Дар дунё мамлакатҳо бисёранд.
Ҳар як кишвар барои худ беҳамтост. Баҳри ман Ватанам – Ӯзбекистон чу модар азизу мӯътабар аст. Зеро маро чу фарзанди арҷманд ба камол расонд. Чи хеле ки модар ҳамаи фарзандонашро бо як чашм мебинад, Ӯзбекистон низ зиёда аз сад вакилони миллатҳое, ки дар ин кишвари маҳбуб зиндагӣ мекунанд, дӯст медорад. Ман ҳамчун як намояндаи миллати тоҷик мефахрам, ки ба ҳамаи миллатҳо эътибори дучанд зоҳир карда шуд. Дар натиҷаи ин имкониятҳо дар мактаби миёна бо забони тоҷикӣ таълим гирифта, дар бахши тоҷикии факултети филологии Донишкадаи давлатии омӯзгории вилояти Тошканд таҳсил намудам. Ҳоло дар мактаби миёнаи рақами 13-уми деҳаи Варзик аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс медиҳам. Ҳамчун ҳамсол ва ҳамқадами Истиқлол аз ҳар як муваффақияти Ватани азизам мефахрам.
Имрӯз ба забони тоҷикӣ низ китобҳои дарсӣ ва адабиётҳои бадеӣ нашр мегарданд.
Аз азал халқҳои ӯзбеку тоҷик ёру бародар. Дӯстии Ҷомиву Навоӣ ба дӯстиву рафоқати ин халқҳо мисоли равшан аст. Шоир Илҳоми Насафӣ гуфтааст:
Ду халқи аз азал ёру бародар тоҷику
ӯзбек,
Ду қавми босаодат, покгавҳар тоҷику
ӯзбек.
Зи Ҷомию Навоӣ реша дорад
дӯстии мо
Ду ҳамтақдиру ҳамдил, шеърпарвар
тоҷику ӯзбек.
Ин ду халқ гарчанд бо ду забон ҳарф мезанад, мақсадашон муштарак, ҳамфикру ҳамҷиҳат ва якдил мебошанд. Урфу одат ва анъанаҳои онҳо низ як хел аст.
Бигузор, дӯстии халқҳо поянда бод. Дар ин диёри фирдавсмонанд дӯстии миллатҳо боз ҳам мустаҳкам гардад. Истиқлолияти Ватанамон пойдор бошад.
Рисолат АБДУҶАББОРОВА,
муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷики
мактаби рақами 13-уми
ноҳияи Чуст.
Вилояти НАМАНГОН.