Ду хабар аз Андиҷон

ОҒОЗИ СОЛИ ТАҲСИЛ ДАР БИНОИ НАВ

Фарзандони сокинони маҳаллаи Чӯртанлиқи деҳаи Чувамаи ноҳияи Избоскан соли нави таҳсилро дар бинои нав истиқбол гирифтанд. Ин бино дар ивази се миллиарду дусад миллион сӯм қомат рост намудааст. Сохтану мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави мактабро сохтмончиёни ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Билл ХХI»  таҳти роҳбарии Омадбек Йӯлдошев  бар ӯҳда доштанд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки бинои наву замонавӣ бо асбобу маводи зарурии таълимӣ муҷаҳҳаз мебошад. Он аз ду ошёна иборат аст. Дар бинои нави мактаб дусаду шонздаҳ донишомӯзи деҳаи Чувама таълиму тарбия мегиранд. Сиву нӯҳ нафар донишомӯзони синфи якуми мактаби мазкур соҳиби тӯҳфаҳои Президент гардиданд.


АЗ ЗИЁРАТИ КАЪБА БАРГАШТАНД
Ин гурӯҳ аз дусаду сиву чор нафар сокини шаҳру ноҳияҳои вилоят иборат буд. Зоирон аз тариқи майдони ҳавоии шаҳри Намангон ба зиёрати хонаи Худо рафта буданд. Онҳо баъди анҷоми аркони Ҳаҷ дубора ба назди пайвандони худ баргаштанд.
Ҷараёни бозгашти ҳоҷиён идома дорад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти АНДИҶОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: