ДУ МАКТАБИ НАВ ДАР НОҲИЯИ КОГОН

Навид

Дар ноҳияи Когон низ дар ин бора корҳои ҷолиби диққат ба чашм мерасанд. Наврасони деҳаи Пӯлодчӣ дар давоми солҳо дар бинои фатаротгашта таълими ибтидоӣ гирифта, барои идома додани таҳсил ба мактаби деҳаи ҳамсоя мерафтанд. Акнун ба ин ҳоҷат намонд. Тибқи Барномаи “Деҳаи обод” аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Бунёдкор Иззатулло сохтмон” ба ивази 4 миллиарду 111 миллион сӯм сармоя бунёду муҷаҳҳаз гардидани бинои нави мактаб (дорои 220 ҷой) ва толори варзишии замонавӣ орзуи деринаи падару модарон рӯйи об баромад. Ба ин муносибат маросими мутантани ба истифода супоридани таълимгоҳ ба амал омад. Иштироккунандагони чорабинӣ барои ин ғамхорӣ сипосгузорӣ карданд ва наврасонро водор намуданд, ки бо баҳои аъло хонда, бинокорони муносиби Ӯзбекистони Нав шаванд.
Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Сорғун” аз маркази ноҳия 30 километр дур аст. Аҳолии ин ҳудуд низ дар соли нави 2023 комёб гардиданд. Онҳо бо шарофати Барномаи давлатии “Деҳаи обод” ва ҳимматбаландии бинокорони корхонаи хусусии “Галаосиё сохтмон” соҳиби бинои нави мактаб (дорои 240 ҷой) ва варзишгоҳи зимистонӣ гардиданд. Барои ин қариб 4 миллиард сӯм маблағ харҷ гардид.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: