Ду хабар аз Сирдарё

УФУҚҲОИ ҲАМКОРӢ

Ба наздикӣ ректори Донишгоҳи давлатии Гулистон Муҳсин Тоҷиев бо ҳамкасбони худ — ректори Донишгоҳи давлатии Владимир Анзор Сарилидзе ва ректори Донишгоҳи федералии Қазон Илшат Гафуров ба шартномаи тарафайн имзо гузоштанд. Мақсад аз он тайёр кардани  кадрҳо, ташкил намудани таълим бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ, ба таҷрибаивазкунӣ фиристодани устодони донишгоҳҳо, баргузор кардани корҳои илмӣ ва тадқиқотӣ бо назардошти хусусиятҳои ба худ хоси кишварҳо ва  ҳамкорӣ дар тарбияи бакалавру магистрҳо аст.
Мувофиқи шартнома бо Донишгоҳи федералии Қазон бакалаврҳо аз рӯи ихтисосҳои биология, химия, математика, математикаи амалӣ ва информатика, иқтисодиёт чор сол таҳсил мегиранд. Солҳои якум, дуюм ва чоруми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Гулистон, соли сеюм бошад, дар Қазон  мегузарад.
Мувофиқи шартнома дипломи донишҷӯён ҳам дар Ӯзбекистон ва ҳам дар Федератсияи Русия эътироф карда мешавад.

МОҲИЯТИ ҚОНУНҲО БА ХАЛҚ ПЕШКАШ МЕГАРДАД

Дар Садорати адлияи вилояти Сирдарё бо мақсади ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар фаҳмонда додани мазмун, моҳият ва аҳамияти ҳуҷҷатҳои вобаста ба қонун таҳти унвони «Ахбори адлия» брифинг баргузор шуд.
Дар брифинг, ки бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ, кормандони масъули идораҳои давлатӣ, донишҷӯён ва ходимони мақомоти ҳифзи тартибот баргузор гашт, дар бораи 12 қонун, қарор ва низомҳое, ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби Президент ва ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул шудаанд, сухан рафт.
Брифинг таҳти раёсати сармутахассиси шуъбаи «Тарғиботи ҳуқуқ ва маърифат»-и Садорати адлия Дилноза Умурзоқова гузашт. 

Т. БОҚИЕВ, 
хабарнигори рӯзнома 
дар вилояти Сирдарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: