Гар «Авасто»-ву «Хираднома» ба дастем, чӣ хуш,
Ё зи майхонаи донишкада мастем, чӣ хуш.
Дар сиёсатгаҳи мо илми низоъ омӯзанд,
Мо «Сафарнома»-ву «Шаҳнома»-парастем, чӣ хуш.
Тӯсие номаи ишқу ҳавас ирсол намуд,
Зуд паймонаи ғамро бишикастем, чӣ хуш.
Эй басо номаву андарзи ниё ҳифз шуда,
То таваккул ба Худо карда нишастем, чӣ хуш.
Ҷон фидо мекунад ин қавм ба меҳмони азиз,
Дар ба рӯйи худу бегона набастем, чӣ хуш.
Душмано, роҳзано, тухми ҷудоӣ мафикан,
Ману эрониву афғонӣ якастем, чӣ хуш.
* * *
Надонам аз касе дил бурда ё биспурдаам, ё раб,
Маро ранҷонда кас ё хотире озурдаам, ё раб.
Ба он ҳусну тароват лола умри кӯтаҳе дорад,
Набудам лола охир, аз чӣ рӯ пажмурдаам, ё раб.
Макида шарбати ширини умрам аждаҳои ғам,
Ба кунҷ афканда чун тармеваи афшурдаам, ё раб.
Нагаштам ҳаргиз андар зиндагӣ сарбори кас, шукре,
Ки борамро ба дӯши хеш танҳо бурдаам, ё раб.
Ҷароҳатҳои ҷисмам оварида рӯ ба афзоиш,
Саре битвонӣ бишкастан ба санги гурдаам, ё раб.
Надорад созише бо пайкарам аҷзои тан умрест,
Басо афсурдаам, афсурдаам, афсурдаам, ё раб.
Надонам зиндахомӯшам ва ёки мурдаи гӯё,
Бигӯ гар зиндахомӯшам, биҷӯ гар мурдаам, ё раб.
Шодӣ КАРИМ,
ноҳияи Музработ.