Ду ширкати ҳавопаймоӣ ба далели баста шудани ҳарими ҳавоии болои Эрон парвозҳоро ба Ӯзбекистон муваққатан боздоштанд

Барои дарёфти маълумоти бештар дар бораи ин парвозҳо метавонед ба намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ муроҷиат намоед.

Дар ин “UZBEKISTAN AIRPORTS” хабар додааст.

Ширкатҳои ҳавопаймоии "Flynas" ва "Qeshm Air" ба далели шадид гардидани вазъият дар Ховари Миёна ва баста шудани як қисми фазои ҳавоӣ парвозҳо ба Ӯзбекистонро муваққатан боздоштанд.

Дирӯз, 2 октябр, парвозҳои зерин бекор карда шуданд:

— KNE633/634 Ҷидда - Тошканд - Ҷидда ва KNE651/652 Ҷидда - Намангон - Ҷиддаи ширкати ҳавопаймоии "Flynas";

— QSM2143/2142 ширкати ҳавопаймоии "Qeshm Air" дар масири Теҳрон-Тошканд-Теҳрон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: