Миёнаи солҳои ҳаштодуми қарни гузашта ҳайати эҷодии телевизиони Ӯзбекистон тасмим гирифт, ки бо ҳамкории радиои вилояти Ленинобод (имрӯз Суғд) барномаи дӯстии аҳли адабу фарҳанги вилоятро таҳия намояд.
Аз Тошканд масъули шуъбаи адабию мусиқии телевизион, шоир Муродҷон Раҳмон ба вилоят омад. Шоиру нависандагон ва аҳли санъат барои барнома интихоб гардиданд. Дар сафи онҳо камина низ будам. Зеро он солҳо туфайли радиомаҷаллаи машҳури радиои Ӯзбекистон «Табассум» бо навиштаҳои худ фаъол будам. Бар замми ин, азбаски ҳамчун мухбири ҷамоатии радиои вилоят бо хабару мақола дар таҳияи барномаҳо саҳмгузор будам, вазифа гирифтам, ки ба Қистакӯз (имрӯза Хестиварз) рафта, бо Муаллими хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Абдуғаффор Ҳасанов суҳбатеро бо сабти овоз омода созам. Ба ҷойи муайяншуда рафтам. Бо ин шахси солхӯрда, устоди устодон дидорбинӣ бароям ҳам гуворо, дар як вақт масъулият ҳам буд. Устод баробари омӯзгор будан, аз эҷод ҳам хабар доштанду туфайли он аз суҳбати даҳҳо санъаткорони номии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баҳра бурдаанд, бо онҳо дӯстӣ доштанд.
– Медонед, писар, ба ин даргоҳи хоксоронаам қадами бисёр азизон расидааст. Боре падарам нақл карда буданд. Асосгузори драматургияи ӯзбек, шоир Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ бо труппаи худ ҳангоми гузаштан ба Фарғона меҳмони хонадони мо шудаанд. Ҳатто як пораи драмаи «Бой ва хизматгор»-ро дар ҳамин ҷо машқ кардаанд.
Дар як вақт устод аз мулоқотҳояшон бо Ғафур Ғулому Собир Абдулло, Зулфияю Ғайратӣ, академик Қорӣ Ниёзӣ, овозхонҳо Маъмурҷон Узоқов, Комилҷон Отаниёзов, Ориф Алимахсумовҳо бо ҳаяҷон ҳарф мезаданд.
Ман нақли ҳамсуҳбатамро бо репортёри кӯҳна (ба қавле якпута) сабт намуда, ба мутасаддии барнома Т. Алиев супоридам. Аз он суҳбат қисман тариқи радиои вилоят ва Тошканд шунавонида шуд.
Ҳамин тавр, рӯзи баромади мо дар телевизиони Ӯзбекистон муайян гашт ва раҳораҳ бо ширинкори номӣ Ҳоҷибой Тоҷибоев, ки зодаи деҳаи Ӯзбекқишлоқи ноҳияи Ҷаббор Расулов асту он солҳо дар театри Андиҷон фаъолият дошт, саҳначаи «Дар ошхона»-ро бе коғазу қалам таҳия намудем.
Қабл аз оғози барнома сармуҳаррири барномаҳои адабию мусиқӣ, Шоири мардумии Ӯзбекистон Муҳаммад Алӣ гурӯҳи эҷодиро қабул кард. Оиди дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, боз ҳам мустаҳкам кардани алоқаи адибони ду халқ хеле сухан ронд ва аз боби номи барнома ба ҳозирон назари суол кард.
Доири унвони барнома пешниҳодҳо бисёр буданд. Мани ба қавле «маҳмадоно» ба суҳбати бузургон ҳамроҳ шуда пешниҳод кардам, ки бигузор «Сир соҳили садолари» («Навоҳои соҳили Сир») шавад.
– Шуд, шуд. Ҳамин таклифи Эгамназар қабул. Ин шоир ҷавон бошад ҳам пухта менамояд. О, «Табассум»-чиён ҳамаро қабул намекунанд, – ба суҳбат нуқта гузошт Муҳаммад Алӣ.
Сабти барнома оғоз ёфт. Ҳоҷибой Тоҷибоев ҳар вақт огоҳ мекард, ки саҳначаро, албатта, нишон диҳем.
Пас аз хондани ду-се шеъри ҳаҷвӣ ба намоиши «истеъдоди» актёрӣ пардохтем. Сабт карданд. Пас аз чанд рӯз аз шабакаи аввал барнома ва саҳначаро дар иҷрои ману Ҳоҷибой Тоҷибоев намоиш доданд. Пас аз чанде такрор карданд. Бад-ин тариқ равуои Ҳоҷибой Тоҷибоев ба телевизиону радиои Ӯзбекистон бештар шуд. Унвони «Ҳунарпешаи шоиста»-и ду ҷумҳуриро гирифт. Вале дӯстии мо канда нашуд.
Афсӯс, ки умр ба ин истеъдоди нотакрор вафо накард. Арафаи шастсолагиаш, расо як моҳ пеш аз рӯзи мавлудаш аз олам чашм пӯшид. Мегӯянд, ки ҳангоми ба ҷарроҳӣ бурдан «Чӣ маро барои куштан мебаред? Овора нашавед, Ҳоҷибой аз мемурдагиҳо не!» гӯён ба духтурон табассум ҳадя кардааст.
Ҳамаи ин мулоқоту вохӯриҳо аз ҳамкориам бо радиожурнали «Табассум» реша мегирифт, гӯям хато нахоҳам кард. Сабаб он, ки вақте ду шеъри ҳаҷвиам аз «Табассум» садо дод, ман хаткашони оддии шуъбаи алоқаи ноҳия будам. Сипас ба рӯзномаи ноҳиявӣ ҳамчун корманди техникӣ ба кор даъват карданд. Баъди хатми Донишгоҳи олии педагогӣ ба ҷамъияти «Дӯстдорони китоб» котиби масъул шудам, ки ташкили мулоқоту вохӯриҳо бо шоирону олимон ва нависандагонро дар ӯхда доштам. Азбаски дар радиою телевизиони вилояту ҷумҳурӣ хабару мақолаҳо менавиштам, ба муҳарририи радиои маҳаллӣ гузаронданд, ки бештар аз чоряк аср ин вазифаро адо намудам.
Иштирокам бо мухлисони «Табассум» дар ноҳияи тоҷикнишини Косонсойи вилояти Намангон ҳамроҳи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдураҳим Неъматов низ хотирмон буд. Боре устод, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод гуфт, ки фаъолияти меҳнатии худро дар яке аз мактабҳои ин ноҳия оғоз кардааст. Мардуми Косонсой басо меҳмондӯсту фарҳангӣ буданд. Дарёчаи Чортоқ аз миёни ноҳия мегузашт ва ин ба кас рӯҳу ҳаловат мебахшид. Вақте ки моро ба вохӯрӣ даъват карданд, аз сафарам шоири зуллисонайни деҳаи Дархон Абдулло Қайюм хабар ёфта «Аз Тоҷикистон омадам» ном шеъри «ширу шакар»-ашро дастрас кард ва назди мухлисони «Табассум» дар кинотеатри «Нурхон» онро қироат кардаму Абдураҳим Неъматов бо ҳазлҳои худ аҳли толорро ба ваҷд овард.
Мулоқоти дигари хешро бо ҳамсари Нависандаи халқии Ӯзбекистон Абдулло Қаҳҳор Кибриё Қаҳҳорова, ки 25 сол дар паҳлӯи адиб буду дар ин бобат хотираҳои худро дар шакли китоб ба чоп расондааст, фаромӯш карда наметавонам. Зеро бо эҷодкорони «Табассум» аз Тошканд то Янгийӯл ба вохӯрии пахтакорон меомадаму ман бо К.Қаҳҳорова дар як курсӣ қарор доштам. Суҳбати мо асосан бо забони тоҷикӣ ҷараён дошт. Ин бонуи донишманди маъруф ҳатто тасаввур намекард, ки ман ӯзбек мебошам.
– Асарҳои шуморо аз «Табассум» шунида хаёл мекардам, ки ӯзбеки тоза ҳастед, – лутф кард ҳамсуҳбатам.
– Дуруст, вале фаромӯш накунед, ки ман аз Тоҷикистон. Бояд тоҷикиро аз забони модариам боло монам, ки поён не, – гуфтам дар ҷавоби суоли олима.
Ҳеч аз ёдам намеравад, ки бо адибони номдор Одил Ёқубову Ӯткур Ҳошимов, Худойбердӣ Тӯхтабоеву Неъмат Аминов, Саъдулло Сиёеву Ашӯралӣ Ҷӯраев, шоирон Зулфияю Эркин Воҳидов, Абдулло Орифову Аскар Маҳкамов, Анвар Обидҷону Турсунбой Адашбоев баринҳо мулоқот доштаму навиштаҳоямро аз таҳрири онҳо гузаронда ба чоп додаам. Натиҷа он буд, ки соли 1979 дар алманахи «Ёшлик-79» як саҳифа эпиграммаҳои камина ба дасти чоп расид.
Инак, ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, мулоқотҳои гарму самимии ду роҳбар ба қалби ду халқи дӯсту бародар, ки солиёни зиёд пазмони озодонаи дидори якдигар буданд, нур мепошад. Роҳҳо кушода шуданд, сарҳадҳо аз байн рафт. Захмҳои солҳои қаблӣ даво меёбад. Тасанно ба сарварони муаззам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, ки муносибатҳои сарди солҳои қаблиро гарм карданд, ҳарорат бахшиданд, ки садсолаҳо бо ҳарфҳои зарҳал китоби таърихро ҷило мебахшад.
Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ,
собиқадори матбуот,
Аълочии радио ва
телевизиони Тоҷикистон.