ДУ ДИЛДОДАИ ҲУНАР

Эҷ бо овозхонҳои хушадои худ низ шуҳрат дорад.

Эҷ бо овозхонҳои хушадои худ низ шуҳрат дорад. Агар дар охири асри XIX ва ибтидои садаи XX ҳунармандоне аз қабили Зокир-ҳофиз, Деҳқони Шаҳ ва дертар Эргаши Олим, Ҳасани Абдунабӣ, Қазоқи Тӯйназар, Рӯзимуроди Раҳим доди сухану оҳангҳои ҷаззобро дода бошанд, имрӯзҳо ин ҳунари волоро сарояндагони хушилҳони роҳафтода Дилмуроди Қӯзӣ ва Икроми Худойназар идома медиҳанд. Боиси хушнудист, ки ин ду ҳунарпешаи омӯзгор мактаби махсуси овозхониро таъсис додаанд ва аз маҳфилҳои онҳо чандин нафар шогирд ба воя расида, пешаи овозу оҳангсароии тоҷикиро сарбаландона давом медиҳанд. Аз пайи онҳо фарзандонашон Фирдавси Дилмурод, Фаррухи Дилмурод, Гулназари Икром, Хушнуди Икром, Аниси Икром, Сардори Икром, Муниси Икром – ҳама овози хушу гуворо доранд ва бо созҳои мусиқӣ роҳат ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дилмуроди Қӯзӣ ва Икроми Худойназар ҳарчанд гурӯҳҳои алоҳидаи мусиқӣ доранд, чандин оҳангу сурудро бо ҳам, таҳти созу навои муштарак иҷро кардаанд. Чунончи, силсилатаронаҳо таҳти унвони «Рубоиёти Зарафшон» дар байни мардуми кӯҳистони Нурато ва берун аз он шуҳрат касб намудааст. Ягон ҷашну арӯсие нест, ки дар он одамони бозавқу таронадӯст ин қабил сурудҳои муштараки эшонро дархост накунанд.
Дилмуроди Қӯзӣ ва Икроми Худойназар дар баробари пешаи аслии худ – омӯзгорӣ, бо ҳунари ровигӣ ва овозхонии хеш ба дилу дидаи мардум роҳ ёфтаанд. Ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки дар барномаҳои ҳунарии онҳо матни шеърҳо аз ашъори эҷодкорони кӯҳпояи Нурато низ ҷо гирифтаанд. Ба вижа, шеърҳои шоирон Паймон, Маҳмуди Нурназар, Абдуназари Набӣ, Ҳикмат, Шакар Сайфӣ ва дигаронро ба оҳанг даровардаанд, ки ҳар яке дар байни халқ маҳбубият дорад.
Дилмуроди Қӯзӣ ва Икроми Худойназар аъзои фаъоли маҳфилҳои ҳунарии вилояти Навоӣ мебошанд. Борҳо дар анҷуману озмунҳои фарҳангию ҳунарии вилоят ва ҷумҳурӣ бомуваффақият ширкат варзидаанд, барномаҳои ҳунарии худро дар «оинаи нилгун» ба арзи тамошо гузоштаанд. Гузашта аз Ӯзбекистон, дар Тоҷикистон ва навоҳии тоҷикнишини Қазоқистон мухлисони бешумор доранд. 

Холбикаи НУРНАЗАР,
омӯзгори фанни забон 
ва адабиёти тоҷики 
мактаби таълими
ҳамагонии рақами 43-юми ноҳияи Нурато.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: