Дар деҳаи Яккатути ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона ба маблағи 7 миллиард сӯм бинои нави клиникаи хусусӣ бунёд гардид.
Дар деҳаи Яккатути ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона ба маблағи 7 миллиард сӯм бинои нави клиникаи хусусӣ бунёд гардид. Он марбути ҷамъияти саҳҳомии масъулияташ маҳдуди “Ixlos med сentеr” мебошад.
Тавре ки ҷонишини ҳокими вилоят Файзулло Қосимов дар маросими ифтитоҳи он гуфт, ин клиника аз нигоҳи таъминот дар вилояти Фарғона беназир аст.
– Барои муҷаҳҳаз намудани клиникаи нав 3 миллиард масраф шудааст ва дастгоҳҳои он ба талаботи замон пурра ҷавобгӯ мебошанд, – изҳор намуд Қосимов.
Вай таъкид варзид, ки дар Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкам кардани саломатии аҳолӣ дар ноҳияи Бешариқ арзи вуҷуд намудани чунин бинои наву муҷаҳҳаз ҳодисаи хурсандибахш аст.
***
Дар маркази ноҳияи Ӯзбекистони вилояти Фарғона бинои нави Маркази хизматрасонии тиббии “Ideal shifo med center” сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сохтану ба истифода супурдани он 5,5 миллиард сӯмро тақозо намудааст.
Дар клиника беморон метавонанд тавассути дастгоҳҳои ташхискунандаи ЭКГ ва ЭХО худро муоина ва баъдан ба муолиҷаи он машғул шаванд. Клиника дорои 80 кати муолиҷавӣ мебошад. Лаборатория, ду дорухона, утоқҳои физиотерапия, фитобар ва фитнес дар ихтиёри беморон аст.
Баробари ба кор шурӯъ намудани ин клиника 35 нафар бо кор таъмин шудаанд. Ҷиҳати афзалиятноки клиникаи хусусӣ боз дар он мебошад, ки духтурон ба беморони сактаи қалб, бемориҳои занона, дохилӣ, асаб ва амсоли он мубталошуда низ хидмат мерасонанд. Гуфта мешавад, ки таҷҳизот ва дастгоҳҳои ин клиника барои ҷарроҳӣ намудани як идда беморон низ мусоидат менамояд ва зарурат пеш нахоҳад омад, ки ин беморон ба шифохонаи маркази вилоят интиқол ёбанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.