобили таваҷҷӯҳ мебошанд.
Хушбахтона, солҳои охир бархе аз аҳли зиё ба масоили мазбур диққати махсус дода, натиҷаҳои бардошти худро тавассути мақола ва рисолаҳои алоҳида нашр мекунанд.
Ба ҳайси далел метавон аз китоби илмию бадеии адабпажӯҳи тозаназар Юнуси Имомназар ёдовар шуд, ки бо номи «Деҳаи зархез» дар нашриёти «Turon zamin ziyo» (соли 2016) зери таҳрири шоири саршиноси тоҷик Паймон ба зевари табъ ороста гардидааст.
Юнуси Имомназар бо эҷоди китоби мавриди тақриз бори дигар аз ҳунари бесобиқа ва назари фарохи илмии худ гувоҳӣ додааст. То ин дам аз ҷониби муҳаққиқон профессор М. Нурназаров («Тоҷикони Фориш»), дотсент Н. Расулзода («Тазкира») (рӯҳашон шод бод!) ва Абдуназари Набӣ («Сарзамине дар доманакӯҳ») доир ба вижагиҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, этимологӣ (ваҷҳи тасмияи вожаҳо) ва махсусиятҳои сарфию наҳвии шеваи мардуми деҳаи Эҷ (воқеъ дар ноҳияи Нурато) рисолаҳои ҷолибе навишта шудаанд. Китоби ҳозир, ки ба омӯзиши густурдаи як деҳкада марбут аст, давоми мантиқии он рисолаҳост. Ҳарчанд ҳадафи таҳқиқ ҳаммонанд аст, ҳар як рисола бо вижагиҳои худ аз якдигар фарқ мекунанд, хонанда дар ҳар кадоми онҳо навгонии ҷолиберо дарёфт карда метавонад. Бино ба андешаи худи муаллиф: «Бо ин ҳама, ҳанӯз ҳам паҳлӯҳои норавшан, масъалаҳои баҳсталаб ва пажӯҳишҳои нотамом дар соҳаҳои гуногун… боқӣ мондаанд» (с.8). Маҳз ҳамин омил сабаб шудааст, ки номбурда барои навиштани ин рисола камар бандад ва хушбахтона, муваффақ ҳам шавад. Тавфиқи муаллифро бо чанд далел метавон ба субут расонид. Як мисоли равшани он бо маводи фактологии зиёд, бо такя ба кутуби дасти аввал исбот кардани андешаҳои хеш аст ва ин аз унсурҳои муҳими кори илмист, ки ба кам касон даст медиҳад. Таҳқиқи ҷиддии маконвожаи «Эҷ», ки муаллиф бо такя ба сарчашмаҳои арзишманди илмӣ ва луғатномаҳои ҷомеъ исбот кардааст, далели дигари он мебошад.
Рисолаи мавриди тақриз аз муқаддима, се боб ва хулосаву манобеи илмӣ фароҳам омадааст. Унвони боби аввал «Вожаҳо ва гӯиши мардумӣ» мебошад, ки муаллиф дар он барои нишон додани вижагиҳои шеваи мардуми деҳаи Эҷ ва тафовуту умумияти ин шева бо гӯишҳои деҳоти тоҷикнишини дигар саъй кардааст. Бояд гуфт, ки як қисми калимаҳои таркиби луғавӣ ба тағйироти шаклӣ дучор шуда (таҳти таъсири омилҳои гуногуни забоншиносӣ), аз доираи забони адабӣ хориҷ шудаанд, аммо дар забонҳои алоҳидаи эронӣ ва гӯишҳои он, ба хусус тоҷикӣ, боқӣ мондаанд. Аз ин рӯ, муаллиф дуруст қайд кардааст, ки «Одамон, новобаста аз таъсироти беруна, дар маҳдудаи худ пайваста бо лаҳҷаи маъмул гуфтугӯ кардаанд ва тавонистаанд паҳлӯҳои хоси гӯиши худро аз насл ба насл гузаронанд. Ба вижа, ҳанӯз ҳам зинда будани як қатор калимаю мафҳумҳо дар лаҳҷаҳо, ки онҳо дар забони меъёр корбурд надоранд, аз ин маънӣ далолат медиҳад» (с.32). Ин гурӯҳи унсурҳои луғавӣ захираи калони вожаҳои ориёиаслро ташкил медиҳанд. Муҳаққиқи шинохтаи эронӣ Парвиз Нотали Хонларӣ ба ҳамин нукта ишора карда, навишта буд, ки лафзи гӯиширо «пасту беарзиш набояд шумурд ва ба чашми беэътиборӣ набояд нигарист, зеро онҳо низ суратҳои дигаре аз ҳамон забонҳои аслии куҳан ё муншаиб аз асли бостони куҳане ҳастанд». Шиносоӣ бо маводи гӯишҳо ва муқоисаи онҳо нишон медиҳад, ки чунин унсурҳои куҳан дар гӯиши тоҷикони кӯҳпояи Нурато хеле зиёд ба мушоҳида мерасанд. Инро маводи лаҳҷаи деҳаи Эҷ, ки дар рисола бо номи «Луғатномаи мухтасари лаҳҷаи Эҷ» оварда шудааст, собит мекунад. Мувофиқи таснифоти гӯишшиносон, лаҳҷаи мазкур ба лаҳҷаи Самарқанд, дар ноҳияҳои Фориш, Ургут, Оҳалик, шаҳри Самарқанд ва музофоти он, ҳамчунин лаҳҷаи яҳудиёни Самарқанд мувофиқат мекунад. Тибқи ин таснифот, лаҳҷаи мазкур ба гӯиши шимолӣ мансуб буда, чун соири нуқоти дигари тоҷикнишин решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва дар худ дурдонаҳои «дарозумр»-ро маҳфуз доштааст. Муаллиф бо овардани маводи фактологии қотеъ ин андешаро тасбит кардааст.
Муаллиф итминон меварзад, ки «бошандагони деҳа… то ҳадди имкон хазинаи луғавии хоси гузаштагонро дар мағзи худ нигаҳ дошта, ба наслҳои оянда интиқол медиҳанд» (с.32).
Мутолиаи ин боби китоб бар он далолат мекунад, ки муаллиф дар шинохти масоили забоншиносӣ низ муваффақ аст, зеро таснифоти калимаҳои гӯишии минтақаи ёдшуда ва резакориҳо дар он шаҳодати ин андешаанд.
Боби дуюми рисола «Таронаҳои мардумӣ ва катибаҳо» буда, муаллиф дар ин боб сабаби зуҳури тарона ва катибаҳои минтақаи мавриди назарро бо омилҳои раднопазир мушаххас кардааст. Яке аз сабабҳои меҳварии пайдоиши таронаҳои мардумиро муаллиф, пеш аз ҳама, дар «табиати хушбоду ҳавои Эҷ, садоҳои мурғони хушовоз ва рӯду ҷӯйборҳояш» мебинад.
Дар боби сеюм, ки «Аҳли сухан» унвон дорад, Юнуси Имомназар дар бораи нафароне, ки зиндагии худро ба қаламфарсоию заҳмати кори илмӣ пайвастаанд, маълумоти судмандеро матраҳ кардааст.
Дар фарҷом, бояд гуфт, ки ба нашр расидани китоби «Деҳаи зархез» воқеаи фараҳбахш буда, барои устодони макотиби зинаҳои мухталиф, аҳли илму адаб ва доираи васеи хонандагон армуғони шоиста аст.
Абдуҷамол ҲАСАНЗОДА,
доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
Зоҳид ҚӮРҒОНОВ,
номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.