ДУ ШОХИ ЯК ДАРАХТЕМ!

Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба ноҳияи тоҷикнишини Сӯхи вилояти Фарғона ташриф овард.

Дар аввалин дидору мулоқоте, ки Раҳмонзода бо ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев дошт, тавсеаи робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ду кишвари ҳамҷавор –Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо қаноатмандӣ зикр  гардид.
– Мо шуморо ба диёри ҳамеша сарсабзу хуррам ва шукуфо, мардумонаш меҳмоннавозу заҳматписанд самимона хайрамақдам мегӯем. Аз ташрифи шумо тамоми мардуми ноҳия хушҳолу сарфароз хоҳанд шуд, зеро барои мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқати байни мардуми ду кишвар саҳми бузург мегузоред,– гуфт ҳокими ноҳия.
Вай афзуд, ки сӯхиён зимни роҳандозии чорабиниҳои гуногун дӯстони тоҷикистонии худро даъват мекунанд ва суруру хурсандии худро ҳамроҳ мегузаронанд. 
Ҳоким ёдовар шуд, ки овозхони маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов ба ноҳия ташриф овард ва бо таронаҳои ҷаззобу дилфиреб ба дили мардуми зиёд шодиву тараб бахшид. 
– Дарвоқеъ, дар 29 мактаби таълимоти умумии ноҳия таҳсил ба забони тоҷикӣ сурат мегирад. Ҳамасола барои хатмкунандагони ин мактабҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ 250 квота ҷудо карда мешавад. Дар ҳамин ҳол садҳо нафар маҳз бо ҳамин квота дар донишгоҳҳову донишкадаҳои Фарғонаву Қӯқанд, Тошканду Самарқанд, Чирчиқу Тирмиз ва амсоли он ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, – изҳор намуд Сайидмӯсоев.
Сафири Тоҷикистон барои чунин истиқболи гарми мизбонон ибрози сипос намуд ва афзуд, ки  аз аввалин рӯзҳои  шурӯи фаъолият ба ҳайси сафир орзуи дидани Сӯхи бостониро дар сар мепарварид. 
– Огоҳ ҳастам, ки мардуми ин ҷо чӣ қадар меҳрубону меҳмоннавоз ҳастанд. Дарҳақиқат, ин нуктаро аз қадами нахустини худ ба ин гӯшаи биҳиштосо ва зебову дилфиреб эҳсос намудам. Ба дастгоҳи ҳокимияти вилояти Фарғона низ ибрози минатдорӣ мекунам, ки барои амалӣ намудани ин сафар мусоидат намуд, – иброз дошт Раҳмонзода.
Ба таъкиди сафир тоҷикону ӯзбекон ду шохи як дарахт, ду шохаи як дарё ва ҳатто як себи дукафон мебошанд. Ҳарчанд онҳо ба ду забон ҳарф мезананд, як имову ишора бас аст, ки ҳамдигарро фаҳманду дарк намоянд.
– Бо иродаи сиёсии Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ду кишвари дӯсту бародар барқарор ва равуоҳо аз сар гирифта шуданд. Боиси сарфарозиҳост, ки дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои васеъмиқёс равобити ду мамлакат беш аз пеш доман фарох мекунад ва ин ҳамкориҳо ба манфиатҳои ҳарду халқу кишвар хидмат менамоянд, – таъкид варзид сафир.
Ишора гардид, ки дар натиҷаи рушди ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ даҳҳо нафар ҷавонон дар донишгоҳҳои мухталифи Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва барои онҳо тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, ҷавонони тоҷиктабори ӯзбекистонӣ дар сурати таҳсил тибқи шартнома ҳаҷми маблағеро пардохт мекунанд, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон муқаррар шудааст.
Мулоқот бо як гурӯҳ сокинони деҳаи Деҳвайрон барои сафир хеле хушҳолкунанда гардид. Онҳо ташрифи вайро ба ноҳияи дурдасти тоҷиктабор фоли нек арзёбӣ карданд ва гуфтанд, ки минбаъд низ аз ташрифи ҷаноби сафир сарфароз хоҳанд шуд. Нарзиддин Шарофиддинов, ки охири солҳои ҳафтодуми садаи гузашта Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст, иброз намуд, ки завҷааш аз шаҳри Панҷакент мебошад ва ҳарду ҳамроҳ донишкадаро хатм кардаанд. Барои ҳамин ба президентони ҳарду мамлакат сари таъзим фуруд меоварад, зеро роҳҳои баста боз гардиданду муносибатҳо дубора рӯ ба рушду нумӯъ оварданд.
Ба сафир боздид аз корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Авилон»-и деҳ таассуроти нек бахшид. Ин корхонаи дӯзандагӣ бештар аз сад нафар занону духтарони маҳаллиро ба кор таъмин намудааст. Онҳо ба дӯхтани либосҳои гуногуни тобистона машғул мебошанд.
Раҳмонзода дар минтақаи «Ҷавпая» шоҳид шуд, ки мардум то чӣ андоза ба обод намудани дашту даман ва заминҳои асрҳо бекорхобида азм намудаанд ва барои ободу зебо намудани он талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Онҳо садҳо гектар заминро обёрӣ кардаву дар теппаву адир ва бармолиҳо ниҳолҳои гуногунро парвариш мекунанд.
Сафири тоҷик баъди боздид аз ин дашту дамани ба гулистон табдилёфта ба ваҷд омад ва пешниҳод кард, ки номи онро аз «Ҷавпая» ба «Боғистон» табдил диҳанд. 
Раҳмонзода дар маросими ифтитоҳи кӯдакистоне ширкат намуд, ки ба ивази бештар аз шаш миллиард сӯм дар деҳаи Сариканда қомат афрохтааст. Вай дар зимн аз равобити ҳасанаи миёни ду кишвар бо ҳарорат ҳарф зад.
Боздиди ӯ аз мактаби рақами 29-и ин деҳа, ки як сол муқаддам ба истифода супурда шудааст ва мулоқот бо омӯзгорону донишомӯзони он хеле завқовар ба анҷом расид. Сафир ба мактаб чанд бастаи китобҳои бадеии тоҷикиро тақдим намуд ва аз фориғуттаҳсилони он даъват кард, ки метавонанд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон рафта таҳсил кунанд. 
Мактаби рақами 11 (мудираш Ҳабибҷон Ҷӯраев) аз беҳтарин муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна мебошад. Вай тавре оро дода шудааст, ки ҳар як лавҳаи овезони он аз панду андарзҳои гузаштагон иборат. Аксарияти навиштаҷот сирф ба забони тоҷикӣ сурат гирифтааст. Дар баробари ин, рамзҳои давлатии Ӯзбекистону Тоҷикистон – ба забонҳои ӯзбекиву тоҷикӣ аст.
Акси якҷояи президентон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи мактаб овезон аст ва диққати ҳар як меҳмон пеш аз ҳама ба он ҷалб мегардад.
Дар ин мактаб меҳмонро бо таронаҳои марғуби тоҷикӣ овозхони маҳаллӣ Неъматҷон Ҳомидов истиқбол гирифт. Ба дунболи он як гурӯҳ донишомӯзони мактаб хеле бомаҳорат шеъру ғазалхонӣ карданд. Ҳувайдо буд, ки шогирдони ин маскани илму дониш пеш аз ҳама забони модарии худро хеле хуб меомӯзанд, инчунин аз мероси адибони тоҷик шеъру ғазалҳои зиёдро аз ёд медонанд. 
Шоми 1 июн бахшида ба  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар осоишгоҳи тобистона, воқеъ дар соҳили дарёи шӯхи Сӯх, чорабинии калони фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он аз ҷамоатҳои маҳаллаҳои гуногун кӯдакон бо падару модар ва тарбиячиёни худ гирдиҳам омаданд. Раҳмонзода ва ҳокими ноҳия кӯдаконро бо идашон табрику шодбош гуфтанд. Баъд зери суруду мусиқии гуворо ҳама якҷоя рақсу хурсандӣ карданд.
Дар заминаи таваҷҷуҳи хоси сарвари давлатамон корҳои зиёд ба анҷом мерасанд, ки баҳри таъмини шуғли аҳолӣ бо роҳи азхудкунии заминҳои навкорам сурат гирифта, ба фаровонии зиндагии мардум нигаронида шудаанд. Яке аз чунин корҳои азим дар минтақаи «Қайроқ» бо  азхудкунии қариб 1 ҳазору 500 гектар замин амалӣ мешавад. Соли гузашта дар ин минтақа як насоси обкашӣ бо ду марҳила сохта шуда, тавассути он ба баландии 211 метр об кашида шуд. Дар натиҷа зиёда аз 1 ҳазору 440 гектар замин  обёрӣ гардид. Ҳоло дар масоҳати 200 гектари он буттамеваҳо шинонидаву парвариш карда мешаванд..
Сафир аз ин минтақа боздид кард ва ба ҷасорати аҳли меҳнат тасанно хонд. 
Сафир ба корхонаи ҶДММ «Мирзоқурбон» ташриф овард, ки ба истеҳсоли хишти пухта ихтисос дода шудааст. Иқтидори шабонарӯзии он 60 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, дар корхонаи мазкур истеҳсоли мебелҳои хушсифат низ ба роҳ монда шудааст.
Суҳбату дидор бо собиқ корманди Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Институти такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон Бегалӣ Болтаев хеле хушоянду хотирмон буд. Б. Болтаев баъди хатми Донишкадаи омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров барои кор ба ноҳияи Ғарм фиристода шудааст. Баъд ӯро ба вазорати маориф ба кор даъват кардаанд. Ӯ дар вазорат бештар аз умри се даҳсолаашро сипарӣ намудааст ва соҳиби мукофотҳои зиёди давлатӣ шудааст. 

Анвар ҶӮРАЕВ,
котиби матбуоти 
ҳокимияти ноҳияи Сӯх.
Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: