ДУ МАҶМӮИ ЯК СОҲИБКОР

Дар натиҷаи рушди корҳое, ки ба фароҳам овардани шароити қулай, дастгирӣ ва рағбатноксозии соҳибкорон нигаронда шудааст, дар ноҳияи Поп як қатор иншоотҳои бузург сохта ба истифода супурда мешаванд.

Аз ҷумла, аз ҷониби корхонаи “Поп номемаркет”, ки бо роҳбарии Бургуталӣ Ҳакимов бунёд гардидааст, бинои панҷошёнаи истиқоматӣ ба истифода супурда шуд. Ин бинои замонавӣ ба ҷашни истиқлол туҳфаи муносиб буда, аз 53 хонадон иборат мебошад ва ба бунёди он 22 миллиард сӯм маблағ сарф гардидааст. Инчунин, аз ҷониби ҶММ “Дармон шифо нур”, ки роҳбари он низ Б. Ҳакимов мебошад, клиникаи хусусии ҷар-роҳӣ кори худро оғоз намуд. Қимати умумии клиника 20 миллиард сӯмро ташкил намуда, дар он 30 нафар шифокору ҳамшира бо кор таъмин гардиданд. Шифохона бо ҷиҳозҳои ҷарроҳии лапароскоп, ИВЛ, МЭД, ки аз Хитой оварда шудаанд, ҷиҳозонида шудааст. 
Дар маросими ифтитоҳи шифохона ҷонишини ҳокими вилоят Ғ. Муродхӯҷаев иштирок карда, таъкид намуд, ки имрӯз ноҳияи Поп ободу бошукӯҳ гашта, мардуми он низ бо ғайрату рӯҳбаландӣ баҳри шукуфоии ноҳия меҳнат мекунанд. Онҳо худро бахтиёр ҳис мекунанд, ки дар чунин кишвари ояндааш дурахшон, мардумаш гиромидошта зиндагӣ мекунанд. Ва албатта, ба қадри чунин имкониятҳо расиданро барои авлоди оянда хотиррасон бояд кард. 

Ш. ДАМИНОВА, 
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: