ДУ МИЛЛАТЕ, КИ ТАЪРИХУ ТАҚДИРАШ БА ҲАМ ПАЙВАСТААСТ

Имрӯз алоқаҳои байни халқҳоямон аз ҷиҳати сифат ба зинаи нав бардошта мешавад

Имрӯз алоқаҳои байни халқҳоямон аз ҷиҳати сифат ба зинаи нав бардошта мешавад
Маълум аст, ки мардумони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯст ва ҳамкор ба шумор мераванд. Зеро ин ду миллат нафақат аз ҷиҳати географӣ ҳамсояанд, балки таъриху тақдирашон низ ба ҳам пайвастааст.
Риштаҳои таърихии дӯстӣ ва бародарӣ дар чанд соли охир боз ҳам мустаҳкам гардидааст. Дар ин бобат хусусан иродаи сиёсии роҳбари давлатамон аҳамияти муҳим касб менамояд. Зеро дар баробари ба ваколати президентӣ шурӯъ намудан ӯ бо давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Тоҷикистон роҳи мустаҳкам намудани алоқаҳои ба ҳам муфидро интихоб намуд.
10-11 июни соли равон  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ташрифи расмӣ дар Тоҷикистон буд. Ин ташриф низ барои боз ҳам мустаҳкам намудани алоқаҳои давлатҳоямон хидмат менамояд.
Пеш аз он ки дар бобати интизорӣ аз ин ташриф таваққуф намоем, мехоҳем дар бобати муваффақиятҳое, ки давлатҳоямон дар ҳамкорӣ ба даст овардаанд, бори дигар ёдрас намоем. Аз соли 2017 дар байни роҳбарони ду мамлакат 8 маротиба мулоқоти дуҷониба ба вуқӯъ пайваст, президентҳоямон дар ҳамоишҳои байналхалқӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла 9-10 марти соли 2018 ташрифи давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба амал омада бошад, 17-18 августи ҳамон сол ташрифи давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ташкил карда шуд. 27-28 сентябри соли 2018 Президентамон дар доираи ҳамоиши Шӯрои роҳбарони давлатҳои ИДМ, 14-15 июни соли 2019 бо мақсади иштирок дар ҷамъомади Ҳамкорӣ ва чораҳои эътимод дар Осиё бо ташрифи корӣ ба Тоҷикистон рафта буд. Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон 29 ноябри соли 2019 барои иштирок дар мулоқоти машваратии дуюми роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба мамлакатамон омада буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2018 ба мамлакатамон бори аввал ташриф овард, ки онро алоҳида бояд зикр кард. Дар аснои он дар байни ҳайатҳои ду давлат масъалаҳои сиёсиву тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёт, обу энергетика ва дар дигар соҳаҳои муҳим мустаҳкам намудани алоқаҳо муҳокима гардиданд ва чун самараи ин ҳамкорӣ, дар байни давлатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ ба имзо расид. Ин дар муносибати тарафайн саҳифаи нав боз намуд. Дар давоми музокирот 28 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расид, ки ин аз ҳамон далолат медиҳад.
Ин ҳанӯз ҳамаи доираи масъалаҳо нест. Дар давраи гузаштаи кӯтоҳ роҳбарони ҳар ду давлат бисёр мулоқотҳо анҷом доданд, аз тариқи телефон суҳбат намуданд, роҳбарони ҳукуматҳо, вазоратҳо, идораҳо ва ҳудудҳои мамлакатҳо бо ҳам табодули ҳайат намуданд. Аз ҳама муҳимаш, ин анъанаи нек торафт авҷ мегирад. Дар асоси ин гуфтан мумкин аст, ки ин ҳамкорӣ барои манфиати дарозмуддати мардумони ҳар ду давлат ҷавобгӯ мебошад. Барои барқарории осудагӣ, бехатарӣ ва ҳам таъмини инкишоф дар Осиёи Марказӣ низ ин омили муҳим мегардад.
Муносибати ду мардуми қарин, ки ба дӯстии қадима асос меёбад, солҳои охир аз лиҳози сифат ба дараҷаи баланд бардошта шуд. Ҳоло дар байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон беш аз 70 муоҳида дар соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсат, маданият ва ғайра ба имзо расида, дар ҳар ду давлат низ бисёр корхонаҳои муштарак роҳандозӣ гардида, дар байни соҳибкорон бо мақсади роҳандозии робитаҳои корӣ бизнес-форумҳо баргузор мегарданд, ки ин ҳама нишондодҳои ба худ хоси алоқаҳои дӯстонаи байни халқҳоямон ба шумор меравад.
Солҳои охир дар байни ду мардум робитаҳои маданиву гуманитарӣ низ фаъол гардид. Дар пойтахтҳои ҳар ду давлат марказҳои миллию маданӣ кушода шуданд. Дар Ӯзбекистон мактабҳое сохта шуданд, ки ба забони тоҷикӣ ихтисос ёфта, дар Тоҷикистон бошад, чунин мактабҳо ба забони ӯзбекӣ ихтисос ёфтааст. Дар байни аҳли адабиёт ва санъат сафарҳои эҷодӣ, консерту намоишгоҳҳо ва анҷуманҳои мухталиф ва инчунин рӯзҳои маданият ташкил мегарданд.
Мисле ки дар тамоми соҳаҳо ба назар мерасад, дар байни давлатҳоямон табодули савдо  ба ҷониби мусбӣ тамоил дорад, ки ҳамаро мамнун месозад. Сарфи назар аз пандемия, соли гузашта робитаҳои тиҷоратӣ ба тадриҷ давом дода шуд. Агар расондани ҳаҷми амвол ба тарафи ҷонибҳо ба эътибор гирифта шавад, дар ду соли охир ба даҳ бор зиёд мегардад. Дар ин бобат воситаҳои нақлиёт ва хидматрасонӣ, маҳсулоти бофандагӣ ва пластмас ва инчунин васоили техникаи маишӣ ҷойгоҳи асосиро ишғол менамояд.
Ҷиҳати истеҳсоли ҷамъоварии техникаи кишоварзӣ, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти омодаи бофандагӣ, хӯрокворӣ ва ғайра низ муоҳида ба амал меояд, дар соҳаи энергетика ҳамкорӣ мустаҳкам мегардад. Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ мерасонад, ҳаҷми фурӯши электроэнергияи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон меафзояд.
Бинобар фикри мутахассисон, дар даврони пандемияи соли гузашта низ Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ ба нишондодҳои баланди иқтисодӣ муваффақ гаштаанд, ки ин низ натиҷаи ба худ хоси алоқаҳои боманфиати байни мамлакатҳоямон ба шумор меравад.
Ташрифи кунунии Президентамон алоқаҳои байнидавлатиро ба дараҷаи нави стратегӣ мебарорад ва ҳамкории манфиатбахши тарафайнро боз ҳам барои ривоҷ додан дари имкониятҳои навро боз менамояд ва барои ин суханон тамоми далоил вуҷуд дорад. Инро суханони Президентамон, ки дар мулоқоти ҳайати васеи роҳбарони давлат гуфта шуд, собит менамояд: «Бо кӯшиши муштарак корҳои беқиёсро ба амал овардем ва онҳо дар солномаи муносиботи тарафайн ҷой гирифт». 
Умуман, дар музокирот маълум гардид, ки ҷонибҳо дар роҳи васеъ намудани шарикии стратегӣ фикри қатъӣ доранд ва дар ин бобат изҳор медоранд, ки чораҳои дақиқ андешанд. Ин чиз аз он далолат менамояд, ки дар байни муносибати Ӯзбекистон ва Тоҷикистон куллан давраи нав оғоз мегардад.

Гавҳар АЛИМОВА,
узви Сенати Олий Маҷлис, ҳокими шаҳри Каттақӯрғони вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: