Ду мужда аз Сирдарё

СЕМИНАРИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Дар шаҳри Гулистон оид ба мавзӯи «Истифодаи оқилонаи газ – кафолати бехатарии мо» машварати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар он вакилон аз роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии «Узтрансгаз», Вазорати вазъиятҳои фавқулодда, Садорати бехатари сӯхтори ҷумҳурӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммавии ҷумҳурӣ, инчунин вакилони идораҳои дахлдори вилоятҳои Андиҷон, Фарғона, Ҷиззах, Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва шаҳри Тошканд ширкат варзиданд.
Дар машварат ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз газ, таркишу сӯхтори бо газ вобаста таҳлил гардида, дар бораи роҳу воситаҳои пешгирии чунин воқеаҳо дар саросари мамлакат маърӯзаҳои муфид шунида шуданд.
Барои иштирокдорон асбобу анҷомҳои замонавии пешгирии захролудшавӣ аз газ, сӯхтору таркиш ва ёрии таъҷилӣ ба осебдидагон намоиш дода шуд.
Мувофиқи маълумоти мудири шуъбаи сафарбарии ҳарбии Маркази илмии ёрии таъҷилии тиббии ҷумҳурии назди шуъбаи вилоятӣ Гулсум Худойбердиева дар давоми соли 2018 дар вилояти Сирдарё аз 4 оила понздаҳ нафар аз газ осеб дидаанд ва ба осебдидагон сари вақт ёрии таъҷилии тиббӣ расонида шудааст.


НИШАСТИ  МАТБУОТӢ

Дар маҷлисгоҳи Агентии садорати хизматгоҳҳои давлатии вилояти Сирдарё бо иштироки вакилони воситаҳои ахбори оммавии вилоят нишасти матбуотӣ баргузор гардид. 

Ҷамъомадро роҳбари ин идора Отабек Мавлонбердиев бо сухани муқаддимавӣ кушод. Сипас ҷонишини ӯ  Бобур Назаров дар мавзӯи «Расонидани хизматҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои тадбиркорӣ: корҳои татбиқшуда ва нақшаҳои оянда» маърӯза кард.
Маърӯзаи мушовири калони шуъбаи услубӣ ва мувофиқкунонии Оҷонсии садорати хизматҳои давлатӣ Рухсора Уралова дар мавзӯи «Чораву тадбирҳо бобати боз ҳам такмил додани кори ба қайдгирии ҳолати шаҳрвандон» буд.
Иштирокчиёни тадбир аз рӯйи ҳар ду масъала мубодилаи афкор карданд. 
Дар охири тадбир роҳбарони идораи мазкур ба саволҳои хабарнигорон бинобар масъалаҳои мавриди муҳокима посух доданд.

Т. БОҚИЕВ,
хабарнигори рӯзнома дар вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: