«ДУ МАРДИ КОМЁРАНД ӮЗБЕКУ ТОҶИК»

Чанде пеш дар деҳаи Тонг юлдузии ноҳияи Чинози вилояти Тошканд бахшида ба зодрӯзи Мир Алишери Навоӣ ҷашн баргузор шуд.

Ба маҳалла сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ходимони сафорат ташриф оварданд. Меҳмононро муовини ҳокими ноҳия оид ба корҳои маънавияту маърифат Насиба Қарабоева ва гурӯҳи омӯзгорону талабагон бо нону намак пешвоз гирифтанд. Сафир, даставвал бо бинои мактаб шинос шуд. Ба мактаб якчанд дона китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро туҳфа намуд. Сипас, ба бинои боғчаи бачагона даромада ҳуҷраҳои онро аз назар гузаронд ва бо ходимони он якчанд дақиқа суҳбат гузаронд.
Дар даромадгоҳи бинои Маркази миллию мадании ӯзбеку тоҷик, ки чанд сол қабл дар маҳалла қомат афрохта буд, сафир бо чанд тан аз роҳбарони деҳ ҳамсуҳбат шуд.
Ҷашни зодрӯзи шоири бузургро директори мактаб Абдуҷаббор Латипов кушода, меҳмононро хайра мақдам гуфт. Сипас чанд суруди тоҷикӣ бо рақсҳои гулдухтарони мактаб ба саҳна гузошта шуданд. Ҳамчунин дар иҷрои Муродулло Бобоназаров суруди “Ду марди комёранд, ӯзбеку тоҷик” шунида шуд. Пас аз он дастаи ҳарбиёни мактаб бо баромадҳои ҷолиби диққати худ дили ҳамаи аҳли нишастро ба завқ оварданд. Чорабинӣ ба базми байтгӯиву мушоира табдил ёфт. 
Дар хотима муовини ҳоким Н.Қарабоева ба сухан баромада, дар бораи ҳаёт ва ашъори Алишери Навоӣ ҳарф зад. 

Ҳ.СУЛТОНЗОДА,     
М.БОБОНАЗАРОВ.

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: