ДУ ТОРИ ЯК ДУТОРАНД ӮЗБЕКУ ТОҶИК

Робитаҳои фарҳангӣ ва иқтисодии Ӯзбекистону Тоҷикистон рӯз аз рӯз густариш меёбад.

Чанде қабл бо ҳамкории Иттифоқи композиторон ва оҳангсозони Ӯзбекистон, сафорати Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар толори Иттифоқи композиторону оҳангсозон ва толори арғунуни Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон таҳти унвони «Насими дӯстӣ»  бахшида ба 30-солагии роҳандозии робитаҳои дипломати байни Тоҷикистону Ӯзбекистон консерт баргузор шуд, ки ин гуфтаро тасдиқ менамояд.
Дар чорабинии фарҳангие, ки ду рӯз идома пайдо кард, Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси Иттифоқи композиторон ва оҳангсозони Ӯзбекистон Рустам Абдуллоев, раиси композиторони Тоҷикистон Амирбек Мӯсоев, композиторон ва ҳунарпешагони номии ду ҷумҳурӣ, устодон ва донишҷӯёни консерватория ва алоқамандони савту суруд иштирок намуданд.
Вақте сухан аз дӯстиву бародарӣ ва қаробати ду халқи бумии Осиёи Марказӣ меравад, ибораҳои мумиёии «як халқе, ки бо ду забон ҳарф мезананд», «ду соҳили як дарё», «гӯшту нохун», «ду сатри як ғазал» ... истифода мешаванд. Шояд аз он, ки чорабинӣ соҳавӣ буд, дар он ибораи «ду тори як дутор» бештар ба забон гирифта шуд.
Сафир А. Раҳмонзода дар баромади худ изҳор дошт, ки халқҳои тоҷику ӯзбекро таъриху арзишҳои муштарак ва ҳамсоягии нек, ки дар тӯли таърих борҳо аз имтиҳон гузаштааст, ба ҳам мепайвандад.
Композиторон ва мусиқорони саршиноси Тоҷикистону Ӯзбекистон Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев, Зиёдулло Шаҳидӣ, Шарофиддин Сайфиддинов, Талабхоҷа Сатторов, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Хайрулло Абдуллоев, Толиб Шаҳидӣ, Заррина Миршакар, Мухтор Ашрафӣ, Собир Бобоев, Ғафур Қодиров, Мутаваккил Бурҳонов, Мустафо Бафоев, Талабҷон Содиқов, Сулаймон Юдаков, Сайфӣ Ҷалил, Шариф Рамазонов, Собир Каримҳоҷӣ, Рустам Абдуллоев ва дигарон осори нодире офаридаанд, ки дар онҳо анъанаҳои мусиқии тоҷику ӯзбек бо шаклу мазмуни нав идома пайдо кардааст.
— Мусиқӣ халқҳоро муттаҳид месозад, ба ғановати дунёи ботинии онҳо меафзояд, — гуфт дар идомаи суханаш сафир. — Бо саъю кӯшиш ва иродаи сиёсии сарони ду кишвар — муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик саҳифаи нав боз гардид. Мо итминон дорем, ки дӯстиву бародарии халқҳои мо беш аз пеш таҳким меёбад.
— Имрӯз ид аст — иди муҳаббату дӯстӣ ва бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек. Ба имзо расидани Меморандуми ҳамкорӣ байни иттифоқҳои оҳангсозони ҳарду ҷумҳурӣ ҳодисаи масарратбахш аст. Мо композиторони ду ҷумҳурӣ дер боз инро интизор будем, —изҳор дошт Рустам Абдуллоев. — Халқҳои тоҷику ӯзбек, ба қавле, ду тори як дуторанд, ки бе ҳам буда наметавонанд. Дӯстиву бародарӣ ва муштаракоти арзишу анъанаҳои мо аз қаъри асрҳо — «Авасто»-ву Борбади Марвазӣ сарчашма мегирад. Дар тӯли солҳои истиқлол композиторони ӯзбеку тоҷик осори гаронбаҳои мусиқӣ офариданд. Вақти он расидааст, ки аз дастовардҳои якдигар баҳра барем, таҷриба иваз кунем. Меморандум ҳамкориҳои густурдаи моро дар худ таҷассум намудааст.
Рӯзи аввал дар толори консерт асарҳои композиторони номӣ Қудратулло Яҳёзода — «Хаёлот», Рустам Абдуллоев — «Пазмонӣ», Фирӯз Баҳор — «Ишқи ман», Абдураҳмон Тошматов — «Экспромт», Ҳабибулло Раҳимов — «Дутор — фантазия», Амирбек Мӯсоев — «Мақом-достон», Зиёдулло Шаҳидӣ — «Муҳаббат», Акмал Сафаров — «Фантазия» садо доданд.
Рӯзи дуюм дар толори арғунуни Консерваторияи Ӯзбекистон, дар ҳузури мутахассисони соҳа ва  тамошобинони зиёд асарҳои Фазлиддин Шаҳобов (Тоҷикистон) — «Интизорӣ», Б. Гиенко (Ӯзбекистон) — «Рубоии № 3, 4», Шарофиддин Сайфиддинов (Тоҷикистон) — «Республикаи ман», Рустам Абдуллоев (Ӯзбекистон) — «Нолаи Хиросима», Амирбек Мӯсоев (Тоҷикистон) — «Прелюдия», Зиёдулло Шаҳидӣ (Тоҷикистон) — «Республикаи ман», М. Отаҷонов (Ӯзбекистон) — «Оҳанрабо», Дамир Дӯстмуҳаммадов (Тоҷикистон) дуэти «Лайлӣ ва Ҳайдарбек» аз операи «Қишлоқи тиллоӣ» дар иҷрои ҳунарпешагон Шарофат Усмонзода, Амонуллои Нурулло, Севинч Боқиева, Ҳоҷиакбар Ҳасанов, Раҳим Мирзокамолов, Васила Умарова, Шаҳзод Аҳмедов садо доданд.
— Дар ин чорабинии муҳим композиторон ҳунари худро дар сатҳи олӣ намоиш доданд. Маълум мешавад, ки ҳамкасбони тоҷик дар тӯли солҳои истиқлол ҷустуҷӯҳои арзишманд анҷом додаанд. Дар ин гирдиҳамоӣ мо бо ҳам ошно гардидем, дӯст шудем. Таҷриба нишон медиҳад, ки дарахти дӯстӣ ҳамеша меваи дилхоҳ ба бор меоварад, — гуфт дар суҳбат бо мо ҷонишини раиси Иттифоқи композиторон ва оҳангсозони Ӯзбекистон, Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон Ҳабибулло Раҳимов.
— Мо дар Консерваторияи давлатӣ шоҳиди он гардидем, ки дар ин бинои муҳташам барои омӯзгорон ва донишҷӯён шароити хуби таълиму тадрис фароҳам оварда шудааст. Тӯли ду рӯз бо осори офаридаи ҳамкасбон ошно гардидем, хеле пешрафт эҳсос мешавад. Бешубҳа, чунин гирдиҳамоиҳо имкон медиҳанд, ки мо аз якдигар гирумон омӯзем ва дар ин бахши ҳунар бештар комёб гардем. «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир», фармудааст шоир. Мо дар навбати худ ҳамкасбони худро дар Душанбе интизор хоҳем монд, — таассуроташро ба ҳам дид Амирбек Мӯсоев. 
Дар поёни чорабинӣ ба композиторон ва иҷрогарони ҳар ду ҷумҳурӣ  «Ташаккурнома»-ҳои Иттифоқи композиторон ва оҳангсозони Ӯзбекистон супурда шуд. Китоб пурбаҳотарин туҳфа аст.  А. Мусоев барои баҳрабардорӣ ба китобхони Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон китобҳои композиторони тоҷикро, ки тӯли солҳои охир чоп шудаанд, супурд. 
Мизбонон низ ҳамкасбони тоҷикистонии худро бо чанд нусха китоби хонданӣ сарафроз гардонданд.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Дар акс: ҳунарпешаи хушадои Тоҷикистон Шарофат Усмонзода ҳангоми ҳунарнамоӣ.

Аксбардор: Р. АТОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: