ДУ ХАЛҚИ АЗ АЗАЛ ЁРУ БАРОДАР ТОҶИКУ ӮЗБЕК!

(Репортаж)

Майдони васеи гузаргоҳи марзбониву гумрукии «Андархон» воқеъ дар мавзеи Собиртепаи ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона, ки бо вилояти Суғди Тоҷикистон марзҳои муштарак дорад, аз ҳаррӯза серодаму серталотум менамуд. Ҳама ҷо тозаву озода. Дар як тарафи майдон акси бузурги ду роҳбари давлат  гузошта  шудааст, ки ин манзараро боз ҳам ҷилои тоза мебахшид.
Духтарони либосҳои зебову идона дар бар ва дар даст гулдастаҳои тару тоза саф ороста, бо нону намак мунтазири меҳмонони тоҷикистонӣ меистоданд. Парчамҳои ду кишвар бовиқор парфишонӣ менамуданд. Дар маҷмӯъ, худи манзараи пеши назар аз ба вуқӯъ омадани як ҳодисаи хурсандибахш гувоҳӣ медод.
Садои карнаю сурнай ва дафу доира ба ҳаво хест. Мизбонон таҳти раёсати ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ба истиқболи меҳмонони тоҷикистонӣ шитофтанд, ки бо роҳбарии раиси ҳукумати вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вориди ин майдон мешуданд. Онҳо гарму ҷӯшон пазироӣ  ва барояшон гулдастаҳои тару тоза тақдим мегардид.
Тибқи таомули меҳмоннавозӣ аъзои ин ҳайат аввал аз нону намак чашида, баъд якҷо бо мизбонон ба маҷлисгоҳ роҳ пеш гирифтанд, ки бо шиору плакатҳои гуногун оро ёфтаву дӯстиву рафоқати байни тоҷикону ӯзбеконро равшан ҳувайдо мекард.
– Имрӯз барои мардуми ду вилоят, хусусан соҳибкорону тоҷирон рӯзи фаромӯшнопазир аст. Дар ояндаи наздик дар ин майдони васеъ маркази тиҷоратӣ ва логистикӣ бунёд мегардад, ки ба минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд» марбут мебошад. Ҳоло бо ширкати дӯстони тоҷикистонии худ нахустин санги таҳкурсии бинои ин марказро мегузорем, – гуфт Хайрулло Бозоров.
– Майдоне, ки барои сохтмони маркази тиҷоратӣ ва логистика ҷудо карда шудааст, панҷ гектарро ташкил мекунад. Инчунин барои бунёди он 86 миллиард сӯм ё муодули 7,8 миллион доллари ИМА ихтисос дода шудааст. Дар ин марказ ё онро метавон маҷмааи савдо номид, 200 нуқтаи тиҷорат, меҳмонхона, банк, маркази логистика ва қаҳвахона-тарабхонаи замонавӣ ва муҷаҳҳаз қомат хоҳанд афрохт, – тазаккур дод Хайрулло Бозоров.
Аз тарафи ҳокими вилоят боз ҳамин нукта таъкид гардид, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин маҷмааи савдову логистика ҳудуди ҳазор нафар аҳолии маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин мекунад.
– Ба шарофати иродаи сиёсии ду абармарди бузург – Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев тамоми роҳҳо ба мардумони мо кушода шуданд ва ҳоло дар ин ҷо ҳузур доштани мо низ бар ҳамин асос сурат мегирад. Мо аз қадим як мардуме ҳастем, ки ба ду забон ҳарф мезанем. Ҷои шакк нест, ки ин маркази тиҷоратӣ ва логистикӣ дар густариши робитаҳои мо боз такони хубе хоҳад дод, – изҳор намуд раиси ҳукумати вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода.
Ба дунболи суханронӣ мавсуф аз хидматҳои калони сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ҷаноби Абдуҷаббор Раҳмонзода ёдовар шуд ва афзуд, ки вай барои тавсеаи ин робитаҳо талоши зиёд ба харҷ медиҳад. Р.Аҳмадзода боз гуфт, ки соли 2023 Соли рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду вилоят – Суғд ва Фарғона хоҳад шуд.
Вақте ки навбати сухан ба сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода расид, вай бо қироати чанд байт аз ашъори адибон лаб ба сухан боз намуд, ки ба тараннуми дӯстии ду халқи бародар бахшида шудаанд:
– Ду халқи аз азал ёру бародар 
тоҷику ӯзбек!
Ду қавми босаодат, покгавҳар 
тоҷику ӯзбек!
Зи Ҷомию Навоӣ реша дорад 
дӯстии мо,
Ду ҳамтақдиру ҳамдил, 
шеърпарвар тоҷику ӯзбек!
Вай дар идома зикр кард, ки иқтидори ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон хеле бузург аст, аммо ин иқтидор ҳанӯз пурра истифода нашудааст. Тоҷикистон муносибатҳои наздику дӯстона бо Ӯзбекистонро хеле қадр мекунад ва месазад, ки ин имкониятҳо пурсамар корбаст шаванд. 
– Бо шарофати саъю кушиши муштараки ду давлат муомилоти мол дар зарфи панҷ соли охир 7,5  баробар афзудааст. Танҳо дар соли 2022 ҳаҷми муомилоти моли миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 600 миллион долларро ташкил намуд. Дар ин росто ҷузъи муҳими ҳамкориҳои мо аз тиҷорат ва сармоягузорӣ иборат мебошад. Аз ин рӯ, ибтикори бунёди «Минтақаи тиҷорат ва логистика» дар минтақаи наздимарзӣ иқдоми саривақтӣ ва муҳим мебошад. Умедворем, ки натоиҷи он самари калони худро хоҳад дод ва ин объект ба ҳайси як катализатор дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун, дарёфту густариши самтҳои нави ҳамкорӣ ва умуман афзоиши иқтидори иқтисодии кишварҳои мо хидмат мекунад, – тазаккур дод Раҳмонзода.
Суруду таронаҳои ҷаззобу дилписанди Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Тӯлқин Тоҷибоев, Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Валиҷон Қодиров ва боз чанде аз овозхонҳои маъруфи ду вилояти ҳамҷавор дар партави рақсҳои дилошуби раққосони моҳир ба ин маросим шукӯҳи бештар мебахшид. 
Дар поёни маросим Раҷаббой Аҳмадзода бо камоли майл аз ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров даъват намуд, ки ҳамроҳи гурӯҳи соҳибкорон ба вилояти Суғд ташриф оварад ва дар таҷлили иди Наврӯз ширкат кунад. Мизбонону меҳмонон ҳамон гуна дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳамгироӣ бо ҳамдигар хайрухуш намуданд.
Ногуфта намонад, ки бо вуҷуди роҳандозии ин маросим дар майдони гузаргоҳи «Андархон» шаҳрвандони ду кишвар бидуни монеа ин гузаргоҳро убур мекарданд ва гоҳ-гоҳ таваққуф намуда, ин манзараи дилфиребро тамошо мекарданд. Парчамҳои ду кишвар ҳамоно аз насими форам неру гирифта, алвонҷ мехӯрданд ва парфишонӣ мекарданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: