ДОСТОНСАРОӢ АЗ ҚАДИМ РИВОҶ ЁФТААСТ

Достонсароӣ ё тавре мегӯянд, бахшигарӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ нақш ва ҷойгоҳи хоси худро дорад.

Он ба феҳрасти репрезентативии мероси ғайримодии фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудааст. Муддати се рӯз дар шаҳри Гулистон бахшиёни 30 мамлакати дунё ҳунари достонсароиву навозандагии худро намоиш доданд. Дар ин ҷашнвора намояндагони Тоҷикистони ҳамҷавор низ ҳунари худро ба маърази тамошо ва ҳайати доварон гузоштанд. Ҳамсуҳбати мо Кароматулло РАҲИМЗОДА, номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсенти кафедраи таърихи санъат ва назарияи мусиқии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода мебошад. 

– Оид ба таърифи пайдоиши ин достон нуқтаи назари гуногун пешниҳод мешаванд. Достони мазкур дар минтақаҳое паҳн шудааст, ки дар он халқҳои эронизабон (аз ҷумла тоҷикон) ва туркизабон (ӯзбек, қазоқ, озар, туркман) асрҳои зиёд бо ҳам зиндагӣ мекарданд. Ин достон ба номҳои гуногун машҳур гаштааст ва онро мардуми турктабор «Гӯрӯғлӣ» мегӯянд. Дар шаклу номҳои гуногуни миллӣ паҳн шудани ин анъанаи достонсароӣ сабабҳои худро дорад. Достони «Гӯрӯғлӣ» дар мероси мусиқии тоҷикон падидаи муҳим ва нотакрор буда, дар он воқеаҳои афсонавии таърихии халқҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз ифодаи бадеии худро пайдо кардааст, – гуфт К. Раҳимзода.
Вай афзуд, ки эпоси мазкур аз силсилаи 30 достони ба ҳам алоқаманд ташкил ёфтааст ва аз рӯи иҷрои намояндагони мактабҳои гуногуни гӯрғулихонӣ (асосан дар ҷануби Тоҷикистон ва тақрибан 150 нусха) аз ҳам фарқ мекунанд. Миқдори қобили мулоҳизаи достонҳо, ба ақидаи бархе аз муҳаққиқон, аз ашъори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ зиёдтар аст, ки ба анъанаи хаттии эпикӣ мансуб мебошад. Ҳар як миллат фолклор ё эҷодиёти даҳонии худро дорад. 
– Дар бораи номгузории достони «Гӯрғулӣ», ки онро ӯзбекон «Гӯрӯғ-лӣ» меноманд, чиҳо метавон гуфт? 
– Ғайр аз мардуми эронитабор достони «Гӯрғулӣ» дар шаклу номҳои андаке дигар дар байни халқҳои туркзабон маъмул аст: Коруглӣ – дар байни озариҳо, Горӯғлӣ – дар байни туркманхо, Гӯрӯғлӣ – дар байни ӯзбекҳо, қазоқҳо ва амсоли он. Дар ин вариантҳо эпос дар шакли наср, бо замимаҳои алоҳидаи мусиқию поэтикӣ иҷро карда мешавад. Қаҳрамони асосӣ дар анъанаи достонсароии озарӣ писари Кӯрӯғлуи нобино буда, дар Осиёи Марказӣ дар байни мардуми турктабор ин қаҳрамон Гурӯғлӣ номида мешавад, ки номаш ба маънои аслӣ «дар қабр таваллудшуда» ё  «фарзанди қабр» мебошад.  Баръакси нусхаҳои туркии он тоҷикон онро дар шакли шеърӣ пешниҳод ва пурра бо асбоби мусиқии думбура (дутори хурд) ва бо тарзи махсуси гулӯии «ҳӣ» месароянд. Чунон ки муҳаққиқ Л. Синитсина қайд кардааст, «Тамоми ширинии гӯрғулихонӣ дар овози махсуси гулӯии «ҳӣ» мебошад».
Ба гуфтаи Раҳимзода қаҳрамони марказии афсонавӣ Аваз-баҳодур мебошад, ки корнамоиҳои ӯ асоси анъанаи баррасишавандаро ташкил медиҳанд. Ҳар як образи достон оҳанги ба худ хосе дорад, ки дар ҳамаи дастонҳо ҳамеша ҳамчун «лейт» ё ангезаи асосӣ истифода мешавад. Ин оҳангҳо (зиёда аз сӣ намуд) мавзӯи мушаххас (ҷанг, душманӣ, ишқ, андӯҳ, шодӣ ва ғайра)-ро ифода намуда, дорои хусусияту характери эпикии хос мебошанд. Масалан, оҳанги мақоми «Ҷанг» ҳангоми тасвири амалиёти ҷангӣ ва мақоми «Дар асорат» ҳангоми асир шудан ҳамчун ҳодисаи асосӣ иҷро карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки майдони паҳншавии анъанаи ҳамоса бузург аст. Тадқиқотчии машҳури адабиёти тоҷик, ховаршинос И. Брагинский минтақаҳои зерин – Осиёи Миёна (туркманҳо, ӯзбекҳо, қазоқҳо, қароқалпоқҳо, тоҷикон ва арабҳо), Қафқоз (озариҳо, қумиқҳо, арманҳо, гурҷиҳо, абхозҳо), Сибир (тоторҳои Тоболск), Балкан (гагаузҳо), Шарқи Наздик ва Миёна (курдҳо, туркҳо, тоҷикони Афғонистон)-ро минтақаҳои хоси эпикӣ муайян кардааст.   
Ба таъкиди олими тоҷик дар дарки асли ташаккули достони Гӯрғулӣ робитаи фарҳангии мардуми эронинажод (аз ҷумла тоҷикон) ва туркзабонҳо аҳамияти махсус дорад. 
– Аломати асосие, ки хусусияти миллии достони «Гӯрғулӣ»-и тоҷикиро муайян мекунад, фарқи куллии он аз дигар вариантҳо дар шакли мусиқию назмии он аст. Дар таҳияи ин муқаррарот муҳим ба назар мерасад, ки ин навъи ривояти эпикӣ ба анъанаҳои чандинасраи ҳунарии тоҷикон, ба даврони ҷомеаи фарҳангии эронӣ бармегардад. Муҳаққиқи ин давраи таърихӣ, санъатшиноси маъруфи тоҷик Н. Ҳакимов дар асоси таҳлили маъхазҳои сершумор ба хулосае омадааст, ки дар давраҳои қадим аҷдодони халқи тоҷик бо истифода аз мифологияи бой натанҳо суруду рақсҳои гуногун доштанд, балки давраҳои сершумори эпикиро, ки дар ёдгории хаттии эрониёни қадим – Авесто (ҳазораи II-I пеш аз милод) инъикос ёфтаанд, аз сар гузаронидаанд. Давраи боқимондаи ривоятҳои марбут ба сулолаи Каёниён – сурудҳои гуногун, ки бо номи умумии «фарзандони бузургон» муттаҳид шудаанд, воқеаҳои ҳаётии таърихӣ дар асрҳои 9-7 пеш аз милод дар Бохтарро инъикос мекунанд, – тавзеҳ медиҳад Кароматулло Раҳимзода. 
Ба таъкиди Кароматулло Раҳимзода дар таърихи таҳқиқи эпоси тоҷикӣ дар номи он тағйирот ба амал меояд, ки дар баъзе осори давраи муайян аз Гӯрғулӣ то Гӯрӯғлӣ инъикос ёфтаанд. Агар дар солҳои 1930-1950-уми қарни гузашта асосан таърифи аслиро вирди забон мекарданд, дар солҳои минбаъда асосан дар соҳаи илм калимаи «Гӯрӯғлӣ» истифода шудааст. Ба ақидаи К. Раҳимзода комилан мумкин аст, ки дар ин ҷо муносибати муайяни идеологӣ зоҳир шуда бошад. Аммо акнун дар шароити нави давлатдории тоҷикон олимон метавонанд андешаҳои худро дар бораи пайдоиши асолати ин эпос озод баён кунанд.
– Ба унвони мисол аз тағйирёбии муносибат ба номи достон аз далели фолклоршиноси тоҷик С. Фатҳуллоев истифода мебарем, ки соли 2010 дар мақолаи «Гӯруғлӣ не, Гӯргулӣ гӯед» гуфта мешавад, ки номи тоҷикии ин достон аз ду реша: «гӯр»-и тоҷикӣ ва арабии «гул» иборат буда, таъкид мекунад, ки писар дар қабр не («ӯғли»-и туркӣ), балки қаҳрамон таваллуд мешавад ва ҷуссааш низ бузург будааст. Вале солҳои дароз номи достонро «Гӯрӯғлӣ» навиштаанд, – мегӯяд бо такя ба ин фолклоршинос К. Раҳимзода.
Агар аз нигоҳи анъанаҳои эҷодиёти достонсароии тоҷикӣ таваҷҷуҳ кунем, ба чунин натиҷа мерасем, ки бузургҷуссае дар қабр таваллуд шудааст ва номи ӯ «Гӯрғулӣ» аст. Ба шаҳодати К. Раҳимзода олими суханшинос F. Муродов ҳамин мавқеъро ишғол мекунад. Вай дар мақолаи «Решаҳои таърихии достони халқии «Гӯрғулӣ», «Ғайбзод», «Пури гӯр», «Гӯрзод» маънии номи Гӯрғулиро тавзеҳ дода, онро ҳамчун омезиши вожаҳои «гӯр»-у «ғул» ҳисоб кардааст. Ба андешаи ин муҳаққиқ образи «Пури Гӯр» дар достони мардумии Бухоро ва «Гӯрзод» дар Хуросон номҳои қадимаи «Гӯрғулӣ»-и тоҷикӣ мебошанд.
Мисоли чунин азнавсозӣ афсонаи бостонии тоҷикӣ «Гӯрзод» (дар тарҷума – «дар гӯр таваллудшуда») мебошад, ки ба қавли фолклоршиносоне ба фолклори туркии халқҳои Осиёи Миёна гузаштааст. Бо мурури замон Гурзод ба шакли туркии Гӯрӯғлӣ табдил ёфтааст.
– Олими Афғонистон И. Шаҳронӣ омӯзиши минтақаи паҳншавии анъанаи эпикӣ, бахусус, дар манотиқи алофҳидаи кӯҳистонии Афғонистонро ҷанбаи махсусан муҳим медонад, ки барои равшан шудани масъалаи пайдоиши достон мусоидат мекунад. Муҳаққиқ таваҷҷуҳи худро ба забони иҷрокунандагон – гӯиши дарии форсӣ ҷалб кардааст. Шаҳронӣ дар бораи достони «Гӯрғулӣ» дар хоки Афғонистон маводи зиёде (шаш ҷилд) гирд овардааст. Ӯ қайд мекунад, ки анъанаи қиссасозӣ хеле маъмул буд ва ҳоло дар миёни тоҷикон вуҷуд дорад, – тазаккур дод Кароматулло Раҳимзода.
Вай меафзояд, ки ин олими афғон инчунин ба он таваҷҷуҳ мекунад, ки дар манотиқи Афғонистон ҳангоми иҷрои ҳамоса ба забони тоҷикӣ вожаҳои туркӣ истифода мешаванд. Масалан, дар вилояти Ҷузҷон, ки дар он ӯзбекҳо бештаранд, мисли аспро Қурот (ё дар гузинаи туркҳои қафқозӣ — Қирот) меноманд, аммо дар шакли тоҷикӣ ҳамчун Зайналқир истифода мешавад. Афғонистониҳо вожаи «Бахшӣ»-ро дар робита ба қиссанависони туркзабон (чун дар миёни ӯзбекҳо ва туркманҳо маъмул аст) ба кор мебаранд, аммо достонсароёни тоҷикро «гӯянда» ё гӯрғулихон меноманд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: